logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

31 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар маҷлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 – 2020” ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии неруи барқ ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Ҷумъа Далер ва “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022” гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 – 2020 барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ, манъи буридани ҷангалу буттаҳо барои сӯзишворӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона карда шудааст.
Тибқи барнома, давоми солҳои 2016 – 2020 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо ШСХК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Помир энерҷи” ва шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз ҳисоби чорабиниҳои асосии барнома 9 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 2 260 кВт ба маблағи 127,9 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар ин давра берун аз барнома 9 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 1 685 кВт ва бо арзиши 31,7 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Ҳамзамон, дар доираи барнома, бо ҷалби шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои ватании лоиҳакаш асосноккунии техникию иқтисодии 45 неругоҳи барқи обии хурд таҳия гардида, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфти манбаъҳои сармоягузорӣ оғоз гардиданд.
Дар натиҷаи ба истифода додани неругоҳҳои хурди мазкур, барои бо неруи барқ таъмин намудани 2231 хоҷагӣ, 21 муассисаи таълимӣ, 15 бунгоҳи тиббӣ ва 93 иншооти гуногуни хоҷагии халқ шароит фароҳам омад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои таъмини босифати Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 – 2020, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории кам кардани талафоти неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он ва ҷорӣ кардани системаи муосир дар соҳа тадбирҳои мушаххас андешанд.
Вобаста ба сари вақт омода сохтани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки аз ҳозир миқдори зарурии ангишт, сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ захира гардида, барои таъмини неруи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҳавасмандӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар кишвар мусобиқаҳо аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шаванд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумат ду пешниҳод – Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021 – 2023, Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Дар охир Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи саривақтию босамари барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба иҷрои тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ дар давраи пандемияи коронавирус, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастуру супоришҳо дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 7646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед