logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ - ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ - 2021

Бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе- пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” баргузор гардид.
Дар ин маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок карданд.
Зимни ифтитоҳи барнома Бекетжан Жумангулов, муовини раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Анатолий Иксанов, директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ, дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” - ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супурданд.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ, намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро барои ташрифашон ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, барои интихобу эълон намудани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” ба роҳбарону масъулони барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” сипосгузорӣ намуд.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими анҷоми соли «Шимкент - пойтахти фарҳангии ИДМ - 2020» ва супурдани он ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардида буд.
Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) соли 2006 аз ҷониби ҳукуматҳои ҳафт кишвари узви ИДМ таъсис ёфта, айни замон ба узвияти он кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон шомиланд. 
Барномаи мазкур аз соли 2012 то инҷониб амал менамояд. Ҳадафи ин барнома муҳайё намудани фазои мусоид баҳри муттаҳидии иқтидорҳо ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои узви ИДМ, бунёди пояҳои ҳамкории иқтисодӣ, рушду нумӯи маҳалҳо ва шаҳрҳои ИДМ, баланд бардоштани мақоми Иттиҳод дар ҷаҳони муосир мебошад.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед