logo

фарҳанг

БАҲОР - ДОРУХОНАИ ТАБИАТ

Дар фасли баҳор, баробари зебою хуррам шудани табиат, садҳо навъи гулу гиёҳ аз замин сар мекашанд, ки барои инсон манфиатовар аст. Беҳуда Тоҷикистонро дорухонаи табиат намегӯянд. Дар ин мавзӯъ бо табиби мардумӣ ва гиёҳшинос Муҳаммадрасул Иброҳимзода ҳамсуҳбат шудем:
 
- Чаро дар фасли баҳор талаботи одамон ба гиёҳу ғизоҳои аз онҳо омодашуда зиёд мешавад?
- Ғизое, ки инсон дар фаслҳои тобистону тирамоҳ истеъмол мекунад, баданро бо моддаҳои зарурӣ ва витаминҳо таъмин менамояд. Дар фасли зимистон бошад, зери таъсири сардӣ ва истеъмоли ғизоҳои ғайритабиӣ, серравған ва дигар омилҳо дар бадани инсон норасоии витаминҳо ҳис мешавад. Дар натиҷа, одам худро хастаю бемадор ҳис карда, аввали баҳор бисёр бемориҳо хуруҷ мекунанд. Бинобар ин, талабот ба гулу гиёҳ, ки шифобахшу нерудиҳандаанд, зиёд мешавад.  Махсусан, дар оғози баҳор истеъмоли пудина, сиёҳалаф, модел, торон, рошак ва хӯрокҳои аз онҳо тайёршуда зиёд мешавад. Табиати диёри мо манбаи давоҳои зиёди табиист, ки дар мавриди дуруст истифода бурдан, бо кумаки онҳо метавонем саломатии худро беҳтар намоем.
- Кадом гиёҳро, чӣ тавр бояд истифода бурд?
- Яке аз гиёҳҳои серистеъмол пудина аст. Дар дунё қариб 12 намуди он муайян шудааст. Беҳтарин навъҳои он наъно, ки онро одамон мекоранд ва худрӯи лаби об мебошад. Пудина шикамро мулоим ва хунро соф намуда, асабро ором месозад, сангҳои гурда, қуми онро мерезонад.
Гиёҳи дигари маъмул чукрӣ мебошад, ки барои бемориҳои қанд, фишорбаландӣ, хуни ғафсшуда манфиатбахш буда, ҷигар ва сипурзро низ ба ибро меоварад. Торон низ чунин хусусият дорад.
Сиёҳалаф дар баҳор ғизои бисёр одамон мегардад. Аз он ҳар навъ хӯроку хӯриш тайёр мекунанд, ки барои инсон манфиати зиёд дорад. Дар таркиби сиёҳалаф моддаҳои барои инсон зарур мавҷуданд. Аз ҷумла, барои гирифторони бемориҳои ҷоғар, қанд, фишорбаландӣ давои хуб мебошад.
- Ин давоҳо дар баробари фоида зарар ҳам доранд?
- Бале, вобаста ба миҷози одам гулу гиёҳ ва алафҳои табобатӣ низ таъсири хубу бад доранд. Масалан, одамони тармиҷоз агар сиёҳалафро бисёр истеъмол созанд, хориш пайдо мешавад. Ё дар мавриди истеъмоли зиёди чукрӣ, он қувваи мардро суст мекунад. Баъзе одамоне, ки мубталои дарди рӯда ва меъда ҳастанд, сиёҳалафро бояд камтар истифода намоянд. Барои истифода бояд ба ғизои аз сиёҳалаф омодашуда татум низ ҳамроҳ намуд, зеро миҷози он гарму хушк аст.
Дар асл ҳам реша ва ҳам баргу пояаш давост. Миҷози чукрӣ каме тари ба хушкӣ моил аст. Миҷози сиёҳалаф ва торон тари хунук.
Дар урфият мақоле ҳаст: «Дар андак даво, зиёдтар ғизо, аз ҳад зиёд - дарди бедаво».
Ва ё рошакро бигирем. Ин гиёҳ зидди вирус аст ва микробҳоро аз бадан дур мекунад. Агар  рошак ва ровро бо меъёри зарурӣ истифода баред, ҳар навъи кирмро мерезонад. Албатта кирмҳо чанд хел мешаванд ва дар ин маврид тавсияи духтурону табибони халқӣ зарур мебошад. Ров ва рошак миҷози гарм доранд. Истеъмоли зиёди ин навъи гиёҳҳо, махсусан дар шиками холӣ маслиҳат дода намешавад.
- Боз шумо кадом ғизо ва гулу гиёҳҳои баҳориро барои табобат тавсия медиҳед?
- Яке аз гиёҳҳои беҳтарини давобахш ҷағ-ҷағ аст. Кадбонуҳои ҳунарманди мо аз ин алаф самбуса, манту ва дигар хӯрок омода мекунанд, ки истеъмоли онҳо ҳам гуворо ва ҳам барои бадан манфиатовар мебошад. Оби ҷағ-ҷағ хунравиро боз медорад. Гиёҳи дигари беҳтарин барги зулф (зуф) аст ва дар мавриди истифодаи дурусту бомеъёри он ва ба миҷоз мувофиқ буданаш бемории саратонро метавонад пешгирӣ намояд. Ба қавли Абуалӣ Сино агар рӯзе аз 150 то 200 миллилитр шарбати баргу пояи зуфро бо як қошуқча асал, ним соат пеш аз хӯрок истифода баред, аз саратони меъдаю рӯда эмин мемонед.
Як гиёҳи дигари маъмул, ки ба сифати ғизо онро истифода мебаранд хоч (қорч, занбурӯғ) аст, ки агар онро истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад. Вале истифодаи аз ҳад зиёди он низ боиси дар бадан пайдошавии гиреҳҳо мегардад. Барои онҳое, ки аз чашмонашон об меравад ва мехорад, оби хочро чаконанд фоида дорад.
Аз ҷумлаи беҳтарин давоҳо кокутию ҷамилак аст, ки метавон онҳоро хушк карда, тамоми фасли сол истифода бурд. Замонҳои пеш кадбонуҳо зимни пухтани оши бурида, далда ва дигар таомҳои ба ин монанд, аз кокутию ҷамилак фаровон истифода мебурданд.  Санги гурда ва пешобдонро майда карда мерезонад. Сино кокутӣ ва тахачро «тарёки кабир», яъне подзаҳри бузург  номидааст. 
Дар бораи арпабодиён ва шибит ҳам бояд мухтасар маълумот диҳем, то хонандагони азиз аз онҳо низ баҳра баранд. Ба гуфтаи Абумансури Муваффақ ва Абуалӣ Сино касе аз моҳи ҳамал то саратон ҳар рӯз як мисқол (4,5 грамм) барг ва ё ғӯраи арпабодиёнро истеъмол кунад, ҳамон сол аз бемориҳои меъда, рӯда, гурда, ҷигар ва зардпарвин эмин мемонад.
Дар баҳор гули наргис мерӯяд, ки зебою давобахш аст. Сино мегӯяд, ки гули наргис барои рафъи кирми меъдаю рӯда манфиатовар аст. Бӯй кардани гули наргис гиреҳи майнаи сарро мекушояд, асабро ором мегардонад, вақтро хуш мекунад. Сино тавсия медиҳад, ки агар тавонед ҳар рӯз як-ду маротиба гули наргисро бӯй кашед, агар имкон набошад ҳафтае як маротиба, агар натавонистед моҳе як маротиба ва ин кор ҳам ба шумо даст надод, соле як маротиба ин гулро бӯй кашед, асабатон ором мешавад.
 
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2021    №: 66    Мутолиа карданд: 490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед