logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. МАВҚЕИ ҶАВОНОН АФЗУД

Мардуми  шарафманду куҳанбунёди тоҷик ҳамасола бо шукргузорӣ аз амну осоиштагии кишвари маҳбубамон, ҳамзамон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро паёмҳои Пешвои муаззами миллатамон ба ҳайси санади сарнавиштсоз, дастури раҳнамои зиндагӣ буда, моро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят менамоянд.
Паёми Пешвои миллат барои ҳар як сокини кишвар, махсусан ҷавонон, роҳнамои асосии зиндагӣ ба ҳисоб  меравад. Дар Паёми худ Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, мардуми хушбахти тоҷикро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. 
Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, ки бояд дар барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдод дар хориҷи мамлакат вусъат бахшида шуда, бо стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъмин гарданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳар Паём Сарвари давлат оид ба дастгирии ҷавонон ба Ҳукумати кишвар дастуру супоришҳо медиҳанд. Дастгирии донишҷӯёну магистрантон ва аспиранту докторантон аз назари Сарвари давлат дур намемонад. Ин буд, ки дар Паёмашон таъкид намуданд, ки аз 1 - уми сентябри соли 2021 стипендияи онҳо ба андозаи 30 дарсад зиёд шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони имрӯза умеди калон доранд. Пешвои миллат чунин таъкид намуданд, ки “ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”. Бинобар ин, мо - ҷавононро зарур  аст, ки ба боварии Сарвари давлатамон  сазовор шуда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту озодӣ, амну осоиштагии кишварамон баҳри сарсабзу хуррам гардондани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон саҳми босазо гузорем.  
 
Алишер  ҒОИБОВ, устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 391
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед