logo

иҷтимоиёт

ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. ОБРАЗИ ШОҲТЕМУР ДАР ДРАМАТУРГИЯИ ТОҶИК

То кунун дар бораи ҳаёт ва роҳи тайнамудаи раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон Шириноҳ Шоҳтемур драмаву спектаклҳои «Ситораи умед», «Телеграмма ба Ленин» (Ғанӣ Абдуллоҳ ва Абдусалом Атобоев, соли 1975 ва 1976), «Шамшери бурро» (Муҳаммадҷон Рабиев, 1981), «Давлати баргашта» (Ато Мирхоҷа, 1999, «Дурахши ахтар» ва «Қурбонӣ» (Қурбон Аламшоев ва Умед Хисравов, 2019) эҷод шудаанд.
 
Драмаву спектаклҳои ба ҳаёти Шоҳтемур бахшидашударо дар саҳнаи театри Хоруғ бори нахуст режиссёри бомаҳорат Қадамшоҳ Халилов (рӯҳаш шод бод) гузошт. Зеро он солҳо на ҳар кас ҷуръат ва истеъдод дошт, ки ин симои таърихиро дар саҳна нишон диҳад. Режиссёри басаҳнагузоранда бо иҷрокунандаи нақши асосӣ - Шоҳтемур актёр ва режиссёри театр Мирзоазиз Мамадазизов хеле кор карданд, заҳмат кашиданд ва ниҳоят як нақши таърихӣ ва хотирмонро пешкаши тамошобинон гардонданд. Нақши Шоҳтемурро дар ду асар - «Ситораи умед» ва «Телеграмма ба Ленин» ҳунарпеша Мирзоазиз Мамадазизов бозӣ карда буд.
- Вақте ки сарежиссёри театр Қадамшоҳ Халилов соли 1975 драмаи «Ситораи умед»- ро дар театри Хоруғ ба саҳна гузоштанӣ шуд, барои маслиҳату машварат ба назди муаллифи драма Ғанӣ Абдуллоҳ ба шаҳри Душанбе рафт. Се рӯз режиссёр бо драматург кор карда, баъзе саҳнаҳоро ихтисор карданд. 
Бори нахуст мебоист дар театри Хоруғ нақши Ленинро дар ин драма артисти театр Бахтулҷамол Карамхудоев бозӣ кунад. Режиссёри басаҳнагузоранда Карамхудоевро барои омӯзиш ва таҷриба ба шаҳри Москва, назди педагогҳои барҷастаи санъати театрӣ Борис Смирнов, Алексей Грибов ва Алексей Попов фиристонд. Ҳунарманд на танҳо офаридани нақши Ленинро дар театр, балки маҳорати актёрӣ, ҳаракат дар саҳна, тарзи гуфтор ва хислатҳои алоҳидаи актёриро омӯхт. Ҳамчунин, имконият шуд, ки дар шаҳри Москва бо яке аз ҳамсафони Шоҳтемур – Алексей Михайлович Дяков вохӯрад ва маслиҳатҳои муфид гирифт, - мегӯяд ҳамсари режиссёр Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бибимоҳ Маликова. 
Драмаи «Ситораи умед» (иборат аз ду парда ва шаш намоиш), асосан ба ҳаёти ҷавонии Шириншоҳ то ба давраи коргарӣ дар заводи пиво, роҳи оҳан ва депои трамвайҳо, шиносоӣ бо Абдулло Раҳимбоев, фаъолият ҳамчун намояндаи фавқулодаи ғаллатайёркунии марказ дар Хуҷанд бахшида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки нақши Шоҳтемурро дар драмаҳои «Ситораи умед» ва «Телеграмма ба Ленин» Мирзо Мамадазизов ва дар драмаи «Шамшери бурро» Маъруфшоҳ Мазҳабшоев офарида буданд. Драмаҳои «Дурахши ахтар» ва «Қурбонӣ»-ро саррежиссёри театри Хоруғ Умед Хисравов таҳия кард ва иҷрои нақши Шоҳтемурро бар уҳда дошт. 
Бахшида ба 90-солагии Ш. Шоҳтемур соли 1989 дар саҳнаи театри Хоруғ композитсияи мусиқӣ – саҳнавии «Фарзанди Бадахшон» гузошта шуд. Дар ин композитсия нақши Шоҳтемурро боз Мирзоазиз Мамадазизов бозӣ карда буд. 
Бо гузашти солҳо баъд аз драматургон Ғанӣ Абдуллоҳ ва Муҳаммадҷон Рабиев соли 1999 бахшида ба 100-солагии Шириншоҳ Шоҳтемур шоир ва нависандаи шинохта Ато Мирхоҷа бо номи «Давлати баргашта» (иборат аз ду парда ва шаш намоиш) драма навишт. Ин навбат қаҳрамонҳои асосии он хеле пурратар шуданд. Агар дар драмаи «Ситораи умед» аз шахсиятҳои сиёсӣ танҳо Абдулло Раҳимбоев дохил шуда бошад, дар драмаи «Давлати баргашта» шахсиятҳое ба монанди Таричан Михайлович Дяков, Ҳаққул Ҳусейнбоев, Пумпур, Пир ва дигарон.
Ин драма воқеаҳои солҳои 1921 – 1922-и Помирро дар бар гирифтааст. Дар драмаи нав, асосан, сафарҳо ва фаъолияти сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ – сиёсии Помир дар ҳайати Т. М. Дяков, Ҳ. Ҳусейнбоев ва Ш. Шоҳтемур нишон дода шудааст. Аз фаъолияти сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ - сиёсии Помир дар драма ба ҷуз аз муҳокимаи номзадии Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳизб дигар чизе ба драма дохил нашудааст. Драматург бештар ҳаёти иҷтимоии қаҳрамони асосии драма, муносибат ва муҳаббати Шириншоҳ бо Зебидаро тасвир намудааст. 
Мутаассифона, драмаи «Шамшери бурро»-ро (нахустнамоишаш 5 апрели соли 1981) тамошо накардаам. Танҳо аз суратҳо ва суҳбат бо иҷрокунандаи нақши асосӣ Маъруфшо Мазҳабшоев (рӯҳаш шод бод) дар бораи ин драмаи таърихӣ маълумот пайдо кардам. Маъруфшо Мазҳабшоев дар бораи иҷрои ин нақш бо ҳарорат ҳарф мезад ва аз саррежиссёри театр, басаҳнагузорандаи ин асар Қадамшоҳ Халилов хеле миннатдор буд. Зеро бо ёрии режиссёр тавонист симои таърихии Шоҳтемурро дар саҳнаи театр офарад.  
Драмаи «Шамшери бурро» ҳам ба ҳаёти фарзанди вафодори тоҷик  Шириншоҳ Шотемур бахшида шудааст. То ин вақт дар саҳнаи театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ нақши Шоҳтемурро аз драмаҳои «Телеграмма ба Ленин» ва «Ситораи умед» ҳунарманди бомаҳорат Мирзоазиз Мамадазизов бозӣ мекард. Ба ғайр аз М. Мамадазизов дигар касе ҷуръат намекард, ки симои ин роҳбар, ходими маъруфи ҳизбӣ ва давлатии ҷумҳуриамонро дар саҳнаи театр офарад. 
Ин навбат Мамадазизов чун тамошобин дар толор нишаста, бозии  шогирдашро бо завқ ва қаноатмандӣ тамошо мекард.
- Офаридани нақши Шириншоҳ Шоҳтемур барои ман ба осонӣ даст надод. То ин дам чандин нақшҳои асосӣ ва гуногунхислатро офаридам, вале ҳеҷ кадоме ба нақши Шоҳтемур монанд набуданд. Дар  офаридани дигар  симоҳо озодтар будам. Доираи хаёлоту тахаюлот низ озодтару васеътар буд. Аммо дар саҳна офаридани симои ин шахсияти барҷаста аз чанд ҷиҳат барои ман душворӣ дошт.
Аввал ин ки Шоҳтемур шахсияти таърихӣ мебошад ва наслҳои калонсоли Помир ӯро борҳо дида, ҳамсуҳбат шудаанд. Суханронӣ, ҳаракат ва муносибаташро нағз дар хотир доранд. Аз ин сабаб, ман ҳақ  надоштам, ки ба ӯ зоҳиран ё ботинан монанд набошам. Сонӣ, дар толор додари Шоҳтемур – Бобошоҳ нишаста, дар саҳна дидани  бародарашро интизорӣ мекашид. Бар замми ин, аввалин коммунистони Помир ва онҳое, ки бо Шоҳтемур ҳамкору ҳамнишин буданд, ба солхӯрдагиашон нигоҳ накарда ба театр омада, дар қатори аввал менишастанд, - дар яке аз суҳбатҳо гуфта буд Маъруфшоҳ Мазҳабшоев.
Чун  Шириншоҳ Шоҳтемур (М. Мазҳабшоев) дар саҳна намудор шуд, тамошобинон  беихтиёр аз ҷо бархоста, бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд. Мӯйсафедон ашк рехтанд. Шодмонии Маъруфшоҳро ҳадду канор набуд, зеро ӯ аз имтиҳони ҷиддитарини саҳна ва зиндагӣ сарбаландона гузашт.
Дар хотимаи драма Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Мирзо Мамадазизов ба саҳна баромада, дасти шогирдашро фишурд ва табрикаш кард.
Инак, мо 30 сол боз соҳибистиқлолем. Айёме фаро расидааст, ки аз ҳаёти фарзандони ҷонфидои тоҷик бештар асарҳо эҷод кунем, то наслҳои имрӯза корномаҳои ибратбахши онҳоро биомӯзанд. Барои драматургон айёме фаро расидааст, ки аз ҷоннисориҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар боби таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, аз мактуби таърихиаш ба унвони И. В. Сталин, мулоқотҳояш бо устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик драмаву спектаклҳо нависем. Зеро ин драмаҳо дар тарбияи насли наврас саҳми назаррас хоҳанд гузошт. Ба воситаи образи Шириншоҳ Шоҳтемур метавон симоҳои барои тамошобинони театр ноошнои Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Алексей Михайлович Дяков, Иброҳи Исмоилов ва дигаронро шинос кард.
Драма ва спектаклҳои дар боло зикршуда хизмати худро дар назди рӯҳи поки Шоҳтемур иҷро карданд. Шояд талабот ва идеологияи он давра чунин буд, аммо дар шароити имрӯза бояд ба инъикоси драматургии Шоҳтемур аз нуқтаи назари нав нигарем. Асарҳои саҳнавие офарем, ки бо қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур тамошобини даврони истиқлолиятро шинос кунад. Масалан, гуфтугӯи Шириншоҳ Шоҳтемур бо устод Айнӣ ё аз хусуси мактуби машҳури Шоҳтемур ба Сталин, баромаду гузоришҳояш оид ба тақсимоти ҳудудӣ ва ба ин монанд. Дар ин маврид метавон аз мактубҳои расмӣ ва шахсии Шоҳтемур истифода кард.
Акнун вақти он расидааст, ки драматургони тоҷик роҳи тайкардаи пур аз печутоби раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро бо тобишҳо ва паҳлуҳои гуногун қаламдод кунанд. Зеро тамошобинон интизори асарҳои нави  саҳнавӣ ҳастанд.
 
Тиллои НЕКҚАДАМ,
фарҳангшинос
 
Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз 
драмаи «Шамшери бурро»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед