logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ БОҚӢ МЕМОНАД

 

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки соҳа тадриҷан рушд ёфта, вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ мутобиқ ба талаботи замон беҳтар мешавад. 
Роҷеъ ба ин мавзӯъ Маҳмадюсуф Достиев, директори Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки муассиса баҳри  амалӣ намудани барномаҳои миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро равона намудааст. Дар муассиса бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ҳуҷраи варзишӣ - шифоӣ бо ду велосипеди маъюбӣ ва як роҳдави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон дар ҳуҷраи мазкур 43 нафар ва дар ҳуҷраи маҳсдармонӣ 56 нафар бошанда муолиҷа мешаванд. 
Давоми се моҳи соли ҷорӣ кормандони муассиса оид ба тавонбахшӣ ва нигоҳубини бошандагон як зумра корҳоро ба сомон расонданд. Аз ҷумла, дар муассиса доруворӣ аз рӯи тақсимоти умумии бошандагон ва мувофиқи меъёр ҷудо мегардад. Маводи доруворӣ дар асоси тавсияи табибон ба бошандагон расонда мешавад.
Ҳамчунин, баҳри солимгардонӣ ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ташкил шудааст. Гиёҳҳо дар асоси шартнома аз ҶДММ «Фарм Суғд» дастрас мешаванд. Дар се моҳи соли ҷорӣ 27 бошанда аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахш табобат ёфтанд.
Дар муассиса ситоди фаврӣ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ташкил шудааст. Бо ҷалби мутахассисони сироятшинос омӯзиши тамоми кормандон ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии тиббию санитарӣ ва иҷтимоӣ ба бошандагони гумонбар ва ё аломатҳои муайянкунандаи коронавирусдошта семинар - машварат гузаронда шуд. Масъалаи захираи лавозимоту таҷҳизоти зарурии тиббӣ (ниқобҳо, либосҳои махсус, ҳароратсанҷ, маҳлули хлор), маводи дорувориву безараргардонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва либосҳои гарм таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад. Корҳои безараргардонии бинои маъмурӣ, ҷойи хоби бошандагон, анборҳо, ошхона, обгурез, партовгоҳ ва дигар манбаъҳои сироятӣ бо риояи меъёрҳои санитарӣ хуб ташкил шудаанд. Ҳуҷраи эҳёгарӣ бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ташкил  шудааст.   
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар муассиса шуъбаи  тавонбахшӣ бо сабаби нарасидани лавозимоти тиббию санитарӣ фаъолият намекунад. Агар соли равон бо дастгирии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуъба ба фаъолият оғоз намояд, на  танҳо мушкили маъюбони муассисаи мазкур, балки мушкилоти дигар муассисаҳои ба он наздик низ ҳалли худро  хоҳанд ёфт.
 
Шаҳбоз АБРОР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 485
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед