logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ЧӢ ТАВР МЕТАВОН САЙЁҲИРО ПАС АЗ ПАНДЕМИЯ БАРҚАРОР КАРД?

Коршиносони ҷаҳон бар он назаранд, ки сайёҳӣ дар соли 2020 соҳаи бештар аз пандемия зарардида мебошад. Дар аввали соли 2021 мо бо коршиносони ватанӣ суҳбат кардем ва фаҳмидем, ки соҳа дар давраи пандемия бо чӣ оқибатҳо рӯ ба рӯ шуд ва чӣ тавр сайёҳии Тоҷикистон боз метавонад ба тиҷорати даромаднок табдил ёбад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2020 ташрифи сайёҳон ба кишвари мо 72,2 дарсад кам шуд. Таъсири манфии пандемияи коронавирус, пеш аз ҳама, ба меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умум ва ба ҳунармандон расид. Хушбахтона, дар ин давра Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд. Тибқи он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардид. Гарчанд фаъолияти ширкатҳо бисёр маҳдуд гашт, ин дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ заминаи мусоид фароҳам овард. 
Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз медорад. "Ин омилҳое ҳастанд, ки аз мо вобаста нестанд. То роҳҳо, сарҳадҳо кушода  нашаванд, ҳавопаймоҳо парвоз накунанд, боварии мардум ба бехатарӣ пайдо нашавад, сайёҳии байналмилалӣ барқарор намегардад. Зеро сайёҳон худашон ҳал мекунанд, ки ба ин ё он кишвар раванд ё нараванд. Ягона коре, ки мо карда метавонем, ин иттилоърасонии доимӣ оид ба бехатарӣ, фазову шароити мусоид, омодагии инфрасохториву хизматрасонии муносиб мебошад". 
- Дар баробари он ки расондани иттилоотро ба ҷаҳониён ба воситаи интернет ва дигар воситаҳои муосир бояд давом диҳем, инчунин, мо бояд сайёҳии дохилиро рушд бахшем, - иброз  медорад Ш. Раҳимзода. - Бисёри шаҳрвадони мо, ки дар як минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, минтақаи дигарашро надидаанд. Дар ин самт аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун маблағгузорӣ намуда, шароит муҳайё намоем. Ҷавонону наврасонро ба сайёҳии дохилӣ ҷалб созем. 
Бояд гуфт, ки дар давраи шиддат гирифтани пандемия дар ҷаҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолияти хеле маҳдуд дошта, пас аз семоҳаи аввали соли 2020 аз хориҷи кишвар, умуман, меҳмон қабул накарданд. Буданд ширкатҳое, ки ба Сафед Дара, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳо сафари сайёҳони дохилиро хизматрасонӣ намуданд, вале ба миқдори хеле кам. Дар вақти авҷи пандемия кормандони ширкатҳои сайёҳӣ дар андешаи барқарор кардани соҳаи сайёҳӣ пас аз буҳрон буданд. 
Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент Интур», дар ин хусус иброз медорад, ки барои эҳёи соҳа бояд таблиғотро берун аз кишвар вусъат дод хатсайрҳои нави сайёҳӣ кушода намудҳои сайёҳиро васеъ кард.
- Аксарият гумон доранд, ки сайёҳон, аслан, барои сайёҳии кӯҳӣ ба Тоҷикистон меоянд, вале имкониятҳои сайёҳӣ дар кишварамон зиёданд, - мегӯяд ӯ. - Дар мамлакатҳои пешрафтаи сайёҳӣ як намуди сайёҳӣ бо номи «каики» маъмул аст, ки онро метавон дар кишвари мо низ ба роҳ монд, зеро дар Тоҷикистон дарёҳо бисёранд. Инчунин, рафтинг, қаиқронӣ дар кӯлҳо метавонанд, таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро дучанд гардонанд.  
Ба гуфтаи Ф. Ҳамроев дар деҳаҳо метавон сайёҳии гастрономиро роҳандозӣ кард, ки дар ҷаҳон ҳазорҳо хоҳишмандони худро дорад. Ташкили хатсайрҳои кӯҳӣ ё хатсайрҳои шаҳрии велотурҳо, дар ҳоле ки  тамоми ҷаҳон кӯшиши рӯ овардан ба ҳаёти солим доранд, айни муддаост. Аксари ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон мавсимӣ фаъолият мебаранд. Ин дар ҳолест, ки метавон сайёҳии зимистонаро низ дар кишвар ривоҷ бахшид. Мо бояд замина ва кадр омода созем, то барои қабули меҳмонон омода бошем.
Абдукарим Қурбонов, корманди Кумитаи рушди сайёҳӣ, афзуд, ки қабл аз ҳама, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бояд сазовор ва дар сатҳи баланд ҷамъбаст шавад. Барои ин имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ муаррифии бештар ва сармояи дохиливу хориҷӣ ба рушди инфрасохтори он ҷалб шаванд. Бо ин мақсад кумита нақшаҳои мушаххас таҳия намудаст. Баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз мероси фарҳангӣ – сайёҳӣ», дар доираи таҷлили 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ аз ҷумлаи онҳост, ки ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва боло бурдани имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ замина мегузорад.
Мусаллам аст, ки айни замон набояд рушди фаъолонаи сайёҳии воридотӣ ва байналмилалиро интизор шуд. Сарфи назар аз барқароршавии тадриҷии иртиботи ҳавоӣ бо дигар давлатҳо, қариб дар ҳама ҷо чораҳои пас аз коронавирусӣ ҷорӣ шудаанд, ки пешниҳоди варақаи солимӣ ё ташхиси ҳатмии тиббиро пешбинӣ менамояд. Ҳама намояндагони соҳа оқибатҳои манфии бекории маҷбуриро бо сабаби пандемия эҳсос карданд, аммо тамоюли тадриҷан коҳишёбии сирояти бемории COVID-19 дар Тоҷикистон мутмаин месозад, ки чораҳои маҳдудсозанда ба зудӣ бекор мешаванд ва сайёҳӣ ба барқароршавии фаъолонаи худ шурӯъ менамояд.
  
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед