logo

сиёсат

ПАЁМ. ҲУШДОРЕ АЗ ОМИЛҲОИ ХАТАРЗО

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (26 январи соли 2021) дар баробари дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз, ба масъалаи хатару таҳдидҳои замони муосир, таъмини амният, ҳифзи сулҳу суботи миллӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таваҷҷуҳи махсус равона намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат чунин ҳолатҳо  моро водор месозанд, ки  вобаста ба масъалаи таъмини амнияти кишварамон беш аз пеш диққати аввалиндараҷа диҳем. 
 
Воқеан, ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, инчунин, ба рӯзгору саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз аз ҷумлаи амалҳои ниҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф мешавад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ватандӯст ва  ба имрӯзу ояндаи миллату ватанамон некбинро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои осудагии Ватан, номи неки миллату Меҳан дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намояду ба доми фиреби дасисабозон наафтад. 
Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар зарфи даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ дар тамоми дунё торафт доман паҳн кардааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа дар ҳолати бепарвоию саҳлангорӣ хатар ва пайомадҳои манфӣ ба миён хоҳад овард. Тадқиқоти коршиносон нишон медиҳанд, ки бештар аз ҳама ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ қарор мегиранд. Омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур мусофират, сатҳи пасти маърифатнокӣ,  носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ   мебошанд. Гузашта аз ин, омилҳои муайяншуда дар мавриди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон доданд, ки ин,  пеш аз ҳама, ба зиёдаравӣ ва ҳисси бегонапарастии онҳо низ рабт дорад. 
Ба таъкиди Сарвари давлат: «Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани тадбирҳои муштаракро талаб менамояд».
Дар ин самт Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд. Ҳамчунин, ба таъкиди Пешвои миллат Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар баробари дигар ниҳодҳои қудратӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва  ниҳодҳои зертобеи он низ вазифадор шуданд, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд.
Соли ҷорӣ, ки Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу  манзалати хос истиқбол мешавад,  барои  Тоҷикистон  таърихию  хотирмон  хоҳад буд. Баробари ин, соли 2021 Тоҷикистон раёсат дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба уҳда дорад. Ин чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ бори дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати комилҳуқуқи дунявӣ ва амну субот дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
 
Маҳмадсаид САИДЗОДА,
сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт,
генерал-майори милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 609
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед