logo

иҷтимоиёт

НАВРӮЗ. НИГОҲИ НАВ БА ИДИ КУҲАН

Наврӯз яке аз падидаҳои равшантарини фарҳанги қадимаи халқҳои ориёинажод буда, доир ба пайдоиш ва шукӯҳу шаҳомати ин оини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, бахусус дар “Авасто”, “Бундаҳишн”, “Дарахти асурик”, теъдоди зиёди адабиёти паҳлавӣ, баъдҳо дар “Шоҳнома”-и Абумансури Дақиқӣ ва пас аз он дар “Шоҳнома”- и Абулқосими Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия” - и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор” - и Гардезӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва сарчашмаҳои дигари муътамад маълумоти фаровон оварда шудааст. 
 
Дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯз шарҳ дода шудааст. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзондааст, шаҳре бо номи Астахр барпо намуда ва онро пойтахт қарор додааст. Пас аз ин рӯйдод мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонда, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд. 
Дар китоби «Таърихи бинокунӣ» (садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ - қамарӣ) бошад, дар мавриди бунёдкориҳои Ҷамшед низ ишорае ҳаст: «Ҷамшед шаҳри Астахрро иморат кард ва саройи бузург дар вай бисохт ва сутунҳои вай мондааст ва онро чиҳил манор хонанд ва Ҷамшед дар таҳвили Офтоб ба нуқтаи ҳамал дар он сарой бар тахт биншаст ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳод».
Донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ мегӯяд, ки Худованд дар рӯзи Наврӯз нуру рӯшноиро офарид ва баъзе муаллифони дигар бар онанд, ки Наврӯз рӯзест, ки фалак ба гардиш оғоз намудааст. Файласуфи тоҷик Акбар Турсон дар мақолаи пажӯҳишии худ бо унвони “Пайвандгари наслҳо ва аслҳо” навиштааст, ки “Наврӯз қадимтарин дар ҷаҳон ҷашни соли нав аст; решаи таърихии онро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан мебояд. Боиси тааҷҷуб нест, ки ҳатто Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин ситораҳои осмони ҳафтуми илмҳои дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши Наврӯз ба забони устура ва ривояти динӣ ҳарф зада, таърихи онро аз аҳди Каюмарс, яъне аз худи оғози офариниши одам сар кардаанд”.   
Аз катибаҳо бармеояд, ки бо ҳидояти худои ягона-Аҳурамаздо оташи муқаддас тавассути муъбадон дар ин даргоҳ ҳеҷ хомӯшие надоштааст. Хусравони Ҳахоманишӣ мутобиқи «Маншур»-и Куруши Кабир Тахти Ҷамшедро ба мақари таҷаммуи миллатҳо - қавму қабоили 30 кишвари имперотурӣ табдил дода буданд.
Дар ҳамон давра мақом ва эътибори Наврӯз то андозае баланд будааст, ки ҳаёти бисёр шахсиятҳои таърихиро ба он марбут донистаанд. Аз ҷумла, дар ривоятҳои таърихӣ зикр шудааст, ки нахустин подшоҳони пешдодӣ Каюмарс ва Ҳушанг дар рӯзи Наврӯз ба дунё омадаанд. Ва қаҳрамони миллии мардуми ориёинажод Соми Наримон дар ҳамин рӯз ба саркӯбии мардумозорон бархост, бунёди табаҳкорӣ, зулму истибдод ва фисқу фасодро аз байн бурд ва осоишу амну амони мардумонро пойдор сохт. Тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар неруҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз дар байни мардуми мо маҳбубият дорад.
Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ мавриди қабули ом аст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, дар мақолаи “Сайри Дарвешобод” менависад: “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми рустаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал - ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.
Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ва монеаҳои мавҷуда мардони бедордилу миллатдӯст, олимону шоирон ва умуман аҳли зиё, инчунин мардуми боиродаву фарҳангпарвари мо барои зинда нигоҳ доштани суннатҳои наврӯзӣ талош варзида, гулхани меросии онро то замони соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ фурӯзон дошта тавонистанд. 
Шукрона мекунем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем волотарин суннатҳо ва шукӯҳмандтарин тантанаҳои наврӯзиро, ки дар аҳди Курушу Доро, Хусрави Парвизу Исмоили Сомонӣ ва Борбаду Рӯдакӣ роиҷ буданд, идома дода, дар навбати худ ба онҳо мазмуну муҳтавои тоза бахшем ва Наврӯзро дубора эҳё намоем. Зеро Наврӯз аз замони пайдоиши худ то имрӯз дар ҳаёти маънавии мардуми мо нақши бузург бозида, дар тамоми таърихи мавҷудияти хеш рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқҳо будааст. 
 
Додоҷон РӮЗИЕВ, 
муҳаррири маҷаллаи 
“Фарҳанг ва санъат”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед