logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Ифтитоҳи МТМУ № 23 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
7 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 - ро мавриди истифода қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Абдухалил Розиқов, Абдуҷалил Розиқов, Ҷӯрабой Азимов, Муродҷон Ҷӯраев, Олим Азимов, Нозимҷон Иброҳимов, Мақсудҷон Эгамқулов дар доираи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.
Иншоот аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат мебошад ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дар таҳхонаи бино кабинетҳои таълимии дӯзандагӣ, челонгарӣ, пазандагӣ ва маҳфилҳои рассомиву омӯзиши дигар ҳунарҳо ташкил гардида, наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шудаанд. Дар саҳни муассиса ошхонаи барҳаво барои 120 нафар хонанда ва майдончаи варзиш бунёд ёфтаанд.
Бо назардошти супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини ёрирасон дар масоҳати 0,5 га боғи интенсивӣ бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар муассисаи навбунёд ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳамин аст, ки сол ба сол маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ зиёд гардида, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 соли 1930 сохта шуда, бо зиёд шудани нуфуси аҳолӣ талабот ба муассисаи таълимии нав ба миён омада буд. Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони боҳиммат дар бунёди ин муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузоштанд ва акнун наврасону ҷавонон дар шароити хубу замонавӣ таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат ба воя мерасанд ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва хонандагони муассисаро, махсусан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳидоят намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя мерасанд, зеро барои амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб дар муассисаҳои таълимии мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад. Илова бар ин, эълон гардидани солҳои 2020-2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ боис мегардад, ки омӯзиши ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Бунёди бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонов туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
 
Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” мавриди истифода қарор гирифт
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” - ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст - Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардид.
Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гаршта, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз ёфта, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расиданд.
Иншоот бо тарҳу усули муосир дар масоҳати умумии 2618 метри мураббаъ қомат афрохта, аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Чин овардаанд, насбу васл гардидааст ва марказ дорои лаборатория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои марказ 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла  бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ташхиси ултрасадо, гӯшу гулуву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷой гирифтааст.
Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” дорои шуъбаҳои дилу рагҳо, бемориҳои занона ва даруна, асабу ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиётҳои нозуку мураккаб - ҷарроҳии гирифтани чурраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Баҳрабардорӣ аз маркази савдо ва тарабхонаи “Файзулло”, тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулли вилояти Суғд 
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маркази савдо ва тарабхонаи миллии “Файзулло” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Файзулло Абдуллоев дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шудааст.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази савдо, тарабхона ва сехи қаннодӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гашт.
Дар маркази савдо мағоза, тарабхона ва сехи қаннодӣ ҷойгир мебошанд. Ҳамчунин, барои кормандон ҳуҷраҳои корӣ омода шудаанд.
Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, бино бо унсурҳои миллӣ ва шаклу услуби хос қомат афрохтааст.
Бо мақсади зебову назаррабо намудани муҳит дар атрофи иншоот гулу бутта ва ниҳолҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст, ки дар маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ба фурӯш бароранд. Вай бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Аснои шиносоӣ бо тарҳи бино ва сатҳи хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд.
Пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Суғд вохӯрии самимӣ анҷом дода, ба онҳо либос, китоб ва ширинӣ тақдим намуданд.
Дар ин мулоқот 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров аз туҳфаҳои Пешвои миллат баҳравар гашт.
 
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Унҷӣ
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 6345 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ин маҳал зебоии дигар зам мекунад.
Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.
Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму мухталифшакл насб гардида, фаввораҳо сохта шудаанд.  
Барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, майдон барои сайругашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.  
Иншооти мазкур дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Унҷӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд. 
 
Баистифодадиҳии маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ карда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд.
Нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони маркази таълимӣ ва намунаи сарулибоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ гардиданд.
Масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ 4,7 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 16 садяк замин 4 гармхонаи парвариши сабзавот, лимӯ ва дар майдони 1 гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ бунёд шудааст.
Маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили Баҳри тоҷик дар як мавзеи дилфиреб ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули кор аст. Ҳосили хоҷагии ёрирасон барои таъмини кормандони мақомот бо маводи ниёзи аввал равона мешавад.
Баъди шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон ба Президенти мамлакат намунаи сарулибоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд, муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат бо сарулибос, таҷҳизоти техникии низомӣ, манзили зист, ҷойҳои кории муосир ва маводи ниёзи аввал пурра таъмин мебошанд.
Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 4 ошёна, толорҳои машғулиятҳо, ҳуҷраҳои корӣ, 6 ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва  майдончаи футбол иборат аст.   
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри такмили ихтисос ва омӯзиши донишҳои муосир шароити замонавӣ муҳайё гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба кормандони мақомот муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 1657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед