мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Аксел Шиммелпфенниг
12 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили татбиқи барномаи ҳамкорӣ барои соли 2010 ва барномаи дарозмуддат, нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, механизми маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.
Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг Тоҷикистон дар соли 2009 барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба натиҷаҳои хуб расид ва дар соли 2010 низ нишондодҳо умедворкунандаанд. «Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон бояд ба 4% расад», таъкид дошт роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор.
Гуфтугӯйи судманд оид ба механизми маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва таъсири он ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар сурат гирифт. Аксел Шиммелпфенниг аз он ки миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба асосноксозии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши таъсири экологии нерӯгоҳи Роғун санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки зери назари Бонки ҷаҳонӣ гузаштани лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти бузург эътимоднокии онро афзун менамояд. «Баъди омода гаштани ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун Бонки ҷаҳонӣ метавонад ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ баҳри маблағгузории сохтмони он кӯмак расонад».
Дар робита ба монеъ шудани Ӯзбекистон ба рафтуомади озоди қатораҳои Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг аз ҷумла изҳор дошт: «ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон аъзои Хазинаи байналмилалии асъор мебошанд ва яке аз шартҳои асосии узвият ба ин хазина дастгирии тиҷорати озод аст. Аз ин хотир ин масъаларо мо бо Ӯзбекистон низ баррасӣ карда, ба ҳалли мушкилот мусоидат мекунем».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
* * *
Аксел Шиммелпфенниг, роҳбари ҳайати Хазинаи байнлмилалии асъор оид ба Тоҷикистон, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки дар сӯҳбат бо Ҷаноби Президент масоили дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
-Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми содироти молу маҳсулот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 45 дар сад афзуда, маблағҳои воридотӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 14 фоиз зиёд шуд, ки дар рушди иқтисоди мамлакат таъсрири мусбат дорад, - изҳор дошт Аксел Шиммелпфенниг. ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни сӯҳбат бо Президент мо масъалаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикии кишварро баррасӣ намуда, дар иртибот ба татбиқи барномаҳои энергетикӣ ва афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар ишора кардем.
Яке аз вазифаҳои асосии Хазинаи байналмилалии асъор ҳифз ва мусоидат дар рушди тиҷорати озод аст. Аз ин рӯ, мо талош хоҳем кард, ки дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷорати байналмилалии кишварҳо монеа вуҷуд надошта бошад. Мавсуф таъкид кард, ки ХБА мушкили таҳвили молу колои Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани Ӯзбекистонро ба миён гузошта, дар бартарафсозии маҳдудиятҳо мусоидат хоҳад кард.
Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1859