logo

иҷтимоиёт

БЕМОРХОНАИ ДАНҒАРА. БАҲРИ ҲАМА ДАРД ДАВОСТ ИН ҶО

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, бо 2,1 миллиард сомонӣ расондааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор корманди миёнаи тиб тайёр карда шуданд. Танҳо соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ хариданд. 
Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, яке аз калонтарин муассисаи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон буда, соли 2014 бо дастгирии Сарвари давлат ва харҷи беш аз 56 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли ҳафтум аст, ки беморхона на танҳо ба аҳолии ноҳия ва вилоят, балки ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он хизмати баланди тиббӣ мерасонад. Беморхона аз 6 ошёна иборат буда, дорои 105 кат мебошад. Дар он шуъбаҳои бемориҳои дил, узвҳои дарунаи калонсолон ва наврасон, пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ҷарроҳии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ, бемориҳои амрози занона, таваллуд, наҷот баъди ҷарроҳӣ, қабулгоҳ, нуқтаи шикастабандӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, ташхиси нурӣ ва ултрасадоӣ ва тавонбахшӣ (физиотерапия) ба аҳолӣ хизмати хуби тиббӣ мерасонанд. 
Тавре Қаҳрамон Камолзода, сартабиби беморхона, дар суҳбат гуфт, соли 2020 дар беморхона 3843 бемор бистарӣ шуданд, ки 1015 нафараш аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд. Дар беморхона аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон давоми 5 сол барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён зиёда аз 500 ҷарроҳии гуногуни пластикӣ ва пайванди гурдаи хешутаборӣ гузаронда шудааст. Муассиса дар 7 соли фаъолияташ тавонист, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он беҳтарин табибону ҷарроҳони пуртаҷрибаро ба кор ҷалб созад. Аксари мутахассисон дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили Россия, ИМА, Фаронса, Олмон ва Ҳиндустон, курсҳои махсуси бозомӯзиро гузашта, бо истифода аз технологияи муосир, аз ҷумла ҷарроҳиҳои дил ва иваз кардани гурдаро низ роҳандозӣ намуданд.
- Ҳоло дар беморхона 60 табиби пуртаҷриба ва 147 корманди миёнаи тиб фаъолияти шабонарӯзӣ доранд. Мутахассисони варзидаи соҳа ҳамаи усулҳои табобатро мувофиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Хушбахтона, сол ба сол кадрҳои баландихтисоси муассиса меафзояд ва ба ин васила фаъолияти беморхона дар рушди соҳа таъсири назаррас гузошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум боло меравад, - афзуд Қаҳрамон Камолзода.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 736
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед