фарҳанг
ХИРАДМЕҲВАРӢ – АСОСИ ТАҲАВВУЛУ ТАРАҚҚӢ
Таҳаввул маънои тағйирёбию дигаргуншавиро дошта, тараққӣ ба маънии болоравӣ ва пешравӣ далолат мекунад. Раванди таҳаввулу тараққӣ, қабл аз ҳама, ба сатҳи ташаббусоту ибтикороти қишри зиёӣ ва ниҳоди мадании ҷомеа, ки бо илму дониш мусаллат аст, бастагӣ дорад. Дунёи пешрафта ва ба истилоҳ ҷаҳони модерн дунёи дониш, маърифат, фазилат ва биниши наву ҷадид аст. Дунёи пешрафта бар мабнои хиради фардӣ ва фазилати ҷамъӣ сохта мешавад ва барномарезиҳое, ки дар ин замина рӯйи кор меоянд, танҳо дар маҳдудаи давлати дунявӣ татбиқ мегарданд.
Дар он ҳар инсон, вобаста ба сатҳи тафаккур, шуур, фарҳанг, эҷод, ҳунар ва ҷаҳоншиносиаш ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад. Ин аст, ки ҳакимону файласуфон аз қадим дар орзуи сохтмони як давлат ва ҷомеаи озоду ободи ормонӣ будаанд, ки дар он инсон меҳвари зиндагӣ ва арзишҳо дониста ва пазируфта шуда, фаъолиятҳои инсонӣ дар партави хирад ва оини меҳрварзию вафодорӣ сурат бигиранд. Ба ин далел, ҳанӯз дар қадим ва асрҳои миёна тарҳҳои фикрӣ, фалсафӣ, адабӣ, ирфонӣ, сиёсӣ ва мадание матраҳ гардиданд, ки бар мабнои ормонгароӣ таҳаққуқ ёфта буданд. Аммо, ба иллати ин ки ҷомеаҳо дар ҳолати карахтии фикрию эҷодӣ ва фақри маънавӣ қарор дошта, таҳти таъсири бевоситаи рӯҳониёну сиёсиёни мустабиди замон буданд, пружаҳои фикрию эҷодӣ ва фалсафии донишмандону равшанфикрони вақт (манзур аҳли илму фалсафаи даврони қадим ва асрҳои миёна аст) на танҳо татбиқ нашуданд, балки дар қолаби назария боқӣ монда, соҳибону ҷонибдорони чунин назарияҳо ҳамеша таҳти фишору таъқиб қарор доштанд. Ба ин тартиб, меъёри асосӣ дар барномарезиҳо ва ё ба истилоҳ, пешфарзияҳои ормонӣ, ки аз ҷониби мутафаккирону андешамандон ва ҳакимону файласуфони гузаштаи шарқию ғарбӣ матраҳ гардида буданд, хирадмандӣ ва меҳрварзӣ интихоб шудааст. Инсон дар натиҷаи хирадварзӣ ва фазилатмандӣ дунё ва тафаккури модерн меофарад ва таҷаддудро ба сифати меъёри зиндагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор месозад. Ба ин маъно инсони тавонманд ҳамон инсонест, ки хирадро ба унвони асл ва меъёри зиндагӣ шинохта, дар партави фазилат ҷаҳони наву модерн ба вуҷуд меоварад.
Ин ки дар фалсафа ва афкори фалсафии муосир инсон ба унвони меҳвар ва маънои вуҷуду ҳастӣ талаққӣ шудааст (манзур фалсафа ва ҷараёнҳои муосири фалсафианд, ки инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳанд), маънои онро надорад, ки дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна андешаҳое, ки бар мабнои инсонмеҳварӣ ироа гардидаанд, вуҷуд надоштаанд. Чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб анвои андешаҳое, ки дар қолаби осори манзуму мансур ҷамъоварӣ гардида, вежагии инсонмеҳварӣ доштанд, кам набуданд. Гузашта аз ин, ҳакимону файласуфон ва мутафаккирони шарқию ғарбӣ барои аз қайдубанду асорати фикрию идеологӣ ва ақидатию иҷтимоӣ наҷот додани инсон, саъю кӯшиши фаровон карда, дар ин замина осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳунарӣ ба мерос гузоштаанд. Мероси арзишманди ҳиндӣ, чинӣ, эронӣ, мисрӣ, юнонӣ ва румӣ гувоҳи он аст, ки мавзӯи инсонмеҳварӣ дар тавъамӣ бо хирадварзӣ ва меҳрпарастӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доштааст.
Муҳимтар аз ҳама, дин ва мазҳаб аз қадимтарин замонҳо ба сифати қудрати сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дар ҷомеа нуфуз доштааст ва сардамдорони динӣ на танҳо умури мазҳабӣ ва оинӣ, балки тамоми фаъолиятҳои инсониро таҳти назар мегирифтаанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки муносибати мутақобили “дин ва сиёсат” тайи 5 ҳазор соли ахир ба масъалаи дин ва назорат иртибот мегирад. Дин ва назорати ҷомеа тайи асрҳои тӯлонӣ, ки ба даврони набуди осори хаттӣ марбут мешавад, масъалаи меҳварӣ будааст. То падид омадани давлат дин тавассути васила ва усулҳои сиёсӣ ҷомеаро идора мекард ва аз ин тариқ бо системаи сиёсӣ пайванд ёфт.
Гузашта аз ин, муборизаи равшанфикрону мутафаккирон бо динмадорону рӯҳониён, ки аз пуштибонии бевоситаи шоҳону амирон ва сиёсиёни даврон бархӯрдор буданд, далели он аст, ки инсон ва озодиҳои фитрию зотии ӯ сарчашмаи баҳсҳои ҷиддии ҳар давру замон будааст.
Ба сухани дигар, калисо дар Ғарб ба дастгоҳи пурқудрати ақидатӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта, бо давлат ва сиёсат дар иртиботи қавӣ қарор гирифта буд ва ин ду неру (калисо ва давлат) тамоми умури зиндагиро назорат мекард. Имрӯз ҳам дар бархе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки низоми давлатдории дунявӣ доранд, баъзан ҷараёни ҳамкории элитаи сиёсию давлатӣ бо рӯҳониён ба мушоҳида мерасад. Албатта, ниёзҳои муштарак онҳоро ба ҳам меоварад ва дар як масир қарор медиҳад. Бад-ин минвол, дар Ғарби асримиёнагӣ табақаи рӯҳонӣ дар симои калисо ва табақаи давлатӣ дар симои давлатмадор бо ҳам ҳамкорӣ мекарданд ва барои расидан ба манофеи худ як ҳадафро дунбол менамуданд.
Андешамандону сиёсатмадорони ғарбию аврупоӣ бо истифодаи аз неруи тафаккури илмӣ ва фалсафӣ тавонистанд, ки дунёро ба самти демократия ва дунёмадорӣ бикашонанд. Элитаи сиёсию маданӣ ва ҷомеаи муосири ғарбӣ ва аврупоӣ, ки дар доираи модели давлатдории дунявӣ ва демократӣ зиндагӣ мекунанд, хидматҳои бедареғи маорифпарварону мутафаккирони бузургро арҷ мегузоранд ва дар ҳамкорию ҳамбастагӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагӣ талош меварзанд.
Тамоми пешравӣ ва таҷаддуди Ғарб ба инсонмеҳвар ва донишбунёд будани системаи сиёсию давлатӣ марбут аст. Ҷомеаи муосири аврупоӣ системаи давлатдории дунявиро ба унвони меъёри сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ шинохтааст ва ин низоми сиёсию идорӣ ва маданию фикрӣ инсонро ба сифати арзиши олӣ пазируфта, ба озодии виҷдон ва ҳаққи интихоб эҳтиром мегузорад. Озодии виҷдон, озодии интихоби ақида, мафкура, дину мазҳаб ва соири эътиқодоту бовардоштҳо аст. Дар кишварҳое, ки демократия устувор аст, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи инсонӣ арзишҳои баланди ҷомеа ва давлат шинохта мешаванд. Дар давлат ва кишварҳое, ки демократия ва дунёмадорӣ дар маънои томаш нуфуз ва тасаллут доранд, намояндагони дину мазоҳиб ба таври озод фаъолият мекунанд. Афзун бар ин, ҳеҷ дину мазҳабе аз адён ва мазоҳиби дигар имтиёз надорад ва давлат дар миёни адёну мазоҳиб нақши бетарафиро иҷро мекунад. Бетарафӣ ба ин маъност, ки давлат ҳамчун ниҳоди муқаввои сиёсӣ дар доираи қавонини мавҷудаи демократӣ шароити ибодӣ, таблиғӣ ва маданиро барои мардум муҳайё месозад ва дар баробари ин, намегузорад, ки гурӯҳе ё созмоне ақида ва мафкураи худро болои мардум ва ҷомеа таҳмил намояд. Аз тарафи дигар, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардум ва тарбия кардани шаҳрванди озод ва мустақиландеш рисолати ҷомеаи маданӣ ва давлати миллӣ мебошад.
Ба таври куллӣ, ҷомеаи хирадмеҳвар дунёи пешрафта ва модерн месозад ва роҳро барои ҳамкориҳою ҳамшарикиҳо бо соири давлат, мамолику кишварҳо ҳамвор месозад. Ҳамин андеша дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан таъкид шудааст: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Мо муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома хоҳем дод”. Ҳамчунин, ҳамкории давлат ва ҷомеа дар маҳдудаи низоми давлатдории дунявӣ ба амри табиӣ табдил меёбад ва ин ҳолат имкон фароҳам меоварад, ки мушкилот ва муаммоҳои мавҷуда тадриҷан ҳаллу фасл гардида, шароити арзандаи зистӣ муҳайё шавад.
Н. НУРОВ, устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2021 №: 60 - 61 Мутолиа карданд: 478