logo

иҷтимоиёт

САРГУЗАШТИ ПЕЧИДА. РӮЗЕ, КИ ШОҲТЕМУРРО БА ҲАБС ГИРИФТАНД...

Тобистони соли 1937. Сайфулло Абдуллоев, яке аз ҳамкорон ва ҳамнишинони доимии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки он вақт дар мансаби Комиссари халқии саноати маҳаллии ҶШС Тоҷикистон кор мекард, бегоҳ баъд аз кор бо Сафармамад Амдинов ва Худоназар Мирзонаботов ба хона омад. Ман таом омода мекардам. Сайфулло бо меҳмонон дар меҳмонхона аз ҳар боб суҳбат мекард. Мо он замон бо фарзандонамон, ки ҳанӯз мактабхон набуданд, дар Сталинобод (Душанбе) зиндагӣ мекардем.
 
Ин нақл аз забони модаркалонам - Нан Майно, ҳамсари Сайфулло Абдуллоев аст, ки ба ман қисса карда буд. - Ҳоло таомро накашида будам, ки Сайфулло гуфт: "Бародарон, имрӯз дар Москва Иҷлосияи 5-уми Шӯрои Олии ИҶШС мегузарад. Дар иҷлосия намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла раиси Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур иштирок мекунад", - ба нақлаш идома дод, модаркалонам.
- Сайфулло аз ҳуҷраи дигар радиоприёмникро бо гӯшмонакҳояш гирифта оварду ба ман хитоб кард: "Майно, ту ҳоло таоматро накаш, мо бо меҳмонон ахбори радиои марказиро гӯш мекунем. Канӣ фаҳмем, дар Москва чи гапу хабар, дар бораи иҷлосия бояд хабар диҳанд. Вақте фориғ шудем, бо иштиҳо палов мехӯрем".
Табъашон болида буд. Онҳо саргарми хабарҳои радио буданд. Ман мушоҳида кардам, ки баъди чанде авзои Сайфулло дигар шуд. Ӯ гӯшакҳои радиоприёмникро гирифта, бо асабоният ба тарафи девор партофт. Қисмҳои гӯшакҳо ҳама дар рӯи фарши хона паҳну парешон шуданд. Сайфулло аз ғазаб меларзиду мегуфт: “Душманони миллат ҳеҷ ором намешаванд, боз корашонро карданд”. Ӯ ошуфтаҳолона рӯи меҳмонхона қадам мезад.
Акаи Сафармамад дигар тоқат накарда, беҷуръатона пурсид:
- Чӣ гап шуд, акаи Сайфулло, тинҷӣ?
Сайфулло бошад, баъди каме сукут бо хотири озурда ва овози ларзон гуфт: - Аз куҷо тинҷӣ? Шириншоҳро ба раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС интихоб накарданд!
Сафармамад-ака Сайфуллоро таскин додан хоста:
- Ҳеҷ гап набудааст-ку, ин дафъа Шириншоҳ аъзои КИМ ИҶШС интихоб нашуда бошад, соли дигар боз интихоб мешавад!
Сайфулло бо нигаронӣ аз пайомади чунин иттифоқот ба меҳмонон гуфт, ки Шоҳтемур ва чанде аз ҳаммаслаконаш мавриди таъқиботи пинҳонӣ ва туҳмат қарор гирифтаанд. Душманони миллат, ҳам аз байни халқи худамон ва ҳам аз байни миллатҳои дигар, мехоҳанд Шириншоҳро, ки пайваста садди роҳи ғаразҳои нопокашон мегардад, аз байн бардоранд. Онҳо намехоҳанд эътироф кунанд, ки миллати соҳибтамаддуне бо номи тоҷик дар моварои таърихи башарӣ арзи ҳастӣ дорад. Вале Шириншоҳ барин фарзонагон борҳо аз мавҷудияти тоҷики овозадор дарак додаанд. Аз ин рӯ, бадхоҳони миллат кадом нияти шумеро пеш гирифтаанд. Вагарна Шириншоҳро барои кадом гуноҳаш аз аъзогии раёсати КИМ ИҶШС барканор кардаанд...
Баъдан маълум шуд, ки нигарониҳои Сайфулло бесабаб набудааст. Шириншоҳ дигар ба Ватан, ба Тоҷикистони азизаш барнагашт. 9 июли соли 1937, ҳамон рӯзе, ки Сафармамад ва Худоназар дар Душанбе дар меҳмонии мо буданд ва дар Москва Иҷлосияи Шӯрои Олии ИҶШС мегузашт, Шириншоҳро бо иттиҳоми “душмани халқ” ба ҳабс гирифтанд. Баъди даҳ рӯзи ин ҳодиса дар ватанаш ҳам нисбат ба ӯ ноадолатӣ шуд. Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон Шириншоҳро аз вазифаи Раиси Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон озод карда, аз ҳайати Президиум ва узвияти КИМ баровард. Гузашта аз ин, барои фаъолияти “зиддидавлатӣ ва зиддиинқилобӣ” аз сафи ҲК ИШ хориҷ карданд. 
Чанд рӯз пас Шура (Александра), зани Шоҳтемур, ки ҳамроҳи шавҳараш ба Москва рафта буд, ба Сталинобод баргашт. Ӯ моро бовар кунонд, ки ба зудӣ бегуноҳии Шоҳтемур исбот мешавад ва ӯ боз ба Тоҷикистони азизаш бармегардад. Шура, Сайфулло ва боз чанд нафар дӯстони Шоҳтемур, ки ба бегуноҳияш бовар доштанд, дари утоқи кории роҳбарони вақти ҷумҳуриро мекӯфтанд. Идорае набуд, ки сар нахалонданд, вале, бенатиҷа. Роҳбароне ҳам буданд, ки рӯирост мегуфтанд: “Ҳизб бояд аз чунин ашхос, мисли Шоҳтемур тоза шавад, барои чунин нафарон дар байни мо ҷой нест”. Гап дар бораи шахсе мерафт, ки аз рӯзҳои аввали ташкили ҳокимияти шӯроҳо ба он содиқ буд, хизмати софдилона кард, дар душвортарин лаҳзаҳо ҳаёташро дар хатар мегузошт, вале вазифаи худро бечунучаро иҷро менамуд. 
Ҳамин тавр, рӯзҳо мегузаштанд. Умеду ноумедиҳо ҳамдигарро иваз мекарданд. Шоҳтемур ҳанӯз дар ҳабсхона буду моҳи сентябр ҳам фаро расид. Фасли хазони соли 1937 хазони умри Шоҳтемур ва ҳамқадамонаш гардид. 10 сентябри ҳамон сол дар саҳифаи рӯзномаи “Правда” мақолаи В. Верховский, мухбири махсуси ин рӯзномаи бонуфузи марказӣ дар Тоҷикистон бо номи “Душманони халқи тоҷик” ба нашр расид, ки он ба тӯфони сиёсии соли 1937 авҷи тоза бахшид. Бюрои КМ ПК(б) Тоҷикистон бе ягон муҳокима мақолаи мазкурро ба асос гирифта, 13 сентябри соли 1937 дар бораи аз вазифа барканор кардан, аз ҳайати Бюро ва Кумитаи марказӣ баровардан ва аз сафи ҳизб хориҷ намудани як гурӯҳи калони коркунони роҳбарикунандаи мақомоти гуногуни ҷумҳуриявӣ, вилоятиву ноҳиявии ҳизбӣ ва давлатӣ қарор баровард. Сайфулло Абдуллоев низ дар қатори ин нафарон буд, ки ба ҳабс гирифта шуд. Баъдан бо ҳукми Коллегияи суди ҳарбии ИҶШС Шириншоҳ, Сайфулло ва чандин бегуноҳон ба қатл расонда шуданд. Оилаҳои мо, ки дар Сталинобод дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем, пароканда шуданд. Ин поёни кор набуд ва моро саргардониву машаққати зиёде дар пеш буд. Маро чун ҳамсари “душмани халқ” ба Сибир бадарға карданду писарам Шариф ва духтарам Лаълбегимро ба лагерҳои махсус барои фарзандони “душманони халқ” фиристонданд. Хайрият, духтари хурдиам - Анҷирбегимро, ки он вақт ҳамагӣ 4-сола буд, як хешамон бо худ ба Бадахшон овард. Вақте ки ман аз Сибир баргаштам, дар Сталинобод ҳам наистода, дар тӯли 3 моҳ пои пиёда ба Хоруғ расидам. Аз фарзандонам ҳанӯз дарак набуд. Аз тарси дубора аз Ватан канда нашуданам ёрои суроғи онҳоро ҳам надоштам. Шураро, баъди он ки одамони НКВД омада, моро бурданд, дигар надидам. Аз ҳолу аҳволи хонаводаашон ҳам дараке набуд. Фақат соли 1964 бо Шириншоҳи хурдӣ - писари Шириншоҳ Шоҳтемур, ки барои иштирок дар Ҷашни 40 - солагии ҶШС Тоҷикистон даъват шуда буд, дар шаҳри Хоруғ вохӯрдам. Аз нақли ӯ фаҳмидам, ки Шура (модараш) хеле барвақт, соли 1944 аз олам даргузаштааст. Хайрият, ки ман фарзандонамро дертар ҳам бошад, ёфтам, вале ба Шураи шӯрбахт дидори писаронаш - Шириншоҳу Рустам, ки ҳамсоли фарзандони ман буданду дар кӯдакӣ бо ҳам бозӣ мекарданд, дигар муяссар нашудааст, - гуфт дар поёни қиссаи ҷонсӯзаш модаркалонам Нан Майно.
 
Мунири РАҲМОНИЁН, корманди Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2021    №: 64    Мутолиа карданд: 537
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед