logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Саҳми ходими пешбари илмии шуъбаи селексия ва технологияи занбӯриасалпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Абдурашид Шарифов дар рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ хеле бузург аст. Мавсуф дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда дорад. Доктори илми кишоварзӣ Абдурашид Шарифов профессори кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ мебошад. 
 
Ӯ дар яке аз деҳаҳои зебоманзари шаҳри Ҳисори шодмон чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил мешавад. Аз рӯзҳои аввали таҳсил худро ҳамчун донишҷӯи фаъол ва меҳнатдӯст нишон дод. Баъди хатми донишкада ихтисоси агрономро соҳиб гашт.  Меҳри илм ва такмили он устодро ба олами улум овард. Алҳол соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар маркази тадқиқоти олим қарор дорад. Ин муъҷизаҳои табиат дар соҳаи кишоварзӣ саҳми беандоза доранд. Онҳо рустаниҳоро гардолуд менамоянд. 
Устод кӯшиш ба харҷ доданд то илмашон дар амал татбиқ гашта, муҳаққиқи мӯшикоф будани худро собит намоянд. Хусусиятҳои фоидаоварии занбӯри асалро ба инобат гирифта, кӯшиш ба харҷ доданд, то ки ҳосилнокии рустаниҳоро дучанд гардонанд. 
Инчунин, устод барои сайқал додани донишу маҳорати худ ва бештар ба умқи соҳа ворид шудан, ба вилояти Рязани Федератсияи Россия сафар карда, дар назди Институти занбӯриасалпарварии шаҳри мазкур дар риштаи занбӯриасалпарварӣ такмили ихтисос намуданд.  Устод бо сари баланд баъд аз хатми ин боргоҳи илму маърифат дипломи олии «зоотехник-занбӯрпарвар»-ро ба даст гирифта, ба Ватан баргаштанд ва дар рушди соҳа хизматҳои шоёне анҷом доданд. 
Бо кӯшишҳои пайгиронаи А. Шарифов дар заминаи шуъбаи парандапарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Тоҷикистон бахши занбӯриасалпарварӣ ташкил шуд. Баъдан  дар назди институт шуъбаи занбӯриасалпарварӣ ташкил шуд. Бояд тазаккур дод, ки устод нахустин нафаре мебошанд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рисолаи докториро ҳимоя намуданд. 
Имрӯзҳо бо саъю талоши ин олими варзида корҳои селексионӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба роҳ монда шуда, дар ояндаи наздик типи тоҷикии занбӯрони асал бо иқдоми ин марди фозил ба роҳ монда мешавад. Ин яке аз дастовардҳои илмии соҳа дар замони истиқлолият ба шумор меравад. 
Бо талошу заҳматҳои олими мазкур шуъбаи занбӯриасалпарварӣ ба шуъбаи селексия ва технологияи занбӯриасалпарварӣ табдил шуда, баҳри ҷоннок намудани корҳои селексионӣ заминаи моддӣ-техникии зарурӣ гузошта шавад. 
Устод Абдурашид Шарифов яке аз олимони соҳибмактаб буда, тавассути ғамҳориҳои пайваста ва роҳбариашон  7 нафар номзади илм дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Имрӯзҳо ин олимон дар вазифаҳои мухталиф сарбаландона иҷрои вазифа менамоянд. 
 
О. УЛУҒОВ, О. ТОҲИРОВ, 
Ф. БУРЧИНОВ, 
номзадҳои илми кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед