logo

иқтисод

ЛЕВАКАНТ. ШАҲР ҲУСНИ ИДОНА МЕГИРАД

Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Левакант гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, баҳри иҷрои ин амри  тақдирсоз  камари  ҳиммат  бастаанд. Дар доираи нақша - чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳр 64 банд бо назардошти зиёда аз 90 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида буд.
 
Мутаассифона, аз тарафи баъзе соҳибкорони маҳаллӣ нисбат ба иҷрои нақшаи мазкур бемасъулиятӣ зоҳир гардида, дар интихоби қитъаҳои замини корам, надоштани маблағҳои кофӣ, сари вақт ба сохтмон оғоз накардан, шиддати буҳрони иқтисодӣ ва бемории сироятии COVID - 19 мақомоти маҳаллӣ лозим донист, ки ба нақша - чорабиниҳои ҷашнӣ тағйироту иловаҳо ворид созад. Сарфи назар аз ин, бо талоши масъулон дар нақшаи кории нав 96 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар маркази маъмурии шаҳр 47 иншоот бо арзиши 46 миллион сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Гулистон 28 ва дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат 21 иншоот ба қайд гирифта шуд. 
Аз 96 иншооти умумӣ, 8 иншоот соли 2018, 19 иншоот соли 2019, 45 иншоот соли 2020 ва 24 иншооти боқимонда давоми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, то Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. 
То имрӯз 68 иншоот бо таъсиси 288 ҷойи кор, ки 71 дарсади амалисозии иншооти ҷашниро дар бар мегирад, мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин 6 адад ба соҳаи маориф, 2 адад тандурустӣ, 5 ба соҳаи варзиш, 4 ба истеҳсолот, 7 роҳҳои автомобилгард, 5 таъминоти об ва 39 адади боқимонда дигар соҳаҳои иҷтимоиву маишии шаҳрро ташкил медиҳад. 
22 сентябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегатҳои 2 ва 6 - и Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ва пояи Парчами давлатӣ дар боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр бо баландии 41 метр  мавриди истифода қарор дода шуд. 
Инчунин, 4 сентябри соли 2020 бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода муассисаи таълимии нав дар деҳаи Вахш, ки бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд барои 240 хонанда дар як баст сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. 
Аз 96 иншооти ҷашнӣ то имрӯз 28 - тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст. То ҳол сохтмон дар баъзе иншооти ҷашнӣ, аз қабили хати магистралии интиқоли гази табиии Ёвон - Левакант, биноҳои маъмурии нозироти андоз ва раёсати молия, маркази хизматрасонии соҳибкор Ашуралӣ Нарзуллоев дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон оғоз нагардидааст. 
Ҷиҳати чароғонсозии шаҳр дар се марҳила корҳо оғоз гардида, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ кӯчаи марказии шаҳр ва бо дастгирии соҳибкорон ва фаъолони шаҳр дар кӯчаҳои Носири Хусрав, Лоҳутӣ, Обшорон ва қисман кӯчаи Н. Абдуллоев  корҳои чароғонсозӣ ба анҷом расонда шуданд.
Вобаста ба таҷдиду навсозии роҳҳои автомобилгард корҳо идома дошта, то имрӯз 1,8 километр дар деҳаи Гулистон ва Баҳодурони Ҷамоати деҳоти Гулистон, 13 километр роҳи деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат мумфарш ва дар деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти Гулистон 4 километр роҳ мумфарш шуд. Инчунин, 5,5 километр роҳ дар деҳоти Ваҳдат ва зиёда аз 5 километр дар деҳоти Гулистон сангфарш гардид. Барои таъмири роҳҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ 206,8 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмирию барқарорсозӣ анҷом дода шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ соли 2020 - ум 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки 6 километр роҳ таъмири ҷорӣ шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 2,7 километр сангфарш, 1 пул ва 17 километр роҳи маҳаллӣ таъмири асосӣ гардид. 
Дар шаҳр 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 74 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 258 миллиону 706,1 ҳазор сомонӣ расид. Аз 26 корхонаи саноатӣ ба ҳолати имрӯза 6 корхона фаъолият накарда, 1 коргоҳ бо 6 ҷойи кори нав ба истифода дода шуд.  
Дар бахши сохтмон ва меъморӣ соли гузашта 112,8 миллион сомонӣ сарф шуд. Аз ин 93,9 миллион сомониро сармояи хориҷӣ, 12,8 миллион соҳибкорон, 4,6 миллион сомонӣ маблағгузории мутамарказондашуда ва 1,5 миллион сомониро ҳиссаи муассисаҳо ва аҳолӣ ташкил медиҳад. Қатъ гардидани корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ «Нуриҳои Осиё» ҳаҷми корро нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ кам кард. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда 136 миллиону 595,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра кишоварзони шаҳр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2522 гектар кишти зироатҳои тирамоҳию баҳорӣ гузаронданд. Тибқи дурнамо содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 500 тонна пешбинӣ гардида, дар ин давра 544 тонна содирот шуд.
 
Зарина ДАВЛАТЗОДА,
раиси шаҳри Левакант
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед