logo

сиёсат

«ҚАЛБИ ОСИЁ - РАВАНДИ ИСТАНБУЛ». ТОҶИКИСТОН ДУРНАМОИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ДАР АФҒОНИСТОНРО МАТРАҲ КАРД

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё - Раванди Истанбул», ки 30 марти соли ҷорӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамчун кишвари ташаббускору пешоҳанг дар ҳалли масоили байналмилалӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ дар амри расидан ба сулҳ, барқарории ҳаёти осоишта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масири наверо боз кард. Зеро маҷмӯи қарордод ва мувофиқаҳои ҳосилшуда дар ин ҳамоиши сатҳи баланд амалан ба дурнамои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон мусоидат намуда, механизми нави ҳамкорӣ ва кумакҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишварро самти тоза хоҳад бахшид.
 
Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» аҳамият ва нақши ин муколамаро дар таҳкими муносиботи сиёсиву ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон бозгӯ намуда, аз дидгоҳи коршиносони масоили минтақавӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ бахши меҳварии ҳамоиш арзёбӣ гардид. Дар гузоришу матолиби таҳлилии расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои иштирокчии «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» ба таври фаровон истифода шудани иқтибосҳо аз нутқи Сарвари давлати мо, ки дар он шеваҳои муассир ва механизмҳои нави барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон дақиқан матраҳ гардиданд, далели ин амр аст.
Пешвои миллат зимни суханронии худ нақши «Қалби Осиё - Раванди Истанбул»-ро ҷиҳати тақвияти ҳамоҳангии бештар ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои мушаххас дар Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, изҳори бовар карданд, ки ҳамоиши Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои устувор мегузорад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳам мепайванданд ва решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон тавассути ба роҳ мондани иқдомоти амалгароёна татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. - Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад, - таъкид доштанд Пешвои миллат.
Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз минбари музокироти байналмилалӣ ҳамеша аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки ёриҳои худро дар ҳалли қазияи Афғонистон дареғ надорад. Зеро буҳрони ин кишвар фаротар аз марзи худ буда, як мушкилоти  байналмилалӣ ба шумор меравад. Зимнан, Сарвари давлати мо борҳо таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва хатми ҷанги беш аз чилсолаи он танҳо дар доираи музокирот ва гуфтугӯи мусолиматомез имконпазир хоҳад буд. 
Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар қисми ифтитоҳии конфронс қобили таваҷҷуҳ буд. Сарвари давлати ба мо дӯсту ҳамзабон аз сатҳи баланди тадорукоти анҷомшуда ҷиҳати баргузории конфронс ва талошҳои пайвастаи кишвари мо дар амри расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пуштибонии ҳамешагиашон аз давлат ва мардуми афғон арзи сипос намуд. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳор дошт, ки ҳоло Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба марҳилаи таърихии расидан ба сулҳи пойдор наздик мешавад, ки он барои тамоми кишварҳои минтақа арзиши муҳим дорад.
Дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё - Раванди Истанбул», ки рӯи масоили Афғонистон тамаркуз мекунад, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ, ширкат доштанд. Дар ҳамин ҳол, ҷараёни нишаст аз ҷониби беш аз 100 хабарнигори ватанию хориҷӣ пайгирӣ ва дар сархати расонаҳо қарор гирифт. 
Аксари иштирокдорони конфронс дар доираи баҳсу баррасиҳо ба ин нукта таъкид карданд, ки таҳкими муносиботи дӯстӣ байни кишварҳои минтақа ва аъзои «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» василаи муҳими расидан ба ҳадафҳои бунёдии ин раванд оид ба сулҳи Афғонистон мебошад. Вазирони корҳои хориҷӣ бо ишора ба нақши калидии Афғонистон дар таъмини амнияти минтақавӣ, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои созанда, талошҳои сулҳҷӯёна ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар баён доштанд. Ҳамчунин, иштирокчиён бо шумули намояндагони кишварҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ карда, аз ҷонибҳои даргир даъват ба амал оварданд, ки барои истиқрори сулҳу оромӣ дасти ҳам бигиранд. Зимнан, тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба сифати муҳимтарин самти ҳамкорӣ байни кишварҳо, дар меҳвари суханрониҳо қарор гирифт.
Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» бо қабули санади ниҳоӣ – Эъломияи Душанбе оид ба самтҳои ҳамкории муштарак ҷиҳати барқарории сулҳ дар Афғонистон ба поён расид, ки натиҷаҳои он аз ҷониби иштирокчиён ва дигар доираҳои таҳлилӣ манфиатбахшу созанда тавсиф шуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки воқеан, анҷумани имрӯза дар таърихи нишастҳои раванди муколама аз муваффақтарин ва пурбортарин ҳамоишҳо буд. Зеро таҷрибаи барҷаста ва усули хоси дипломатияи кишвари дӯсту ҳамзабонамон - Тоҷикистон ин заминаро фароҳам кард, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ конфронс бо ҳузури васеи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ дар фазои боз ва ҳусни тафоҳум баргузор гардад. 
Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар идомаи суҳбаташ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки дар конфронс идомаи хушунат дар Афғонистон шадидан маҳкум шуд. “Мо бо ҷамъи ҳамтоён ва иштирокчиёни конфронс, дар баробари ҷустуҷӯи шеваҳои муассири сулҳ дар Афғонистон, ҳамчунин, ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ таъкид кардем. Дар робита ба татбиқи пружаҳои амалишаванда, аҳамияти лоиҳаи CASA 1000, бисёр муҳим хонда шуд, зеро он афзалияти фаромарзӣ дошта, ба манфиати тамоми минтақа хидмат хоҳад кард”.
- Шукӯҳи фазоии даври нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» бо мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ин раванд бар асоси ниёзмандиҳои замон як ҳаракати муназзами дипломатиро дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ эҷод кардааст. Умедворем, ки мувофиқаҳои ҳосилшудаи конфронс, ки дар садри он талошҳои хайрхоҳонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти дӯстонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, моро ба марзи сулҳу оромии Афғонистон, ки ба манфиати тамоми минтақа хоҳад буд, наздик месозад, - хулоса кард вазири корҳои хориҷии Афғонистон.  
Мавриди зикр аст, ки «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, фаъолияти он ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронда шудааст. Муколамаи минтақавӣ, ҳамчунин, заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ намудани тарҳҳои гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетика таъмин мекунад.
Дар нишастҳои «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» вазирону намояндагони 15 кишвари аъзо - Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, 16 кишвари мададрасон - ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Япония, Франсия, Канада, Австралия, Дания, Миср, Финляндия, Италия, Ироқ, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия ва 16 созмони минтақавию байналмилалии мададрасон сари мизи музокирот менишинанд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, 
Комрон САФАР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед