logo

иқтисод

ДАРВОЗ – РӮШОН. АЗНАВСОЗИИ РОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ МОҲИ ИЮН ОҒОЗ МЕЁБАД

Дар ин бора Қодири Қосим, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, дар вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати  деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон иттилоъ дод. Ӯ бо такя ба дастуру супоришҳое, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дода буданд, изҳор дошт, ки «сокинони баъзе деҳоти ҷамоати мазкур бар асари тармафароӣ ва дар фасли зимистон зуд-зуд баста шудани роҳҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳамчунин, аз байни деҳоти ҷамоат шоҳроҳи Хоруғ- Кулма мегузарад, ки он чанд сол пеш бар асари фаромадани сел дар мавзеи Барсеми тамоман хароб гардида буд. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ин қитъаи роҳ азнавсозӣ шуда, дар мавзеъҳои хатарноки он бунёди долонҳои зиддитармавӣ оғоз меёбад».
Қодири Қосим, инчунин, бо сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ мулоқот намуда, доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуд. Ӯ, аз ҷумла зикр кард: “Мақсаду мароми ҳар сатри ин ҳуҷҷати тақдирсоз баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Барои муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд, ки дар зарфи чанд соли оянда бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд шаванд. Ин тадбир аз як сӯ, агар пеши роҳи молҳои зиёди воридотиро гирад, аз сӯи дигар, садҳо ҷои кориро барои шаҳрвандон фароҳам меорад. Танҳо соли гузашта дар кишвар 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6 ҳазору 500 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд”.
Таъкид гардид, ки 75 фисади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад ва 24 фоизи маҳсулоти хоҷагии халқ маҳз дар деҳот тавлид меёбад. Бинобар ин Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ дар баробари инкишофи соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, тамоми кишоварзонро аз андози яксолаи замин озод намуданд. 
Қодири Қосим дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ таъкид кард, ки ин ноҳия яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ВМКБ ба ҳисоб рафта, сабзавоту меваҷоти он аз ҷиҳати мазза дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ харидорони зиёд дорад. Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ба кишоварзон имкон медиҳад, ки солҳои минбаъда истеҳсоли меваю сабзавотро боз ҳам бештар гардонда, на танҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки берун аз мамлакат ҳам ҷойгоҳи худро пайдо намоянд. Намояндаи мардумӣ дар ин самт таҷрибаи кишоварзони вилояти  Суғдро қобили ибрат маънидод кард.
Ба гуфтаи муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2 ҳазору 200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аз нав бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ин раванд солҳои наздик боз зиёда аз 1 ҳазору 500 километр роҳҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки як қисмати роҳҳои ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин шомиланд.
Дар мулоқот аз сокинони ин гӯшаи Ватан даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ минбаъд ҳам фаъолона ширкат намуда, дар ободонии диёр бештар саҳм гузоранд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 533
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед