logo

сиёсат

ҚОЗИДАВЛАТ ҚОИМДОДОВ: «ҲАМРАЪЙӢ БА ХОТИРИ СУЛҲ ВА ШУКУФОӢ»

Бо вуҷуди мушкилоти ҳамагир ва буҳрони хавфовари эпидемиологӣ даргириҳои минтақавӣ, террор ва хушунатҳои сиёсӣ коҳиш намеёбанд. Таърихи  50 соли охир шаҳодат медиҳад, ки дар ҳалли даргириҳо иқдомҳои сулҳовар ба ҳалли мушкилот бештар мусоидат мекунанд. Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», маҳз иқдоми созандаи минтақавӣ буда, барои ба сулҳу субот расидани мардуми кишвари Афғонистон роҳи васеъ мекушояд. Аз боби ҳамзистии марзӣ ва дипломатияи бидуни марз, ҳалли гиреҳҳои 43-солаи даргириҳои Афғонистон, рушди минбаъдаи ҳамкории марзӣ, саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин самт суҳбате доштем бо ходими намоёни давлатӣ, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
- Муҳтарам Қозидавлат Қоимдодов, мехостам, суҳбатро аз мавзӯи ҳамзистии марзӣ ва саҳми кишварҳову ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин самт ҳусни оғоз бахшем.
- Бояд тазаккур дод, ки баъди шикасти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳоло дар кишвари маҳбуби мо масоҳати марз се баробар зиёд шуд. Аз бозе, ки чашм ба олам кушодам, марзбон будам. Зеро хонаи ман дар соҳили дарёи Панҷ, дар  марзи Афғонистон  қарор дорад. Дар он сӯи марз ҳаммиллатҳои мо азобу шиканҷаи тоқатшикан мебинанд. Даргириҳои хунин 43 сол боз идома доранд. Агар тасмими тақдирсози Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ намебуд, мо низ ба тӯфони даргириҳо фарогир мешудем. Ақли солим, иқдоми башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои марговари дарёи хушунатро баст. Маҳз дар он давраи муташанниҷ иқдомҳои минтақавӣ, амсоли музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Ман ба ҳайси дипломат ва роҳбари намояндагии ташкилоти  байналмилалӣ кашф кардам, ки роҳандозии Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истанбул», маҳз аз ин иқдом маншаъ мегирад. Зиндагии ороми пас аз музокироти сулҳ ба мо имкон дод, ки сулҳу субот ва оромиро аз марз шурӯъ кунем. Барои сулҳ дар баробари халъи силоҳ таъминоти моддии мардум зарур аст. Бо иқдоми Сарвари давлат ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳамкории минтақавӣ даъват шуданд. Марз ба нуктаи дипломатияи мардумӣ ва дарвозаи ҳамзистӣ табдил ёфт.
Ва, албатта, табиист, ки ҳамчун шарикони рушд дар ин раванд ташкилотҳои байналмилалӣ низ саҳми  назаррас гузоштаанд. Аз ҷумла ҳамкории беш аз 25 - солаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо АКДН натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Имрӯз беш аз дусад лоиҳаи рушди иҷтимоӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва маърифатӣ амалӣ мешавад. Аксари барномаҳо дар ҳудуди марз қарор доранд. Бояд зикр кард, ки таҷрибаи  АКДН Тоҷикистон оид ба ҳамкории сеҷонибаи Ҳукумат, Шабакаҳои Оғохон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ташкили сохторҳои АКДН дар Афғонистон мусоидат намуд. Ҳангоми суҳбат дар ин мавзӯъ набояд фаромӯш кард, ки иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқрори сулҳ ва таъмини ризоияти миллӣ равобит ва ҳамкории марзиро рӯи об баровард. Ҳангоми суҳбат вақти ифтитоҳи пули марзӣ Пешвои миллат зикр карданд: “Мо ба хотири суботи Афғонистони ҳамсоя ва рушди иқтисодии он аз ҳеҷ гуна ёриву ҳамкорӣ ва мусоидати бародарона дареғ намеварзем, зеро истиқрори сулҳ дар ин кишвари ҳамсоя ба манфиати миллии мо комилан созгор аст”.
Воқеан, дар тӯли 26 сол дар марз 5 пули нақлиётӣ ва 6 бозори наздимарзӣ, 4 дидбонгоҳи назоратӣ бо розигии Ҳукумат ва дастгирии шарикон бунёд гардиданд .
Воқеан, АКДН яке аз созмонҳои шинохта миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи мо эътироф шудааст. Мехоҳам дар бораи дастовардҳои лоиҳавии ин созмони бонуфуз мушаххастар ибрози андеша намоед.
 - Барои мусоидат ва рушди ташаббусҳои наздимарзӣ, хадамотҳои АКДН  дар Тоҷикистон ду лоиҳаро амалӣ менамоянд: лоиҳаи аввал ”Рушди ҳамкорӣ ва имкониятҳо барои рушди минтақавии иқтисодӣ” (SCORED) бо ҳадафи  ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалӣ шуда, аз ду ҷузъ: дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, тиҷоратӣ ва қарзӣ иборат мебошад. Дар доираи ин ҷузъ, аз соли 2017 AKF / MSDSP -  ташкилоти қарзии хурди "Рушди Кӯҳистон" – аз рӯи барномаи лоиҳаи SCORED  маблағи умумии 543.541 евро ҷудо кардааст. Қариб 40 корхона дар тиҷорати наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон, дар бозорҳои наздисарҳадии Хоруғ ва минтақаи Дарвоз, ҷалб шудааст. Банди дуюми лоиҳа сохтмони пули фаромарзӣ дар доираи лоиҳаи SCORED, AKF Тоҷикистон, ки аз ҷониби AKF Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва тавассути Барномаи ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон (PATRIP) дар Покистон, Афғонистон корҳои тарҳрезии сохтмони пули фаромарзӣ ва пайваст кардани роҳҳоро дар минтақаи  байни Кокул ва деҳаи Ойхонум Тахори Афғонистон идома дорад. Чун сухан аз пулҳои марзӣ рафт, мо бояд имрӯз ошкоро бигӯем, ки кушодани пулҳои марзӣ дар шароити ҷанги доманадори Афғонистон, вазъи марз пас аз куллан ба зимма гирифтани ҳимояи марзи ҷануби ИДМ аз ҷониби Тоҷикистон, гардиши фаъоли маводи мухаддир, таҷаммӯи гурӯҳҳои тундрав ва силоҳдор дар марзи Афғонистон хавфу хатар ва таҳдидҳои нави фалокатовар дошт. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёту мамоти ҳазорон сокинони наздимарзиро дар мадди аввал гузошта, тавассути ин пулҳо барои мардуми Афғонистон дарвозаи раҳоӣ аз қашшоқиро боз намуданд.
Дар иҷрои ҳамаи барномаҳои АКДН дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чун шарикони иҷтимоии боэътимод эҳсос мегардад. 
Барномаҳои байнисарҳадии АКДН, ки мақсади рушд ва устувор кардани раванди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистонро дорад, инчунин ба сулҳу суботи Афгонистон ва амнияти Тоҷикистон ва тамоми минтақа низ муҳим мебошад.  Тайи ин солҳо, АКДН фаъолияти  байнисарҳадии худро баҳри расондани ёрии башардӯстона ба Афғонистони ҳамсоя  ба таври васеъ иҷро намудааст.
АКДН  фаъолияти байнисарҳадии худро дар Афғонистон танҳо  тариқи як агентӣ - Барномаи башардӯстонаи  «ФОКУС» оғоз  намуда буд.  Ҳоло хадамоти  Хазинаи тоҷикистонии  Оғохон (AKF), Хадамоти Оғохон  оид ба маориф (AKES),  Хадамоти Оғохон  оид ба тандурустӣ (AKHS),   Ширкати энергетикии  «Помир Энерҷӣ», Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар робита бо коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар марз, бозсозӣ ва рушди Афғонистон барномаҳои  ояндадорро амалӣ менамоянд. АКДН бо  кормандони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин барномаи байнисарҳадӣ ҳамкориҳои зич дорад. Бояд қайд намуд, ки дар аввал АКДН  фаъолияти худро танҳо дар як минтақаи сарҳадии ВМКБ оғоз намуд ва айни замон фаъолияти барномавии худро дар ноҳияҳои байнисарҳадии вилояти Хатлон  амалӣ карда истодааст.        
Барномаҳои тандурустии АКДН дар  Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва таҳия гардидаанд. Аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории COVID - 19 АКДН барномаи ёриро ба вазорати мазкур барои амнияти эпидемиологӣ дар марз пешниҳод намуд. 
Танҳо соли 2019 табибони тоҷик ба 3016 шаҳрванди Афғонистон ёрии тиббӣ расонданд. Ба 348 бемор дар Бадахшони Афғонистон ёрии тиббии фаврӣ расонда, 225 бемор ҷарроҳӣ шуд. Умуман, дар иҷрои барномахои сарҳадӣ, шарикони рушд Канада, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, кишварҳои  Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ саҳми худро гузоштанд.
- Шумо аз нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё - Раванди Истанбул» чиро интизоред?
- Ин ҳамоиш самараи нек хоҳад овард. Зеро ҳамоиш дар Ватани сулҳ баргузор мегардад. Ҳамзамон, ширкаткунандагон бо дастовардҳои 30 - солаи давраи Истиқлолияти Тоҷикистон шинос шуда, ба муаллифи сулҳи тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хоҳанд гуфт.
Имрӯз тамоми башрият интизори сулҳу оромии Афғонистон аст. Мутаассифона, ҳанӯз қутбнамои омилҳои ҷанг ва сулҳ ошкор нашудаанд. Мамлакатҳои абарқудрат дар мадди аввал бояд манбаи даргириҳо ва омилҳои таҳрикдиҳандаи ҷангро ошкор кунанд. Кафолати сулҳу субот асосан дар дасти худи мардуми ин кишвар аст. Бидуни азму мароми мардум ягон неруи ҳарбӣ сулҳро таъмин намекунад. Сараввал бояд рӯҳияи мардумро ба зиндагии осоишта тағйир дод. Баъдан, иқдоми оштӣ аввал аз як ҷониб бо авфу гузашт сурат мегирад. Дар ин бора таҷрибаи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд  амиқ омӯхт. Албатта, гузашт ва танҳо  гузашт сулҳро пойдор мекунад. 
Таҷрибаи ҷаҳонӣ далолат мекунад, ки сулҳ бастан сад бор осонтар аз ҳифзи сулҳ аст. Барои пойдории сулҳ ваҳдати мардум, ҳукумати фарогири ҳамаи ҷанбаҳо, таъмини ҳуқуқии ҳифзи сулҳ зарур аст. Фазои ҳуқуқии амнияти сулҳро бояд дар баробари мардум сохторҳои давлатӣ, ҳамаи шохаҳои ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, уламои дин таъмин намоянд. Ҳамзамон, саъю талоши кишварҳои калидӣ, мисли ИМА, Россия, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон ва ҳамаи кишварҳои ҳаммарз, сарфи назар аз манфиатҳои геополитикӣ, мутамарказ гарданд.
Дар фарҷоми суҳбат аз омодагӣ, нияту маром, саъю талоши мизбонон - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аён мушоҳида мешавад, ки конфронс дар сатҳи олӣ доир гардида, барои сулҳу суботи Афғонистон имконоти нави воқеиро фароҳам меоварад. Алҳол шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ аст. Дур нест, ки фардо Душанбешаҳр пойтахти сулҳи минтақа хоҳад шуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед