logo

иҷтимоиёт

ҚАЙНАР. ЗЕБОТАРИН КӮЛИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ АЗНАВСОЗӢ ШУД

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар бозсозию эҳёи мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва рушди босуботи деҳот такони ҷиддӣ бахшид. Кӯли Қайнар яке аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Восеъ маҳсуб шуда, таърихи чандҳазорсола дорад. Онро Нозкӯл низ мегӯянд. Кӯли мазкур солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, ба вайронаю ботлоқзор мубаддал гашта, ба гуфтаи насли калонсол кӯли мазкур аз солҳои 80-ум то ҳол тозагиро надида буд. Хушбахтона, бо гузашти беш аз чил сол он дубора эҳё ва ба яке аз маконҳои сайёҳӣ табдил дода шуд.
Тавре Мисқолбӣ Саидова, директори мавзеи таърихии кӯли Қайнар, иттилоъ дод: «Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ кӯли Қайнар пурра навсозию дубора эҳё гардид. Дар ҳудуди он 16 ҳазор гули лола ва зиёда аз 45 ҳазор гули садбарг шинонда, 15 нишастгоҳи замонавӣ барои истироҳати сайёҳон гузошта шуд. Бо мақсади чароғоннамоии атрофи кӯл, бо ташаббуси дастандаркорон зиёда аз 80 қандил насб гардид. 
Масоҳати умумии кӯл 50 ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад. Сокинони атроф ривоёту устураи зиёдро роҷеъ ба таърих ва муъҷизаҳои кӯл қисса карданд. Гӯё дар дохили кӯл аспи азим, ки дар зебоӣ беназир аст, ба сар мебарад. Пайдоиши аспи даванди бодпои хатлонӣ низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирифтааст. Қиссаи мавҷуд будани асп дар кӯл аз даҳон ба даҳон рафта, вале то ҳол касе онро илман исбот накардааст. Қайнар ном гирифтани он таърихи худро дорад. Дар шафати кӯл оромгоҳе мавҷуд аст, ки ба андешаи сокинон, дар он бузургворе бо исми Хоҷа Қайнар дафн шудааст. Маҳз кӯл ба номи ӯ гузошта шудааст. Мутаассифона, дар бораи шахсияти Хоҷа Қайнар ҳеҷ маълумот пайдо нашуд. Сабаби дигари Қайнар ном гирифтани кӯлро дар фаввора зада баромадани оби он аз зери замин маънидод мекунанд. Кӯл аз ҳисоби оби чашмаҳои дохилаш пур шуда, як шохаи ҷоришавӣ дорад. Хурду калони деҳа ин ҷойро муқаддас шумурда, то ҳадде аз доштану истеъмоли моҳиҳои дохилаш худдорӣ мекунанд. 
Соли 2008 дар ҳудуди кӯл зимни ҳафриёти бостоншиносон тангае пайдо шуд, ки ба замони Кӯшониён рост меояд. Бостонӣ будани Қайнар илман тасдиқ шудааст.  
Дӯстмурод Ёрматов, нозири ёдгориҳои таърихии ноҳияи Восеъ, гуфт: «Тадқиқоти чандинсолаи бостоншиносон собит кард, ки Қайнар як кӯли одӣ набуда, балки дар замонҳои қадим Қалъаи Ҳулбук ва мавзеъҳои гирду атрофаш маҳз аз он бо оби ошомиданӣ таъмин мешудаанд». 
 
Суннати СОДИҚ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед