logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ
МУАММОИ «НАВРӮЗ»
1. «Ба баҳори нав  расидам, зи *** шукр гӯям». 2. Навъи санъат. 
3. Хӯроки наврӯзӣ. 4. Рамзи сулҳ. 5. Ҳодисаи табиат, ки одатан пас аз боридани борони баҳорӣ рӯй медиҳад. 6. Гул. 7. Сабзавот. 8. Зодгоҳи Бобоҷон Ғафуров. 9. Гиёҳи бӯиданӣ ва хӯрданӣ. 10. Навъи ширинӣ. 
11. Миллат. 12. Хазинаи  дониш. 13. Асари Саъдӣ. 14. Хӯрокро хуштаъм мегардонад. 15. Паранда. 16. Қутбӣ ***, Шоири халқии Тоҷикистон. 17. Шахси ба дил наздик. 18. Сафед, сиёҳ, сурх. 
19. Масолеҳи суманак. 20. Ҳаммаънои давлат. 21. Каллапӯши миллӣ. 
22. Гиёҳи давоӣ. 23. Кӯҳ дар Эрон, ки гӯё Наврӯз бори аввал он ҷо ҷашн гирифта шудааст. 24. Асбоби мусиқии зарбӣ. 
25. Гул. 26. Мева. 27. Асбоби мусиқии торӣ. 28. Маркази давлати Сомониён. 29. Муқобилмаънои зуд. 30. «*** омаду боз бар сари сабза гирист» (Хайём). 31. Ҳодисаи табиат. 
32. Асъори хурди миллӣ. 33. Ҷонишини шахсӣ. 34. Асари Павел Лукнитский. 35. Ҷирми осмонӣ. 36. Он, ки оҳанг меофаринад. 37. «Вис ва  ***». 38. Иди байналмилалӣ. 
39. Яке аз унсурҳои мавҷудияти ҳар миллат. 
40. Ҳаммаънои номус. 41. Санги қиматбаҳо. 
42. Муродифи шафқат. 43. Макони илму донишомӯзӣ. 
44. Шумораи миқдорӣ. 45. Муродифи мизон. 
46. Исми маъмулии мардона. 47. Нашриёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 48.  Навъе аз оҳангҳои «Шашмақом». 
49. Аломати номуайянӣ дар математика. 50. Таоми наврӯзӣ. 51. Моеи хушбӯй. 52. Синоними «ташаккур». 53. Дар он нон мепазанд. 54. Шакли геометрӣ.      
Мураттиб  Мунира САИДАҲМАДОВА,
сокини шаҳри Хисор
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК», АЗ 12 МАРТИ СОЛИ 2021:
1. Журнал, 2. Улуғзода, 3. Рӯзноманигор, 4. Наврӯз, 5. Аҳмад, 
6. Ла-Газета, 7. Искандар, 8. Садриддин, 9. Тоҷикистон, 10. Интернет, 11. Когон, 12. Азамат.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
189 МИЛЛИОН ТАМОШОГАРИ МАНИЖА
камназиртарин нишондоди Евровидение
Номи гулдухтари тоҷик Манижа Сангин, ки бо сурудани таронаи «Бонуи Россия» («Russian Woman») ба «Евровидение-2021» раҳ ёфт, ин шабу рӯз вирди забонҳост. Навори суруди Манижа дар Ютюбканали Евровидение аз пурбинандатаринҳо буда, онро дар муддати кӯтоҳ 189 миллион кас тамошо кардааст.
Масъулони ҷашнвора ва маъруфтарин чеҳраҳои санъат изҳор доштаанд, ки чунин нишондод дар таърихи Ютюбканали барнома беназир аст.
Манижаи чаканпӯш дар яке аз суҳбатҳои худ изҳор дошт, ки аз тоҷик буданаш ифтихор мекунад ва азм дорад, ки дар озмун маҳорати баланд нишон медиҳад. 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Пас, ба ин бечора гуфта мешавад, ки аз он чи зикр намудем, холӣ бошӣ, ба ин дар даромада, оби софро тира намуданат чист? Ҳеҷ ҷурме аз ҷурми марде бузургтар нест, ки каломи ҳарф чида мегирад, пас онро омехта менамояд, онҳоро ба ҳикояҳо табдил  сохта, назди қавме бо нақли он худро зинат медиҳад ва роҳи онҳоро барояшон кӯру сайрашонро табоҳ месозад.
* * *
Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат,
Ногаҳ биравад зи тан равони покат.
Бар сабза нишин ба коми дил рӯзе чанд,
З-он пеш, ки сабза бардамат аз хокат.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 12 МАРТИ СОЛИ 2021:
Кароматуллои Мирзо,  Муҳаммад Ғоиб.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Бадмасти оворагард, ки покашол сари китфи ду нозири пулис ба ҳушёрхона мерафт, ногоҳ ба худ омада, ба гап медарояд:
- Медонам, ки маро мурданак мезанед. Барои ҳамин, пешакӣ гуфта монам, ки зарби мушт ба ҷигари бе ин ҳам нокораи ман баробари 400 грамм арақи русӣ зиён мерасонад. Чӣ мешавад, ки ба ҷои мушт ба ман арақ резед. Аз ду сар мақсади шумо зарар расондан аст-ку. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ҚАДИМТАРИН КИТОБ 
Куҳантарин китоб дар шакли маъмулӣ – кодекси Синай мебошад, ки ба асри IV эраи мо рост меояд. 43 саҳифаи аввали кодексро олими олмонӣ Константин Тишендорф соли 1844 дар китобхонаи маъбади Еленаи Муқаддас дар-ёфт. Боз 86 саҳифаи дигарро дар натиҷаи ҷустуҷӯи мақсаднок пайдо намуда, дар Аврупо интишор кард.
Ӯ хост ба маъбад баргардад ва боқимонда саҳифаҳои китобро барад, аммо роҳибҳо ӯро нагузоштанд, ҳатто, рӯи саҳифаҳоро бубинад. Ба ин кор Императори рус Александр II дахолат карда, 9 ҳазор рубл пардохт намуд ва Тишендорф саҳифаҳоро ба Россия бурд.
То соли 1933 кодекси Синай дар Китобхонаи миллии императорӣ дар Россия қарор дошт. Баъдан, онро ба осорхонаи Британияи Кабир  бурданд. Ҳоло 347 саҳифаи ин китоб чор молик дорад, ки инҳо Китобхонаи миллии Россия, осорхонаи Британия, Донишгоҳи Лейпсиг ва маъбади Еленаи Муқаддас мебошанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ЧАРО ФУТБОЛБОЗОН ҚАБЛ АЗ БА БОЗӢ БАРОМАДАН НАВШОДИРРО БӮЙ МЕКУНАНД?
Ҳангоми тамошои футбол мушоҳида менамоем, ки футболбозон қабл аз ба майдон баромадан навшодирро мебӯянд. Ин ҳолатро бештар  дар бозии дастаҳои  Россия дидан  мумкин аст. Ба ёд оред, Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли  2018 – ро. Футболбозони мунтахаби  Россия аз ин  усул  истифода мебурданд ва мавриди муҳокимаи ВАО ҳам,  гардида буданд.
Вале ҳақиқати ҳол ин аст, ки анъанаи мазкур ҳанӯз дар замони  Иттиҳоди Шӯравӣ роиҷ буд. Бӯи навшодир тез аст ва организмро ба ҳолати стресс медарорад. Ангезандаи луоби пардаи бинӣ мебошад, инчунин, рагҳои роҳи нафаскашӣ ва маркази майнаро таҳрик медиҳад. Тамаркуз ва таваҷҷуҳро меафзояд.
Ин усули  иҷозатдодашудаи рӯҳафзоист. 
Таҳияи  Раҷабалӣ  ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
БУЗУРГӢ БА ХИРАД АСТ…
МИХАИЛ ШОЛОХОВ  (1905 -1984)
Барои ҷавони 23 - сола эҷоди асари «Дони ором» қариб, ки боварнокарданист, зеро роман дар бораи ҳодисаҳои пурандуҳу хунини таърихи Россия иншо шудааст. Дар он Инқилоби якуми ҷаҳонӣ, ҷанги гражданӣ, ҳазорон образ, ки хислати ҳар кадоми онҳо хеле табиию боварибахш баромадааст, хонандаро мутаассир менамояд. Тааҷҷубовар аст, ки муҳтавои мундариҷаи асар ба тафаккури фарди эҷодкоре рост меояд, ки умрдидаю таҷрибандӯхта бошад. Ғуссахӯрии қаҳрамонҳо дили хонандаро ба риққат меоваранд, ки мундариҷаи асарро ниҳоят барҷаста нишон медиҳад. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ҲИНДУСТОН
МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ ПУЛСоли 2008 бо ташаббуси омӯзгори ғайрикасбӣ Раҷеш Кумар дар зери яке аз пулҳои роҳи оҳани пойтахти Ҳиндустон – Деҳлӣ барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат муассисаи таълимӣ кушода шуд. 
Номи он Free School under the bridge (Мактаби ройгон дар назди пул) буда, дар байни сутунҳои азими рақами 5 ва 6-и метрои рӯизаминии Деҳлӣ, дар соҳили рӯди Ҷамна, ҷойгир аст. 
Дар муассиса Раҷеш Кумар аз фанни забони ҳиндӣ, хониш ва ҳамкори ӯ Лакшми Чандра аз фанни риёзӣ, забони англисӣ ва ғайра дарс мегӯянд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
Фактҳои ҷолиб дар бораи мактаб
Дар Австралия зичии аҳолӣ хеле кам аст, аз ин рӯ, на дар ҳамаи минтақаҳои  он мактаб вуҷуд дорад. Аммо ҳукуматдорони ин кишвар роҳи ҳалли ин  мушкилро низ ёфтаанд. Онҳо кӯдаконеро, ки аз мактабҳо дур зиндагӣ мекунанд, ба воситаи радио таълим медиҳанд. 
***
Дар Хитой барои хонандагон вазифаи хонагӣ дар ҳаҷми калон пешниҳод мегардад. Бинобар ин, аксари муҳассилин барои иҷрои вазифаи хонагӣ шабро дар мактаб рӯз мекунанд ва танҳо рӯзҳои истироҳат ба хона мераванд.
***
Мактаби ибтидоии шаҳри Алпетии Италия дар ҷаҳон хурдтарин ба шумор меравад. Дар он ҳамагӣ як хонанда таҳсил мекунад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
Аз таърихи  «THE WALT DISNEY  COMPANY»
Уолт Дисней, рассом, продюссер ва  режиссёри амрикоиест, ки бо заҳматҳои сангине кӯшидааст худро аз зиндагии фақиронаву камбағалона  раҳонад. 
Ӯ аввалин созмондиҳандаи филмҳои пурраметражи тасвирии мусиқавӣ дар таърихи синамои  Амрико маҳсуб  меёбад, ки муваффақиятҳои беназиреро дар ин ҷода  ба даст овардааст. Мероси гаронбаҳои боқимондааш ӯро дар миёни ҳунарпешагони синамо маъруф гардондааст. Ҳангоми дар ҳаёт  будан  тариқи ширкати филмофарӣ  «Walt Disney»   700 филми тасвириро  ба навор гирифта, 29 ҷоизаи Оскар ва 4 «Эмми» ва дараҷаҳои ифтихории  донишгоҳҳои  Йелск ва Ҳорвардро мушарраф гардидааст. Ҳукумати Амрико  хидматҳои ӯро дар соҳаи  филмофарии тасвирӣ ба эътибор гирифта,  вайро бо медали «Барои Озодӣ» қадр намуд. Ҳамчунин, дар гулгашти шарафи Ҳолливуд ду ситора ба ифтихори Уолт Дисней   побарҷост.  
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
ҲАМЕША ДАР КАНОРИ ҲАМ
Модар ва падар одатан писари худро дар вақти таътил ба назди бибиаш мебурданд. Вақте ӯ ба воя расид, ба волидонаш мегӯяд: «Ман, аллакай, калон шудаам, худам ба назди бибиям меравам».
Волидон ноилоҷ розӣ шуданд. Ҳангоми гусел падараш мегӯяд: «Писарам, агар ногаҳон худро нороҳат ҳис кунӣ ё ҳаросон шавӣ, ин барои ту...» ва ба ҷайбаш чизе мегузорад. Писар дар вагон нишас-та, ба ҳар тараф нигоҳ мекард. Дар атрофаш одамон, ношиносон ҳастанд, тела доданд, садо бароварданд, роҳбалад ба ӯ норозиёна, бо эрод сухан гуфт. Касе низ бо норозигӣ ба ӯ нигарист ва бача худ-ро нороҳат ҳис мекард. Ҳар вақте ки ҳаракатҳои ногувор ба чашмаш мерасид, сахттар метарсид, хам шуда дар кунҷе пинҳон мешуд, ашк мерехт. Ин замон чизи дар ҷайбаш гузоштаи падар ба ёдаш расид. Бо дасти ларзон коғазеро ҷуст, ки ин навиштаро дошт. «Писарам, ман дар вагони ҳамсоя ҳастам». 
Ҳамин тавр, мо бояд дар зиндагӣ озод фарзандонамонро бимонем, бо эътимод ба онҳо роҳ диҳем. Ҳамеша дар вагони ҳамсоя бошем, то кӯдакон натарсанд.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
ПОЙТАХТИ САБЗИ АВРУПО ДАР СОЛИ 2021 
Шаҳри Лахтии Финляндия расман пойтахти сабзи Аврупо эълон шуд. Шаҳрро, ки  зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ дорад, ҷиҳати муваффақ шудан ба сохтани иқтисоди силсилаи сарбаста: ҳоло дар он ҷо 97 дарсади партовҳоро коркард ва ё такроран истифода мебаранд, ғолиб донистанд. Ғайр аз ин, ҳайати ҳакамон саҳми шаҳрро дар барқарорсозии кӯли Весиярви, ки Лахти дар соҳили он қарор дорад, баланд баҳогузорӣ карданд. Ҳамчунин, шаҳр бо оби лӯлагузари мусаффояш дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ёдовар бояд шуд, ки унвони пойтахти сабзи Аврупо аз ҷониби евроҳакамон аз соли 2008 эълон мегардад. Ин ҷоизаро танҳо шаҳрҳое, ки зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ доранд, метавонанд соҳиб шаванд. 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
МЕДАЛ "БАРОИ БАДМАСТӢ"
Пётри I ҳарчанд худаш аз нӯшидани шароб парҳез надошт, вале бадмастиро таҳаммул намекард. Бинобар ҳамин, барои паст кардани шиддати арақхӯрӣ бо як амри ғайриодии худ медал «Барои бадмастӣ»-ро таъсис дод. 
Тибқи амри шоҳ, ҳар нафаре, ки аз меъёр зиёд нӯшида, маст мешуд, медалро бо занҷири ғафс дар гарданаш меовехтанд. Бо назардошти он ки медал ҳафт килограмм вазн дошту давоми 168 соат бояд дар гардани бечора овезон меистод, азоби бадмаст, албатта, тасаввурнопазир аст. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
КИНОТЕАТР ДАР БАЙНИ БАҲР
Дар ҷазираи Куду наздикии ҷазираи Пхукет (Таиланд) кинотеатри "Cinema" ҷойгир аст. Офарандаи ин шоҳкор меъмори маъруфи олмон Оле Ширен мебошад. Он дар баҳр, дар халиҷи хурду зебо ҷойгир аст. 
Кинотеатри аҷиб дорои экрани васеъ буда, дар он филмҳо намоиш дода мешаванд ва онро ду санги азим аз мавҷҳои баланди баҳр муҳофизат мекунад. Курсиҳои тамошобинон чунон сохта шудааст, ки дар ҳар шакле, ки хоҳед, истифода мебаред. Деворҳои толор кӯҳҳои нишеби ҷазираҳои баҳрӣ мебошанд, ки бо рустаниҳои тропикӣ иҳота шудаанд. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
Марк Энтони
ҚАТОРАИ УМР
Зиндагӣ саёҳат бо қатора аст. Бо истгоҳҳо, дигаргуниҳо ва ҳатто садамаҳои ногаҳонӣ.  Аз рӯзи таваллуд бо падару модар савораи онем, бо он фикр, ки ин сафар доимист. Аммо берун аз хостаҳои мо, онҳо дар яке аз истгоҳҳо фуруд меоянд ва мо роҳро танҳо идома медиҳем. 
Бо гузашти вақт, ҳамсафарон иваз мешаванд. Баъзеашон то охири роҳ  бо мо мемонанд. Бо рафтани дигаре барои ҳамеша ҷояшон дар канорамон холӣ мемонад. Гоҳо фаромадани якеро ҳатто пайхас намекунем. Дар сафар бо хурсандӣ, ғаму андуҳ, умеду интизорӣ ва хиёнату бевафоӣ ҳам вомехӯрем. Баъзан мехоҳем аз ин қатора ба дигаре нишинем, вале меҳри як зумра ҳамсафарон ба ин монеъ мешавад.
Асрори ин сафар дар он аст, ки кай ва дар кадом истгоҳ фаромаданро намедонем. Аммо ин муҳим нест, муҳим он аст, ки мо ин сафарро чӣ гуна мегузаронем, чӣ бардоште аз он мегирем. Зеро вақте навбати рафтани мо мешавад, ҳамсафарон моро бо эҳсоси хубе гуселондаву як лаҳза аз ҷои холиамон андешанд…    
Тарҷумаи ШОҲОНА
 
 
ТАВСИЯ ВА ҲИКМАТҲО АЗ БЕНҶАМИН ФРАНКЛИН
Танбалӣ чунон оҳиста тор метанад, ки нодорӣ онро зуд дармеёбад.
***
Агар сарватманд шудан хоҳед, на танҳо ба даст овардани онро омӯзед, балки сарфакор буданро ҳам.
***
Шиша, зарф ва некномӣ ба осонӣ рах пайдо мекунанд ва ҳеҷ вақт дигарбора барқарор намешаванд.
***
Сармоягузорӣ ба дониш ҳамеша даромади бештар медиҳад.
***
Барвақт хобидан ва барвақт бархостан амалест, ки инсонро солим, доро ва доно мегардонад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2021    №: 57    Мутолиа карданд: 1141
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед