logo

иҷтимоиёт

ВАНҶУ ДАРВОЗ. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла водиҳои баландкӯҳи Ванҷи Боло, Язгулом ва Вахё, тақвимҳои омиёна аз замонҳои хеле қадим маъмуланд. Сокинони кӯҳистон  бо ашёҳои табиӣ, анъана ва урфу одатҳои хоси хеш, аз рӯи гардиши Офтобу Моҳ, ҳаракати сайёрагон фарорасии фасли баҳор ва Иди Наврӯзро ба худ маълум  мекарданд. 
    
Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии автомобилии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Мурғоб – Қулма,  дар мавзеи Тангнои Дарвоз, наздикии Гулдара марғзори сабзу хурраме аз замонҳои хеле ҳам қадим бо номи Яхчисор арзи вуҷуд дорад.  Дар қадим ҷои дамгирии роҳгузароне буд, ки ба водиҳои Ҳисору Фарғона пои пиёда сафар мекарданд. Сокинони водии Нулванд, ки  ба мардикорӣ  мерафтанд, дар ин ҷои хушманзара, миёни кӯҳҳои сарбагардуни Камарбанд ва Хушиву Нохушӣ аз кишварҳои дури гарм парвоз карда омадани парандагонро навиди Наврӯзӣ медонистанд.
Мурғакон ин ҷо дам гирифта, шабро дар шохаҳои дарахтон саҳар мекарданд. Сипас, бо сафед шудани рӯз ба Дарвозу дигар  самтҳои Бадахшон парида мерафтанд. Роҳгузарон ин манзараи марғуб, яъне ба парвоз омадани парандагонро дида, аз омадани баҳор хеле хурсанд мешуданд.
Чор сол муқаддам дар марғзор ва чаманистони  Яхчисор деҳаи ободу зебое қад кашид. Парандагони муҳоҷир бошанд ба мисли солиёни пешин  кӯҳҳои азими Тангнои Дарвозро гузашта, дар ҳамин рӯзҳои наврӯзӣ як муддат обу ғизо хӯрда, дар шохаҳои дарахтон нағмасароӣ  мекунанд ва боз ба чор сӯи Бадахшон парвозӣ мешаванд.
ҶАШНГИРИИ  НАВРӮЗ ДАР ТАГИ ЧАНОРҲОИ АЗИМ
Олими  шинохтаи тоҷик, академик Юсуфшо Ёқубов, ки оид ба таърихи ҷашнгирии Наврӯз аз даврони пешдодиён асарҳо ва мақолаҳои зиёди илмӣ навиштааст ва, инчунин, яке аз кашшофони шаҳраки қадимаи шоҳнишини Карон мебошад, иброз медорад, ки чанорҳои бузурги маркази ноҳияи Дарвоз, шаҳраки Қалъаихумб таърихи қариб чорсадсола доранд. 
Бузургтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳо дар сояи ҳамин чанорҳои азамат баргузор мегаштанд. Аз рӯи  расму русуми аҷдодон, нахустин чорабинии мардумие, ки дар майдони шаҳчанорҳо таҷлил мегардид, Иди Наврӯзи дилафрӯз аст. Хушбахтона, ҳоло ҳам ин анъанаи неки ниёгон побарҷо мебошад ва қариб ҳамаи тадбирҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, вохӯриву мулоқотҳо ин ҷо баргузор мешаванд. Зарур  ба ёдоварист, ки   қариб бист сол муқаддам  аз кушода гардидани   қитъаи роҳи Кӯлоб – Шоҳон – Зиғар - Қалъаихумби  шоҳроҳи Душанбе - Қулма аз  суффаи   баланди таги ҳамин чанорҳои азамат ба мардуми Бадахшон   муждаи фараҳбахши наврӯзӣ дода буданд.
 
БАРГУЗОРИИ МАРОСИМҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР БОЛОИ СУФАСАНГҲО
Аз пирони деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз борҳо  шунидаам, ки дар чаҳор бурҷи ин деҳаи зебо сағочсангҳои азимеро, ки табиат офарида ва  тарошида буд, деҳнишинон бо азобе аз домони кӯҳҳои Зартеғу  Чоротарош пуштора  оварда, дар лаби чашмасорону дарёчаҳо ва дигар маконҳои  дилпазир, таги дарахтони чанор мегузоштанд.  Аз рӯи одати ниёгон ҳамаи  ҷашну маъракаҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, Наврӯз болои ин суфасангҳо, ки  бо номи сангҳои Хармана, Моравн, Пуни Деҳ ва Спод машҳуранд,  баргузор мегаштанд. 
 Сокинони деҳа фарорасии  айёми наврӯзиро ҳамасола интизорӣ мекашиданд.  Бодиққат назора мекарданд ва   ҳамин, ки аз саховати шуълаҳои хуршеди ховар  аз болои суфасангҳо андаке ҳавр мебаромад, маълумашон мешуд, ки чиллаи зимистон гузаштааст. Духтаракони чобукдаст ба зудӣ  гирду атрофро меруфтанд,   болои сағочсангҳоро бо латта пок менамуданд ва деҳнишинон Иди Наврӯзро дар болои суфасангҳо  мегузаронданд. 
Хушбахтона,  суфасангҳо ҳамчун ёдгории бебаҳои бобоёнамон ҳоло ҳам пойбарҷоянд. Аз рӯи тааммули қадимаи аҷдодӣ маросимҳои наврӯзӣ болои суфаҳои сангин ҳамчун муқаддасоти  гузаштагон баргузор мегарданд ва   суфасангҳо чун гавҳараки чашм  муҳофизат карда мешаванд.
      
ШУОИ ОФТОБ  - НАВИДИ НАВРӮЗӢ
Дар рӯзгорони хеле қадим мардуми деҳаи Гишхуни Ванҷ ва дигар деҳаҳои наздикии қалъаи мирнишини Рохарв ҳисоби гузашти рӯзу шабҳои чиллаи зимистонро аниқ намедонистанд. Онҳо фарорасии баҳор ва Иди Наврӯзро тариқи ашёҳои табиат муайян мекарданд.
Дар мавзеи Саворбанди деҳа хоросанги бузурге  хобидааст,  ки онро санги Кару Гунг ном мебаранд. Гишхуниён  нақл мекунанд, ки  дар  фасли сармо ба ин деҳаи канори кӯҳҳои баланд офтоб нур намепошад.  Баъди чиллаи зимистон, ҳангоме ки нахустин шуълаҳои зарҳалини  офтоб ба болои  санги Кару Гунг  меафтиданд, деҳнишинон  шодмонӣ мекарданд, ки давраи тӯлонии зимистон охир шуду айёми рустани сабзаву гулҳо, муғчакушоии дарахтони боғот  ва сароғози наврӯзи навбаҳорон расид.
      
НАВОИ  НАЙ - МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ
Мардуми Язгулом нақл мекунанд, ки марди бофарҳангу маҳфилоро Бангӣ Ҳусейнов дар давоми умри пурбаракати хеш анъанаҳо ва  расму оини қадимаи  сокинони водиро басе азизу гиромӣ медошт. Ин санъаткори нотакрор чунин одате дошт, ки дар зимистон най наменавохт. Танҳо бо   пайдо шудани аввалин нишонаҳои гузашти фасли сармо найи аз падару бобо меросмондаашро аз сандуқи чӯбин   бадар оварда, ба баландтарин мавзеи деҳаи Мотравн баромада,  навои дилнавози найи хешро ба чор сӯи деҳоти  канораҳои Язгулом танинандоз менамуд.
Деҳнишинон баробари шунидани навои  рӯҳбахши най  дарк мекарданд, ки айёми зимистон гузаштааст ва фасли баҳори  нозанин фаро расидааст ва   тараддудҳои наврӯзиро медиданд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 570
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед