logo

иҷтимоиёт

БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МУАРРИФИИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРАД!

Яке аз мавзеъҳои хеле аҷибу ҳайратангези ҷаҳон, ки ҳамасола барои дидани он садҳо сайёҳ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ташриф меоранд, ин Боғи миллии Тоҷикистон мебошад. Он имрӯз ба маркази сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, саргузаштӣ, шухпаймоӣ ва омӯзишии Тоҷикистон табдил ёфтааст. 
 
Ин ҷо дар як манзараи воҳид якчанд объектҳои сайёҳӣ назири қуллаҳои Исмоили Сомонӣ (7495 м.), Абуалӣ ибни Сино (7134 м.), Корженевский (7105 м.), пиряхи Федченко ба масоҳати тақрибан 700 километри мураббаъ, кӯлҳои Сарез, Қарокӯл, Булункӯл, Зоркӯл мавҷуданд, ки мавзеъҳои маъруфи сайёҳии ҷаҳон маҳсуб меёбанд. 
Ҷаҳонгардон ба боғ барои шухпаймоиву кӯҳнавардӣ дар баландкӯҳҳои он, шиносоӣ бо намудҳои нодири ҳайвонот, паррандагон, наботот, обанборҳо, чашмаҳо, истироҳат дар  табиати минтақаи кӯҳӣ, ки дар шакли табииву навофаридашудаи худ боқӣ мондаанд, меоянд. Кӯҳҳои босалобату водиҳои сарсабз, дарёҳои боғалаёну кӯлҳои оби мусаффо, марғзору бешаҳои кӯҳӣ бо оромиву тароват ҳамеша сайёҳони аз шаҳрҳои калон меомадаро ҷалб менамоянд. 
Ин нахустин мероси табиӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Боғ дар бузургӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон, 60 дарсади ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 40 дарсади минтақаҳои Лахшу Сангворро дар бар мегирад. Дар ин макон  набототу ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ, хирс, архар, бузҳои кӯҳӣ ва парандагони дарранда вуҷуд доранд. Боғ манбаи захираи оби ошомиданӣ аст. Дар ин ҷо беш аз ҳазор пирях мавҷуд буда, метавонад аҳолии Осиёи марказиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин созад. Рӯдҳои Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Мурғоб, Помир аз ин макон сарчашма мегиранд ва оби худро ба дарёи Панҷ мерезанд, ки дар навбати худ ба дарёи Вахшу Кофарниҳон омехта, Амударёро ташкил медиҳанд ва заминҳои поёнобро шодоб мегардонад. Муаррихон соли 2001 дар дохили боғ, назди кӯли Қарокӯл қабристони қабилаи сакоиҳоро пайдо намуданд ва ба хулосае омаданд, ки он таърихи 5 - ҳазорсола дорад. Дар боғ, ҳамчунин, чоҳҳое мавҷуданд, ки аз таъсири афтидани метеорит пайдо шудаанд. Бино ба иттилои таърихшиносон, кӯли Қарокӯл низ 15-20 миллион сол қабл дар натиҷаи афтидани метеорит ба вуҷуд омадааст ва миёни 20 кӯли калонтарини дунё, ки бар асари афтидани метеорит пайдо гаштаанд, дар ҷойи 15- ум қарор дорад. 
Боғи миллии Тоҷикистон  ба қисмати марказии Помиру Олой дохил мешавад, ки қисми шарқии қаторкӯҳҳои Ванҷ, Язгулом ва Дарвоз, қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақилро дар бар гирифтааст.
Ҳадаф аз таъсиси боғ нигоҳдошти захираҳои нодири табиӣ, навъҳои камёфту нобудшавандаи набототу ҳайвонот, минтақаҳои экологӣ, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангиву таърихӣ, ташкил ва рушди сайёҳӣ мебошад.
 
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 392
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед