logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ХОТИРАҲОИ ҚАҲРАМОНИ «ҶОНИ ШИРИН»

Мирзо Турсунзода, ки мардум аз дилу ҷон дӯсташ медорад, ситоиш мекунад, ҳамчун мард, сардори оила, падари соҳиби фарзандони барӯманд чӣ хел фазилатҳо дошт? Фарде, ки умрашро сарфи сафару хидмати давлат кардааст, то кадом ҳад ба таълиму тарбияи фарзандонаш вақт ҷудо мекард? Достони машҳури «Ҷони ширин» - ро ба кӣ бахшида буд? Ин саволҳое ҳастанд, ки ҳар кас шунидани ҷавобашро мехоҳад.
Вақте мо асарҳои безавол ва номаҳои ба ҳаёти шахсии ӯ вобастабударо мехонем, мебинем, ки шоир ишқу муҳаббатро чӣ қадар васф кардааст, вафо ва садоқатро бо ҳиссиёти хоси худ сурудааст, алалхусус нисбат ба зан - модар меҳру муҳаббати беандоза дорад. Зуд равшан мешавад, ки «Ҷони ширин» - ро устод ба ҳамсараш Сабоҳат-апа бахшидааст. Ман бо устоди сухан Мирзо Турсунзода ба шарофати муҳаррири рӯзномаи «Совет Тожикис-тони» Ҳоҷӣ Содиқ шинос шуда, аз суҳбатҳояшон баҳраҳо бурдаам. Дар яке аз вохӯриҳои устодон Ҳоҷӣ Содиқ ва Турсунзода, ки дар хонаи Ҳоҷӣ Содиқ мегузашт, бо ҳамсари шоир бону Сабоҳат шинос гардидам. Баъди чанд соли он вохӯрӣ Сабоҳат-апаро ба суҳбат кашида, дар бораи устод Турсунзода розҳои аҷибро ифшо кардам. Инак, порае аз он суҳбат, ки чил сол пеш ороста будем. 
Муаллима Сабоҳат аз шиносоии худ бо шоир чунин нақл кард: «Мирзо Турсунзодаро, ки Донишгоҳи муаллимии шаҳри Тошкандро хатм намуда, ба Театри мусиқӣ ва мазҳакавии Хуҷанд ба кор омада буд, ғоибона мешинохтам. Дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шеъру мақолаҳои бо имзои он кас навишташударо хонда будам. Ман дар ин даргоҳи санъат актриса шуда кор мекардам. Ба театри музофотӣ ҷавон бошад ҳам, шоири, аллакай, маъруф роҳбари бадеӣ шуда омаданашро шунида, ҳамаамон хурсанд шудем. Ҳамон солҳо «Найрангҳои Майсара» - и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба саҳна гузошта шуд. Бисёриҳо барои нақши асосӣ талош карданд. Ман, аз чӣ бошад, ки ба ин моҷарои дарунӣ, ки охир бо кинаю кудурат хотима меёфт, иштирок накарда, як сӯ истодан гирифтам. 
- Шумо барои нақши асосиро бозӣ кардан ҷанҷол намекунед, ҷони ширин? - гуфт Турсунзода ба ман нигоҳ карда. Ман бо табассум сукут ихтиёр кардам. 
Росташро гӯям, ба Мирзо, ки мӯи сип-сиёҳи оби мусаффо барин мавҷзанандаашро ба қафо шона карда мегашт, ман низ бефарқ набудам. Зери коса нимкоса гуфтагӣ барин «ҷони ширин» гуфта, ба ман муроҷиат намудани ӯ беҷо набуда, балки ишораи шоиронае ба оила барпо карданаш буд. 
Аксар актрисаҳои театр либоси аврупоӣ мепӯшиданд. Ман либосҳои миллиро дӯст медоштам, хусусан атласро пайваста ба бар мекардам. Ба фаҳмиши ман, яке аз сабабҳои аз байни бисёр духтарҳо маро интихоб кардани Мирзо низ шояд ҳамин бошад. Ӯ бонувони либоси миллӣ бабаркардаро меписандиданд. Дар ин бора бисёр шеърҳои марғуб низ навиштаанд. Мо бо Мирзо Турсунзода риштаи ҳаётро ҳамин тавр баста будем. 
Соли 1936 ӯ маро ба Душанбе овард. Тарафи офтоббарои пойтахт, арчазорҳои сабз, ки бо кӯҳҳои сафед аз ҳавлии мо кафи даст барин менамуд. Ҳамсарам туғёни интизории диламро, ки бо Хуҷанд пайваста буд, фаҳмидагӣ барин гуфт:
- Ба ту ҳамин ҷо маъқул шуда бошад, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем, ҷони ширин. 
Ӯ ҳамин тавр гуфту ангушти ишоратиашро ба чаккаи сар гузошта, ба даруни хона даромада рафт. Баъди чанд лаҳза «Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор» ном шеърашро ба ман хонда дод.
Пай дар пай фарзандҳо ба дунё омаданд. Мирзо ба кор сахт дода шуд. Бо ҳайати Тоҷикистон ба мамлакатҳои хориҷӣ рафта меомадагӣ шуданд. Аз корҳои хона, нигоҳубуни кӯдакон каме хаста будаам магар, ки рӯзе беихтиёр гила кардаам:
- Ҳеҷ инту  дигарон барин хонаам, бачаҳоям намегӯед-а? 
Баъди ин ҳеҷ чиз нагуфтанду сарашонро хам карда, ба хона даромада рафтанд. Ман шояд ранҷида бошанд гуфта, чой дам кардаму ба ҳамон хона бурдам. Ӯ баъди ягон соат гузаштан қаламу қоғазашонро бардошта, ба хонаи дарун омаданд. Сари бачаҳоро сила кард, баъд ба ман нигоҳ карда:
- Ҷони ширин, мана ин суханҳои оташинро гӯш кунед, - гуфтанду мисраъҳои зеринро бо эҳсос қироат карданд: 
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар, боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам...
 
Ана ҳамин мисраъҳои парешон ва маро «ҷони ширин» гуфта навозиш кардани ӯ ба достони «Ҷони ширин» асос гардид. Ҳамон вақт ба мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шуданашро кӣ ҳам медонист?
* * *
Меҳмонҳои олиқадри ба Ҷашни 1100 - солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омада бешумор буданд. Бисёрии онҳо меҳмони азизи хонадони мо шудаанд.
- Дилатро васеъ гир, ҷони ширин, - гуфта буд ӯ ба танг будани хона ишора намуда, - хонаи тоҷик бо меҳмон ободу бо меҳмон равшан аст. 
- Дӯстонатон ин қадар бисёр, онҳоро чӣ тавр ёфтед? - пурсидам ман. 
Турсунзода тибқи одати худ табассум карда гуфтанд:
- Ба дунё омада молу дунё не, дӯст ҷамъ намудам. Дӯстон болу пари ман. Бе болу пар парвоз кардан мушкил аст. Дӯстро, меҳмонро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтану гуселондан, мероси азалии бобоёнамон, одати хуби тоҷикон аст, ҷони ширин.
Он кас инро гуфтанду боз илова карданд: «Меҳмон атои Худо. Мизбони хуб сермеҳмон мешавад. Меҳмонро хуб пешвоз гирифтан, алалхусус барои зан, фазилати беҳтарин аст».
Баъди рафтани меҳмонон Мирзо Турсунзода «Дӯстонро гум макун» ном ғазали навашонро, ки ҳанӯз рангаш дар коғаз хушк нашуда буд, бо овози форам қироат намуданд: 
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун...
 
Турсунзода бо роҳбари вақти Ӯзбекистон, нависандаи машҳур Шароф Рашидов дӯсти ҷонӣ буданд. Онҳо соли 1949 ошно шудаанд. Ин шиносоӣ баъдтар ба дӯстӣ табдил ёфт. Мирзо ба ҳавлии дар Тошканд будаи Шароф-ака равад, он кас ба Душанбе бо ташрифи расмӣ оянд, ҳатман дар хонаи мо меҳмон мешуданд. Вақте ки Шароф Рашидов ба хонаи мо қадам мемонд, мегуфт: «Аз оши ширини тоҷикона тайёркардаи Сабоҳатбону нахӯрда равам, намешавад». 
Акои Шароф мисли як меҳмони азизи хонадони мо – шоири барҷастаи ӯзбек Ғафур Ғулом забони тоҷикиро нағз медонист. Вақте ки дар Тошканд, ба хонаи Шароф Рашидов меҳмон шудем, достони овозадори Мирзо Турсунзода «Ҷони ширин» бо мукофоти давлатӣ сазовор гашта буд. Шароф Рашидов ба ман ишора карда бо лутф гуфт:
- Занеро, ки дар достони «Ҷони ширин» акс ёфтааст, айнан ҳамин тавр тасаввур мекардам. 
Турсунзода ҷавобан гуфтанд:
- Ман достони «Ҷони ширин» - ро барои Сабоҳат, Сабоҳат хонад гуфта навишта будам. Бинед, ки ин достонро тамоми ҷумҳурӣ ёд гирифта истодааст…
Ба суҳбат ҳамсари Шароф-ака Хурсаной ҳамроҳ шуд:
- Тарҷумаи ӯзбекии достонро ман низ хондам...
- Дӯстии Мирзо Турсунзода бо шоира Зулфия, муносибатҳои дӯстонаи байни онҳо дар кадом замина қарор гирифта буд? - пурсидам аз ҳамсари шоир.
- Мирзо Турсунзода шоира Зулфияро, шеъри зебо, суханҳои ба дил наздик ва истеъдоди ноёби ӯро дӯст медошт ва нисбат ба ӯ эҳтироми бузург доштанд. Шоираи машҳури Шарқ Зулфия борҳо меҳмони олиқадри хонаи мо низ буданд. Дар давоми умрам бисёр занҳои унвондорро дидаам. Вале Зулфия барин хоксор, зани солиҳаи аз ҳама ҷиҳат мукаммал камёфт мешавад. Ӯ фазилати ба худ хос дошт. Вақте ки ҳамсараш, шоири шинохтаи ӯзбек Ҳамид Олимҷон ба таври фоҷиавӣ аз олам гузашт, Зулфия ҳамагӣ 29 сол дошт. Чароғи оиларо, ки ҳамсараш даргиронда рафт, Зулфия хомӯш накард, балки онро рӯшантар дошт, бо ёди ӯ зиндагиро пеш бурд, эҷод кард. 
Турсунзода дар бораи Зулфия шеъри хубе низ офаридаанд:
Духтари ӯзбек моро гӯш кун!
Дигаронро андаке хомӯш кун.
Шавқи ту моро ба илҳом оварад.
Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад...
 
Тирамоҳи соли 1977 Мирзо Турсунзода аз олам чашм пӯшиданд. Дар атрофи тобути шоир, ки бо гулҳои зинда пӯшида шуда буд, одамон аз бисёр мамлакатҳо ҷамъ шуданд. Гиряи дӯстони шоири бузург на танҳо дар  Тоҷикистон, балки дар Деҳлӣ, Қоҳира, Алҷазоир, Стокголм, Гавана, Бейрут ва дигар шаҳрҳо акси садо дод...
Ба як назар, ин суҳбати 40 сол пеш анҷомдодаи ман бо ҳамсари шоири бузурги тоҷик, ки дар бойгонӣ мехобид, содаву ҷузъӣ тобанд ҳам, аммо барои равшан кардани хислату рафтори шахсияти Мирзо Турсунзода бисёр муҳим аст. Солҳои пеш навиштани чунин мақолаҳо дар бораи рӯзгори шахсии одамони машҳур мумкин набуд, аммо имрӯз Истиқлолияти давлатӣ имкон додааст, то бинависем. Ва фарзандони худро бо ҳаёти намунавии чунин инсонҳои наҷиб ошно созем. 
Бовар дорем, ки хонандаи закии «Ҷумҳурият» аз хотираҳои ширини ҳамсари шоир баҳра мебардорад, зеро дар камолоти устод Турсунзода нақши ин бону бисёр барҷаста аст. Агар ӯ набуд, масъулияти рӯзгор ва тарбияи фарзандонро бар зимма намегирифт, шоир азият мекашид. Ба ин хотир, сано бод ба бонувони ботаҳаммулу боадаб!
 
Сулаймон ЭРМАТОВ, 
узви Иттифоқи 
нависандагони Тоҷикистон  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед