logo

фарҳанг

МАНФРЕД ЛОРЕНС: "ТОҶИКИСТОН АВВАЛИН МУҲАББАТИ МАН АСТ!"

Манфред Лоренс шарқшиноси бузурги Аврупо буда, аз аввалин донишҷӯёни хориҷии Тоҷикистон аст, ки соли 1957 пас аз хатми факултаи эроншиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) роҳхат гирифт. Ҳадаф дошт, ки дар ин ҷо ҳамчун унвонҷӯ забон ва адабиёти тоҷикро омӯхта, бо ҳаёти мардуми тоҷик ошно гардад. Он замон забони моро кам медонист, баъди пайвастан бо соҳибзабонон, то охири умр ба тоҷикӣ озодона ҳарф мезад.
Унвонҷӯи ҷавони олмонӣ аз зинапояи қатора поён шуда, бори нахуст Душанберо дид. Аз байни мардум ӯро намояндаи донишгоҳ - як бонуи ситорагарм бо гулдаста пешвоз гирифта, ба лаҳни тоҷикӣ хайрамақдам гуфт. Он бону пажӯҳишгари шаҳири тоҷик Мукаррама Қосимова буд. Он замон Қосимова роҳбарии кафедраи забони тоҷикиро дар ДМТ бар зимма дошт.  
Баъдтар бо ҳидояти Мукаррама Қосимова дар мавзӯи «Фарқият миёни забони тоҷикии муосир ва забони форсӣ дар Эрон» рисолаи илмӣ навишт. Худи Лоренс мегӯяд: «Сафар ба Тоҷикистон, ки 5 ҳазор километр дур аз зодгоҳам аст, нахустин сафари ман ба хориҷи кишвар буд ва аз ҳар ҷиҳат ба ҳаёти минбаъдаам нақши муассир гузошт. Дертар ман имкон доштам чандин маротиба бо масъалаҳои корӣ ва хусусӣ ба Тоҷикистон сафар кунам». Хушбахтона, Манфред Лоренс пеш аз маргаш хотираҳои худро дар бораи Тоҷикистону Душанбе ва чанд тан аз пажӯҳишгарони тоҷик навишта рафт. Ёддошти ӯро фарзанди донишёру миллатдӯсти тоҷик Соҳибназар Ғайратшо тарҷумаву нашр кард.
 
АШКИ «ПАДАРИ ТОҶИКАМ»
Унвонҷӯи навомадаро ба хобгоҳ мебаранд. Он ҷо ӯ бо «яке аз дӯстони наздику самимии ояндааш дар Тоҷикистон» Мансурхон Бобохонов шинос мешавад. Аз Бобохонов дар бораи таърихи Тоҷикистон, расму оинҳои вижаи халқи мо бисёр чизҳоро омӯхт. Дертар бо оила ва хешовандони Бобохонов шинос шуда, дар шаҳри Конибодом писархонди оилаи мазкур эътироф шуд. Боз ҳам менависад: «Падари тоҷикам (манзураш падари Бобохонoв) вақти гусели ману ҳамсарам ба Олмон хеле ашк рехта буд. Оби чашми як пирамарди самимӣ аз ҳама чизи дунё дида арзишмандтар аст, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад».
Минбаъд робита бо ректори вақти донишгоҳи миллӣ Солеҳ Раҷабов фаъолияти илмии ӯро рангину пурмазмун кард. Аз тарафи донишгоҳ Лоренс ба марказҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ - Самарқанду Бухоро фиристода мешавад.
Бино ба навиштаи Лоренс, дарсҳои Додоҷон Тоҷиев, машғулиятҳои назариявии Соҳиб Табаров, сабақҳои Шарифҷон Ҳусейнзода, профессорон Ҳилол Каримов ва Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов дар рушди афкори олим нақши калидӣ бозид. То вопасин нафас ифтихор мекард, ки дар дипломи судураш имзоҳои ин бузургворон ҳаст. Ҳатто бо фараҳмандии зиёд ба хотир меорад, ки рӯзи ҳимояи рисоли номзадӣ дар Берлин як бонуи тоҷик аз байни иштирокчиён бармехезад ва ба ҷои «кулоҳи рамзии докторӣ» тоқии тоҷикӣ мепӯшонад.
 
ДУШАНБЕ – МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАРҚШИНОСӢ
Манфред Лоренс менависад: «Душанбе ҳамеша маркази шарқшиносӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми сафарҳои минбаъдаи худ ман он ҷо олимони бисёрро аз гӯшаҳои мухталифи дунё вохӯрдам. Бо В.С. Расторгуева, А.З. Розенфелд, Д.С. Комиссаров, ки дар ташаккули забони тоҷикии порсӣ хидматҳои шоистаи илмӣ анҷом додаанду ман бо онҳо дар оянда ҳамкорӣ доштам, маҳз дар Душанбе шинос шудам. Замони дар Душанбе қарор доштанам, шарқшиносони онсолҳо ҷавон В.И. Лившитс ва Е.М. Оранский дар Тоҷикистон кор мекарданд. Мулоқоти ман бо профессор А.А. Семёнов, марди пиронсоли бурутдор, ки донандаи хуби таърихи Аморати Бухоро буд, аз ёд намеравад. Маҳз дар Тоҷикистон бо яке аз беҳтарин донандагони адабиёти тоҷик, олими чех Иржи Бечка ошно гардидам. Ин шиносоӣ бо мурури замон ба дӯстии мустаҳкам табдил ёфт. Ман дар ҳамоишҳои байналмилалӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ маърӯза мекардаму Бечка дар бораи адабиёти тоҷик».
 
МУБАЛЛИҒИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР БЕРЛИН
Баъди  бозгашт Манфред Лоренс дар баробари забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба омӯзиши Осиёи Марказӣ низ машғул шуд. Соли 1967 дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгар Бузург Алавӣ «Китоби дарсии забони форсӣ» - ро таҳия ва чоп кард. Соли 1977 устоди забони тоҷикӣ ва забонҳои осетӣ ва соли 1987 профессори бахши шарқшиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин таъйин гардид. Бахши мазкур забонҳои тоҷикӣ (форсии дарӣ), пашту, осетӣ, курдӣ, инчунин, дигар забонҳои қадимаи эрониро дар бар мегирифт. Баъди муттаҳид шудани ҷумҳуриҳои федералӣ ва демократии Олмон бо ташаббуси Лоренс дар Донишгоҳи Ҳумболдт самти нави таҳсил: «Илмҳои Осиёи Марказӣ» таъсис ёфт. Ӯ дар баробари роҳбари ҳайати таҳририяи тарҷумаи китобҳои устод Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо» будан, муаллифи даҳҳо мақолаву гузоришҳои пажӯҳишӣ, тарҷумони сад ҳуҷҷати таърихӣ, ҳикояву афсонаҳои мардумии форсу тоҷик буд. Номбурда то соли 1993 ба таълими забонҳо, забон ва адабиёти тоҷик ва мардумони Осиёи Марказӣ саргармӣ дошт. Ҳоло ҳам шогирдони мавсуф роҳи устодашонро идома дода истодаанд.
 
«КИТОБХОНААМ АЗ ТОҶИКОН БОД!»
Соли 2011 Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари расмии худ ба Олмон дар вохӯрӣ бо ҳамватанон ва равшанфикрон профессор Манфред Лоренсро бо ордени «Дӯстӣ» қадр карданд. Қаблан ӯ доктори ифтихории ДМТ ва Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон гардида буд. Лоренс дар мусоҳибаи соли 1989, ки дар ҷаридаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шудааст, мегӯяд: «Баъди Тоҷикистон ба Эрону Афғонистон сафар кардам, кишварҳои бисёр ҳам аҷибанд, аммо Тоҷикистон ҳамчун аввалин муҳаббати ман дар дилам боқист!».
Лоренс бори охир соли 2014 ба ифтихори 3000 - солагии Ҳисори бостон ба кишвари мо ташриф овард ва бо нутқи ҷаззобу пурмазмуни худ паҳлуҳои норавшани таърихро равшан кард. 
Мавсуф соҳиби се писар буда, яке аз онҳо Дирк Лоренс мебошад. Ӯ ҳанӯз ҳам робитаро бо тоҷикон идома медиҳад. Манфред Лоренс 25 майи соли 2017 аз олам чашм пӯшид. Пеш аз марг китобхонаи шахсии худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон супурд, ки бидуни шубҳа, ганҷинаи шойгони миллати мост.
Имрӯз вақти он расида, ки пажӯҳишгарони ҷавони мо дастхату китобҳо ва осори аз Лоренс бозмондаро омӯзанд, асарҳои чопнашудаашро нашр кунанд ва дар зинда гардондани номи як тан сарсупурдаи миллати тоҷик ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву адабии Тоҷикистон ва Олмон хидмат намоянд. Дар ин росто, аз шуъбаи «Тоҷикшиносӣ» - и Китобхонаи миллӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мехостем, ки ин кори хайру муҳимро пайгирӣ кунанд. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2021    №: 64    Мутолиа карданд: 522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед