мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАҲДУМ ШОҲ МАҲМУД ҚУРЕЙШӢ
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 9-умин Конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои Конфронси душанбегии “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳавасманд аст, то имкониятҳои таҳкиму густариши бештари муносибатҳо, бо назардошти манфиатҳои муштараки ду кишвар, ба таври самаранок истифода шаванд.
Бино ба таъкиди ҷонибҳо, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба имрӯз бастаи калони санадҳо ба имзо расидааст, ки заминаи мусоиди ҳуқуқии ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, туризм, алоқаи ҳавоӣ ва робитаҳои амниятиро фароҳам меоранд.
Барои густариши бештари робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории амниятӣ, таъкид гардид, ки Тоҷикистону Покистон дар мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи CASA – 1000, зарурати интиқоли неруи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, матраҳ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.04.2021 №: 65 Мутолиа карданд: 4333