logo

иҷтимоиёт

ХӮРОКИ МИЛЛӢ. ПАЙВАНДИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ

Фарҳанги хӯрокпазии тоҷикон ба мисли дигар халқияту миллатҳо таърихи хеле дерин дошта, қадима будани як миллати соҳибтамаддунро собит менамояд. Халқи тоҷик бо ёдгориҳои бостонии худ гузаштаву ояндаи хешро ҳифз намуда, тоҷиконро ҳамчун мардуми бомаърифат, дорои урфу одатҳои наҷиб ба оламиён муаррифӣ месозад. Пӯшида нест, ки тоҷикон аз аввал бо дастархондориву меҳмоннавозиашон аз дигар халқияту миллатҳо тафовут доранд.
Дар асри ХIX Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳи Бухороӣ ишора ба сарчашмаҳои қадимӣ китобе бо номи «Кони лаззат ва хони неъмат» - ро нашр намудааст,  ки дар он 228 навъи хӯроки миллии тоҷикон дарҷ гардида, қариб 60 – 70-тои он аз намудҳои оши палав мебошад. Дар ин китоб тарзи таҳияи 18 намуди оши палав ва боқимонда, танҳо бо зикри ном оварда шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо бодинҷонпалав, риштапалав, луқмапалав, оши палави «Ҷони амма», палави гӯштимурғӣ, кашничпалав, панирпалав, занҷабилпалав ва ғайра мебошанду ҳар кадоме асрори пухтани худро доранд. Табиист, ки бештари занҳо хӯрок мепазанд ва, ҳатто, солҳост, ки занон ҷиҳати аниқу дақиқ кардани намудҳои қадимаи хӯроки миллӣ кӯшиш менамоянд, то насли минбаъда тибқи сарчашмаҳои гирдовардаи эшон тавонад аз қадима будани Ватану миллати хеш ифтихор намояд. 
Муъмина Шовалиева, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, мардумшинос аз нахустин нафаронест, ки наздики 45 сол ба пажӯҳиши ғизоҳои миллӣ машғул буда, намудҳои гуногуни хӯрокҳои қадимӣ ва тарзи омода намудани онҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Роҷеъ ба фаъолияти хеш мавсуф дар ин маврид чунин иброз намуд:
- Солҳои 80 –уми қарни гузашта, пеш аз он ки ба институт ба кор оям, доир ба расму русуми оилавии тоҷикон кори дипломӣ навишта будам, ки баъдан дар шакли алоҳида дар китобҳо чоп шуданд. Дар ин ҷо Антонина Писарчик, мардумшиноси машҳури Тоҷикистон, ба ман гуфт, ки ягона масъалаи то ҳанӯз пажӯҳишнашуда, таърихи хӯрокҳои миллист. Либосшиноси номии тоҷик Зинаида Широковаро ба роҳбарӣ пазируфтам ва ҳамроҳ бо ӯ қариб 10 сол (1980 – 1990) ба тамоми минтақаҳои диёр  экспедитсияи мардумшиносӣ доир намудем. Дар манзилҳои мардуми деҳот мезистем, зеро бидуни ин наметавонистем вобаста ба таърихи анвои хӯрока мавод захира созем. Дар яке аз сафарҳоямон дар ҷануби кишвар хостам дар бораи оши бурида нависам ва дар ин хусус ба бонувон муроҷиат кардам. Баъдан, занони маҳаллӣ шаш намуди ин хӯрокро пухта оварданд. Дар натиҷаи пайгирӣ, маълум шуд, ки қариб 100 навъи ин хӯроки беравған мавҷуд будааст ва мутобиқи сабзаҷоти ба он иловашуда ҳар кадоме ба худ номҳои алоҳида доранд. Баъдан, китоби «Канз-ул-иштиҳо»-и донишманди асри XIV Абуисҳоқ Атъимаро, ки ба забони форсӣ эҷод шуда буд, ба хати кириливу забони русӣ баргардондем ва дарёфтем, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ таърихи хеле қадимӣ доранд. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ аз 33 навъи мураббо, 23 намуди хӯриш, 169 намуди ҳалво, 18 намуди нон, сихкабобу танӯркабоб ва навъҳои ҳасиб ёдовар гашта, оид ба тарзи омодаву пухтани қисме аз онҳо маълумот додааст. Ногуфта намонад, ки барои осонии кор ҳар як боби китоб мутобиқи алифбои форсӣ раддабандӣ шудааст. Бо ҳамин мазмун соли 2015 монографияи банда таҳти унвони «Таърихи таббохии халқи тоҷик» ба забони русӣ аз чоп баромад. Ният дорам соли равон онро ба забони тоҷикӣ  дастраси кадбонуҳо гардонам. Дар он на танҳо дар асоси маводи мардумшиносӣ, балки сарчашмаҳои таърихӣ аз асри X сар карда, ҳамаи хӯрокҳои миллиро нишон додам. 
Бо эълон гардидани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019 - 2021 ҳунармандон бори дигар собит намуданд, ки тоҷикон соҳиби таърихи хеле қадимаанд. Ин иқдоми  нек   бо   ҳидояту  дастгириҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  хуш пазируфта шуда ҳар яке мекӯшад дар эҳёи ҳунарҳои халқӣ саҳмгузор бошад, ки боиси ифтихор аст. Гарчанде айни ҳол дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз рӯи ин дастур дарс ҳам диҳанд, ин кофӣ нест. Аз ин рӯ, аз Вазорати маориф ва илми кишвар хоҳиш менамоям, ки дар назди яке аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ факултаи махсуси пухтупази хӯрокҳои миллиро таъсис диҳанду ба ин васила муаррифгари хӯрокҳои миллии тоҷикон ба оламиён гарданд. Мақсад аз интихоби чунин мавзӯъ дақиқ кардани хӯрокҳои қадимаи миллӣ ва саҳми хешро дар таърих гузоштану ҳифзу эҳёи хӯрокҳои миллист.
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед