logo

сиёсат

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАЙҲУН БАЙРАМОВ

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё – Раванди  Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
 
Зимни вохӯрӣ, маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва маориф, баррасӣ гаштанд.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо, бахусус оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ташкили кооператсияи саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак, муҳиму назаррас арзёбӣ гардид. 
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон самти дигари аҳамиятноки ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.
Ҷонибҳо дар мулоқот ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва истифодаи босамари роҳҳои оҳан барои интиқоли молу маҳсулот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Аз рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби тоҷик, ҷудо кардани бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон, изҳори қаноатмандӣ шуда, пешниҳод гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар робита ба афзоиши сатҳи таҳдидҳо ва чолишҳо ба амнияти ҷаҳон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 482
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед