мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТУРКИЯ
29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гашт.
Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.
Робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода, аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ гардид.
Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемияи коронавирус ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ, зарур шумурда шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ниҳодҳо матраҳ гаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2021 №: 62 - 63 Мутолиа карданд: 4557