logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗАЛӢ САИДЗОДА: «ЭМКУНӢ РОҲИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ ХУРУҶИ COVID - 19 МЕБОШАД»

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 22 марти соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  гузарондани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID - 19 дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Тибқи он  гурӯҳҳои осебпазири аҳолии кишвар бояд марҳила ба марҳила алайҳи COVID - 19  иммунизатсия шаванд. Бо ин мақсад, албатта сипари боэътимод - позаҳри коронавирус ба кишвар ворид гардид ва он, аллакай, мавриди истифода қарор дорад. Оид ба ин маъракаи муҳим- эмкунии оммавӣ хабарнигори рӯзнома бо Файзалӣ Саидзода, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи он манзур мегардад.  
 
- Ҳукумати кишвар дар ҳоле барои эмкунии шаҳрвандон алайҳи COVID - 19   қарор қабул намуд, ки аз оғози моҳи январ ҳолати сироятёбӣ ба ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Пас, зарурати эмкунии шаҳравандон дар чист? 
- Дуруст аст, ки имрӯз Тоҷикистон бе COVID - 19  аст. Аммо ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки нисбат ба худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир намоем, хусусан дар ҳоле ки ҷаҳон ҳанӯз аз ин беморӣ азият мекашад. 
- Яъне, то ҳол хавфи мубталошавӣ ба вируси нав вуҷуд дорад?
- Бале. Вале олимони соҳа дар пайи омӯзишу таҳқиқ собит намуданд, ки бемории сироятии COVID - 19  идорашаванда аст ва онро тавассути эмкунии оммавӣ  метавон идора намуда,аз байн бурд. Озмоишҳои дар ин самт анҷомёфта аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар натиҷаи эмкунӣ масунияти бадани инсон баланд гардида, хавфи сироятёбӣ аз байн меравад. Яъне, дар инсон потан (антитела) пайдо мешавад. Ин яке аз роҳҳои асосии пешгирии хуруҷи бемории COVID - 19  мебошад. Ба ин хотир ва барои  барқарор намудани рӯзгори муътадили пешин дар соири кишварҳо эмкунии оммавӣ оғоз гардид, ки то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 382 миллион нафар  алайҳи COVID - 19  иммунизатсия шудаанд. Ҳукумати кишвари мо низ дар аввалин имкон позаҳри COVID - 19 - ро дастрас намуд, то шаҳрвандон алайҳи ин беморӣ иммунизатсия шаванд. Ба ин мақсад, дар тамоми марказҳои саломатӣ ва тиббии кишвар беш аз 339 нуқтаи  эмгузаронӣ омода намудем. Дар назди ин нуқтаҳо, ҳамчунин, 4200 бригадаи доимоамалкунанда ташкил шуд. Онҳо шаҳрвандонро пеш аз иммунизатсия ташхис намуда, фишори хун, собиқаи бемориашонро ҳатман меомӯзанд. 
- Охири соли гузашта дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон шаш ваксина аз озмоиш гузашту иҷозати истифода гирифт. Ниёзи ҷумҳурии моро ба ваксинаи COVID – 19 кадом ширкат таъмин намуд?
- Кишвари мо дар доираи механизми COVAX ба ваксина таъмин шуд. Албатта, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд. COVAX механизме мебошад, ки бо ибтикори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯи кор омадааст, то кишварҳои олам тавассути тақсимоти одилона ба он дастрасӣ дошта бошанд. Тоҷикистон дар доираи ҳамин механизм бояд, ки  ба 624 000 вояи ваксинаи  ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca»  таъмин гардад. Аз ин шумор 192 000 вояи ваксина тавассути парвози махсуси тайёраи ширкати «Сомон – Эйр» аз Деҳлӣ ба кишвар  ворид гардид. Бақияи ваксинаҳо марҳила ба марҳила аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон интиқол мешаванд. «AstraZeneca» тибқи иҷозат дар Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои  Ҳиндустон (Srum Institute India) истеҳсол ва 15 феврали соли равон ба номгӯи маводи иммунобиологии дар ҳолати фавқулода истифодабарандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. 
- Эмкунии шаҳрвандон ройгон аст?
- Бале.
- Аз рӯи нақша чанд дарсади аҳолӣ бояд, ки иммунизатсия шаванд? 
- Тибқи нақшаи миллии иммунизатсия, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва вазорату сохторҳои дахлдор тасдиқ шудааст, дар маҷмӯъ, марҳила ба марҳила эмкунии 62, 5 дарсади аҳолии синни аз 18 боло дар назар аст. Мувофиқи нақша онро дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ аввал гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, кормандони соҳаи хизматрасонӣ, шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, ҳамчунин, нафарони аз 60 - сола боло хоҳанд гирифт. Аз рӯи нақшаи муайяншуда то ин дам аслан кормандони соҳаи тибби пойтахт ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд. Ҳоло кор дар ин самт бо суръат ҷараён дорад. Баъди иммунизатсия гурӯҳҳои осебпазири пойтахти кишвар, аҳолии шаҳру навоҳӣ ба эмкунӣ фаро гирифта мешаванд.
Тибқи дастурамали воя ҳар нафар бояд, ки 2 маротиба аз эмкунӣ гузарад. Фосилаи байни эмкунӣ аз 8  то 12 ҳафтаро дар бар мегирад. Дар ҳолати маротибаи дуюм иммунизатсия нашудан, масунияти одам метавонд, дигарбора паст гардад. 
Кӯшишҳое, ки Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи тиб дар ин самт анҷом медиҳанд, ба хотири зиндагии шоистаи мардум аст. Умед дорем бо ин роҳ хуруҷи  бемориро, ки ҳанӯз хавфи сироятёбиаш вуҷуд дорад, пешгирӣ намоем. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед