logo

иқтисод

ВОРУХ. АВҶИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд.
 
Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки ба муносибати ин ҷашни бузург дар ҳудуди ҷамоат бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон то имрӯз беш аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо рафти бунёди майдони Парчами давлатӣ, муассисаи нави таълимӣ, қасри фарҳанг, обод намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳали зист, сабзкориву хуррамгардонӣ шинос гардида, ба меҳнатдӯстии сокинон баҳои баланд дод.
Сокинони шарафманди Ворух бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардондани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ободонии Тоҷикистони азизамон баҳри истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода талош доранд.
Чуноне иттилоъ доданд, ба нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 457 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он 922 миллиону 968 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар шаҳр соли 2018 - 95 иншоот, 2019 - 149, 2020 - 161 ва дар ду моҳи соли равон 4 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва меҳнаткашони шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ояндасози Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ободу зебо гардондани диёр ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум сафарбар намуда, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имконияту захираҳо истифода бурда истодаанд.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2021    №: 65    Мутолиа карданд: 782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед