logo

фарҳанг

ДАР НИМИ НАФАС ЧӢ ГУНА СЕРАТ БИНАМ? ҚИССАИ ЭҲТИРОМИ ФАЙЗ АҲМАДИ ПОКИСТОНӢ БА УСТОД ТУРСУНЗОДА

Исми шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода на танҳо чун қаҳрамони арсаи кору пайкори Иттиҳоди собиқ абарқудрати фарҳангпарвару мардумсолори шӯравӣ ва барандаи баландтарин ҷоизаҳои давлативу байналмилалӣ, балки ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ ва муаррифгари номи пурифтихори тоҷик будаву ҳаст. 
 
Ин чеҳраи мондагори миллат аз мақоми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кунгураи байналмилалии Осиёву Африқо ва Кунгураи сулҳи ҷаҳонӣ дар роҳи сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми бузурги хешро гузошта, миллати қаҳрамону гурдзои тоҷикро дар сурати ӯ шинохтаанд. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарфароз гардондани устод Турсунзода дар қатори содиқтарин фарзандони фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон  ифтихори ҳама фарҳангиён ва аҳли илму маърифати миллӣ мебошад. Ин хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат нишони барҷастаи ватанхоҳӣ ва ватандории ӯ буда, садоқати бепоёнашро нисбат ба ҳар ваҷаб хоки диёр ва фарзандони барӯманди он собит месозад. Минбари пурифтихори ватандорони кишвар - рӯзномаи «Ҷумҳурият» чанд сол боз иқдоми шоиставу пурифтихорро миёни хонандагони хеш ба роҳ андохта, ҳамин чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу сиёсати миллатро ба мардум ошно намуда, муҳаббати ватандориро дар қалби ҳазорон ҳазор хонандагони хеш ҷойгузин намудааст. Саҳифаи пурифтихореро, ки ба истиқболи як саду даҳумин солгарди ин арбоби сиёсиву фарҳангӣ боз намудааст, моро водор сохт, ки аз рӯзгори пур аз файзи ӯ қиссаеро манзури хонандагон гардонем, ки саропо пур аз ифтихору муҳаббати ватандорӣ мебошад. 
Он гуна, ки бузургмардони миллат медонанд, устод Турсунзода дар роҳи дастёбии сулҳу осоиштагии кишвари Ҳинд қатори дигар арбобони шинохтаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун як шаҳрванди пурифтихори Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузурги хешро гузоштааст. Ҳамон минбари баланди пурифтихори Иттиҳоди байналмилалии кишварҳои Осиёву Африқо, ки барои пойдории сулҳу якпорчагии ҳама қавму миллатҳои минтақа ҷоннисор буд, зери раҳнамоии фарзанди фарзонаи тоҷик устод Мирзо Турсунзода хизматҳои бузурге намуда, садҳо шоирону нависандагон ва арбобҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангиро дар атрофи хеш ҷамъ оварда буд. Шоири озодандеши Покистон Файз Аҳмади Файз, ки бештари умри хешро дар роҳи истиқлолияти кишвараш сарф намудааст, бо устод дӯсти самимӣ буда, дар бисёре аз сафарҳояш дар кишвари Ҳиндустон бо ӯ мулоқот намудааст. Файз Аҳмад ҳангоми ташриф оварданаш ба қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистони азизи мо омада, аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик низ зиёд баҳра бурдааст. Ин ду шоир бо муҳаббат ва самимият пулеро миёни қалбҳои мардумон бунёд намудаанд, ки ҳазорсолаҳо дар хидмату сулҳу амонӣ барои мардуми минтақа  мебошад. Дар як  сафари корӣ ба кишвари Ҳиндустон устод Мирзо Турсунзода баъди Кунгураи ҷаҳонии сулҳ аз Деҳлӣ ба Исломобод омада, бо Файз Аҳмад як мулоқоти кӯтоҳ, вале бисёр пурмуҳаббату самимӣ доир менамояд. Устод Файз Аҳмади Файз аз ин мулоқот ба ваҷд омада, ҳангоми гусели устод бағал мекушояд ва ӯро самимона канор гирифта, чанд дона ашки шодиашро рӯи шонаҳои дӯсташ афшонда, аз ҷайбаш коғазпораеро ба устод  тақдим менамояд. Устод мепиндорад, ки дӯсташ шояд кадом як дархосте пиромуни Кунгураи ҷаҳонии сулҳ нигошта бошад. Ба Душанбе омада, дар дафтари кориаш он коғазпораро кушода мехонад. Файз Аҳмад чунин нигошта буд:
Не тоқати он, ки дер - дерат бинам,
Не ҳавсалаи он, ки далерат бинам.
Меоиву нонишаста бармегардӣ,
Дар ними нафас чӣ гуна серат 
бинам?
 
Устод Турсунзода, мехост ин рубоиро бо кадоме аз ҳофизони маъруфи кишвар бидиҳад то онро бо ҳамон дарде, ки Файз Аҳмад дошта, бихонад. Ҳофизони маъруфу шинохтаи кишвар Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Ҳошим Қосимов, Абдулло Назриев, Маъруфхуҷа Баҳодуров, Борис Наматиев, Шумқор Одинабеков ва даҳҳо композиторону ҳунармандони шинохтаи кишвар бо устод дӯстии хеле наздик доштанд.  Шояд ҳамин буда, ки ин ҳунармандон зуд-зуд бо ӯ вохӯрда, маҳфилҳои саропо шавқрезу ҳунаррезро манзури устод ва аҳли қалами кишвар мегардонданд. Академики равоншод Муҳаммад Осимӣ, ки ба Мирзо Турсунзода эҳтироми зиёд дошт, дар вохӯриаш бо банда дар аввалин Анҷумани ҷаҳонии тоҷикон дар шаҳри Душанбе ҳангоми мулоқот бо тоҷикони бурунмарзӣ таърихи ҳамин байтро ёдовар шуда гуфт, ки устод Турсунзода ҳамин рубоиро ба устод Одина Ҳошимов дода, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки дар ҳамон сабки ширадори мардумӣ онро бихонад. Ҳамин тавр,  рубоӣ миёни мардум паҳн гардид. Ногуфта намонад, ки ба гуфтаи устод Одина Ҳошимов чандин шеърҳои пурмазмуни шоирони Эрону Покистону Афғонистонро ӯ бо ҳидояти Мирзо Турсунзода оҳанг баставу манзури шефтагони савту суруд намудааст. 
Профессор Аҳмади Донӣ, ки раисии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Покистонро бар дӯш дошт, дар мавриди дӯстии устод Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмад чунин гуфта буд: «Мардуми Покистон кишвари Тоҷикистонро тавассути ашъори пуробуранги озодихоҳонаи устод Мирзо Турсунзода шинохта, шахсияти ин чеҳраи бузурги сиёсиву фарҳангӣ миёни тамоми донишмандону сиёсатмадорони кишвари Покистон соҳиби эҳтироми зиёд мебошад. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» дар кишвари Покистон бо кӯшишу ибтикори устод Файз Аҳмади Файз борҳо рӯи чоп омада, бисёре аз қитъаҳои он дар китобҳои дарсии ин кишвар ҷой дода шудаанд. Мардуми Покистон, бахусус аҳли калом ва илми он, саҳми устоди зиндаёд Мирзо Турсунзодаро дар истиқлолияти кишвари хеш бориз дониста, мардуми тоҷикро аз наздиктарин дӯстони хеш медонанд». Ин гузориш далели он аст, ки мақоми Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамчун шахсияти фарҳангиву сиёсӣ хеле баланд буда, эҳтиромаш миёни мардуми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиё ифтихори тамоми мардуми кишвар аст. 
 
Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 439
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед