logo

сиёсат

ПАЁМ. ИМРӮЗ ТОҶИКИСТОН БЕ COVID - 19 АСТ

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям. 
 
Ин суханонро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ба мо - кормандони соҳа илҳоми тоза бахшид. Арзи сипоси Пешвои миллат масъулияти моро афзуд ва водошт, ки дар иҷрои рисолати касбӣ аз пештара дида ҷиддитар муносибат намоем.
Қобили зикр аст, ки дар масъалаи пирӯзӣ ба бемории COVID - 19 Ҳукумати кишвар ва ҳам Пешвои миллат нақши басо созгор  доранд. Маҳз дастуру супоришҳои Пешвои миллат буд, ки беморхонаҳои кишвар ҳини авҷи бемории COVID - 19 ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. 
Дар ин муддат ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани гирифторони COVID - 19 зиёда аз 30 беморхона махсус бо 7000 кат сафарбар гардиданд. Дар ин муассисаҳо 5400 нафар табибону кормандони соҳа дар хизмати халқ қарор доштанд.  Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат барои беморон омода шуд ва тамоми талоши табибон барои муолиҷаи дуруст равона гардид. Дар ин муддат аз ҷониби мутахассисони кишвар баъзе  маводи доруи, ки қобилияти зиддивирусӣ доранд, истеҳсол шуд. Олимони кишвар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба истеҳсоли маводи гипохлорити  натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё чун маводи антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода мешавад, оғоз намуда, тамоми беморхонаҳоро ройгон ба ин мавод таъмин намуданд. Яъне, барои аз байн бурдани   COVID – 19 ба кормандони соҳаи тиб Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат, олимону мутахассисон кумак расонданд. Натиҷаи ҳамин талошҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистон бе COVID - 19 аст. Аммо тавре дар Паём зикр шуд: «Ин чунин маъно надорад, ки  мо ба саломатии худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем».
 
Заррина ФАЙЗАЛИЕВА,
сармомодояи таваллудхонаи № 2 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 472
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед