logo

иқтисод

ДӮСТӢ ВА ҶАЙҲУН. ТАҚДИМИ 64 ТРАКТОР БА МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон кишоварзони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) тавассути Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соҳиби трактору таҷҳизоти муосири техникӣ гардиданд.
 
Мақсади асосии таъминоти деҳаҳои зерҳадаф бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ин мусоидат дар самаранок истифода бурдани заминҳои корам, сари вақт кишт ва ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, ба ин васила баланд бардоштани даромаднокӣ ва маҳсулнокӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мебошад. Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфтанд, ки барои ҳалли мушкилоти деҳаҳо мусоидат менамоянд.
Дар доираи лоиҳа, 8 трактори МТЗ - 80.Х, 2 МТЗ - 892, 19 МТЗ - 82.1, 12 ядак (прицеп), 20 испор, 12 култиватори байниқаторӣ, 3 алафтойбанд, 3 сихмола, 4 алафдарави тракторӣ, 18 дорупошаки дастии муҳаррикдор, 1 молаи чархдор, 1 дорупошаки тракторӣ дастраси кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ шуд. Дар асоси дархос-ти марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ оид ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ як қатор зерлоиҳаҳо амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Дӯстӣ 21 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо дафтари кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ: компютер, принтер, ҷевони китобмонӣ ва мизу курсиҳо таъмин гардид. Инчунин, 26 инкубатори чӯҷабарорӣ ва 1680 сар мурғи марҷон бо беш аз 604 ҳазор  кило хӯрока ба 21 гурӯҳи ташаккули даромадовар барои занон (ГТДЗ) тақсим шуданд. 
Ба ноҳияи Ҷайҳун 10 трактори тамғаи МТЗ - 80.Х, 20 МТЗ - 82.1, 5 УТО - 504, 8 ядак, 24 испор, 2 култиватори байниқаторӣ, 2 алафтойбанд, 3 алафдараваки тракторӣ, 2 мотоблоки алафдаравӣ, 1 дорупошаки тракторӣ ва 2 мошинолот барои дарави зироатҳои хӯроки чорво (КИР 1,5) дастрас гашт. Дар асоси лоиҳа, ба 19 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дафтарҳои кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ: компютер, принтер, мизу курсӣ ва ҷевонҳои китобмонӣ тақдим гардида, ба 9 гурӯҳи занон 14 инкубатори чӯҷабарорӣ ва 720 сар мурғи марҷон, инчунин, қариб 26 ҳазор кило хӯрока дода шуд.
- Кишоварзони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун ба чунин трактор ва мошинолоти кишоварзии муосир эҳтиёҷ доштанд. Техникаҳои шудгоркунанда ва мошинолоти нави кишоварзӣ барои истифодаи босамари замин ва баланд гардидани ҳосилнокии он мусоидат менамоянд, - мегӯяд Абдулаҳад Хоҷазода, директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо». - Албатта, кишоварзон бо чунин техника кишт, коркард ва ҷамъоварии зироатҳои хӯроки чорворо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд. Дар самти дастгирии рушди соҳа боз як қатор нақшаҳо тарҳрезӣ гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ амалӣ мешаванд. 
Раҳмон Дамонов, ҳамоҳангсозӣ лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», иброз дошт, ки лоиҳа дар 7 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ - Деваштич, Шаҳристон, Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт ва Тоҷикобод татбиқ мегардад, ки 46 ҳазору 982 хонаводаро фаро мегирад. Ҳадафи он мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот мебошад.
Гуфта шуд, ки имкониятҳои табии ноҳияи Дӯстӣ ва Ҷайҳун барои таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд аст. Хоҷагидорон метавонанд дар заминаи чунин дастгириҳо майдони киштро васеъ ва парвариши зироату рустаниҳоро дар асоси таҷрибаи муосири илман асоснокшуда ба роҳ монда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии босифатро таъмин кунанд.    

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед