logo

иқтисод

БОХТАР. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КФД “НИҲОЛПАРВАРӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ”

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар ба истифода супурда шуд. Бинои нав аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ ва шароити муносиби фаъолият иборат аст. 
Ба гуфтаи Тоҷиддин Давлатзода, директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳр, айни замон дар корхона 58 нафар фаъолият дорад. Он дорои 8 техника буда, ҳамарӯза ва сари вақт корҳои истеҳсолию хоҷагидориро амалӣ менамоянд.
- Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтар ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои корхонаи мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - мегӯяд Т. Давлатзода. - Маблағи лоиҳавии сохтмон 376 ҳазор сомониро ташкил дод.
Масоҳати корхона ду гектар буда, 1,5 гектарашро заминҳои корам фаро мегирад. Дар заминҳои муассиса зиёда аз 600 бех дарахти ҳамешасабз, аз қабили туя, сӯзанбарг, можжевелник (як намуди арча) ва сарв (кипарис), парвариш мешаванд, ки дар ҳолати хуби нашъунамоанд. Ҳамчунин, корхона дорои 5 гармхона бо масоҳати 1600 метри мураббаъ мебошад, ки дар онҳо 16 намуд гулҳои гуногуни мавсимию бисёрсола нигоҳубин мегарданд. 
Баҳори соли ҷорӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва гулгашту майдонҳои шаҳр 140 ҳазор бех гулҳои гуногуни мавсимӣ ва 501 ҳазор бех лолаи навъи F1 ва F2 шинонда шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ бошад, аз тарафи корхона дар шаҳр зиёда аз 600 бех дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз ба монанди туя, сӯзанбарг, можжевелник, шоҳбулут, сирена, инчунин, аз ҳисоби истеҳсоли худии корхона зиёда аз 31 ҳазор бех намудҳои гуногуни садбарг шинонда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз соли таъсисёбӣ то инҷониб корхонаи фаръии давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар бинои маъмурӣ надошт ва  кормандони он дар вагонҳо фаъолият менамуданд. Акнун, бо фароҳамоварии шароити муносиби корӣ аҳли заҳмати корхона фаъолияташонро вусъат дода, баҳри боз ҳам хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон саҳм хоҳанд гузошт.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед