logo

ҳуқуқ

ВОКУНИШИ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузориши Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 30 марти соли ҷорӣ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар соли 2020 гузориш нашр намуд. 
Дар ин робита, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лозим медонад таъкид намояд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ва узви комилҳуқуқи СММ танҳо ба сохторҳои дахлдори ин ниҳоди муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, гузориш медиҳад. Дар ҷаҳони мутамаддин арзёбии вазъ ва назорати риояи ҳуқуқи инсон низ ба ин сохторҳои СММ вогузор шудааст, ки Тоҷикистон низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо онҳо ба роҳ мондааст.
 
Аз ҷумла, Тоҷикистон дар давраи аз соли 2010 то 2018 ду маротиба расмиёти Шарҳи универсалии давриро гузашта, ба ҳафт мақомоти шартномавӣ оид ба ҳуқуқи инсон 26 маърӯза пешниҳод намуда, бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ҳашт гузоришгари махсус ба ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Дар натиҷа зиёда аз 1000 тавсияи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки амалан ҳамаи масъалаҳои пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад. 
Шурӯъ аз соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳидро қабул намуд. То 31 декабри соли 2020-ум 8 тавсия муваффақона амалӣ гардида, 8 тавсияи дигар то соли 2022 ва 1-тоаш то соли 2024 амалӣ мешавад. Чунин тарзи амалишавии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз таҷрибаҳои хуб дар сатҳи СММ эътироф шуда, дар ин самт ҳамкориҳо идома доранд.
Бо вуҷуди ин, Департаменти давлатии ИМА бе назардошти таҳлили воқеъбинона, бо такя ба сарчашмаҳои ғаразнок ва беэътимод, баҳодиҳии яктарафа ва ба инобат нагирифтани мавқеи расмии Тоҷикистон дар гузориши навбатии худ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯё мавҷуд будани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва фавти маҳбусон, ҳабсҳои худсарона, фишор ба хонаводаҳои мухолифон, озодии баён, озодиҳои мазҳабӣ ва дигар самтҳои ҳуқуқи инсон дар соли 2020 баҳои ғайривоқеӣ додааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои соли 2020-ро ғайри қобили қабул ва мухолиф ба сатҳи ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону ИМА ҳисобида, иброз медорад, ки он ба рӯҳия ва иқдомҳои мо дар самти эҳтиром, эътироф, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон таъсир расонда наметавонад. 
Дар ин робита, мувофиқи мақсад мешуморем оид ба баъзе масъалаҳои дар гузориш матраҳшуда мавқеи худро иброз намоем:
1. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ ду маъракаи сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.
Бояд зикр кард, ки интихобот дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон ва мутобиқ ба ҳамаи принсипҳои байналмилалии демократия (интихоботи умумӣ, озод, ошкоро, оммавӣ, бидуни тақаллуб бо овоздиҳии пинҳонӣ ва баробарии иштирокчиён) баргузор гардид.
Иддаои муаллифони гузориш оид ба хилофи “меъёрҳои байналмилалӣ” будани интихобот дуруст нест. Чунки дар маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон 122 нафар мушоҳиди байналмилалӣ иштирок намуда, аз ҷониби мушоҳидон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай интихобот дар фазои озод, шаффоф, демократӣ баргузоршуда арзёбӣ гардид. 
Боздид ва мониторингҳои гузарондаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони дастгоҳи он аз ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Сангвор ва Мурғоб низ нишон доданд, ки дар онҳо барои озоду шаффоф баргузор шудани интихобот шароитҳои дахлдор муҳайё шуда, интихобот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
2. Шиканҷа ва фавти маҳбусон. Вобаста ба ҳолатҳои шиканҷа бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷаро ҳамчун яке аз амалҳои ғайриинсонӣ маҳкум намуда, уҳдадориҳои байналмилалии худро оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии шиканҷа бемайлон иҷро менамояд.
Ногузирии шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриқонунӣ принсипҳои конститутсионӣ ба шумор мераванд.
Ҷиҳати такмили кафолатҳои пешгирии шиканҷа ва татбиқи тавсияҳои сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҷазо барои истифодаи шиканҷа пурзӯр шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба туфайли чораҳои андешидашуда, шумораи шикоятҳо вобаста ба истифодаи шиканҷа ва ҳолатҳои тасдиқшудаи истифодаи он сол ба сол кам шуда истодаанд. Аз ин рӯ, иддаои Департаменти давлатии ИМА дар хусуси кам нашудани шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дуруст нест.
Соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз якчанд муассисаҳои ислоҳӣ, тавқифгоҳи тафтишотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии шиканҷа ва гузарондани мониторингҳои мунтазам аз ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2020 дар якчанд тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои ислоҳӣ ва тавқифгоҳи тафтишотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинг гузаронд. 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва гурӯҳи мониторингӣ дар рафти боздиду мониторингҳо аз шароити нигоҳдории дастгиршудагон ва маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат), ошхона, чойхона ва ҷойи кори маҳкумшудагон дидан намуданд. Боздиду мониторингҳо нишон доданд, ки вазъи нигоҳдорӣ дар муассисаҳои мазкур дар умум қаноатбахш буда, дар доираи имконияти мавҷуда барои дастгиршудагон ва маҳкумшудагон шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Оид ба шароити нигоҳдорӣ, табобат, таъминот бо хӯрок, маводи доруворӣ ва муносибати кормандон шикоят ба қайд гирифта нашудааст.
Соли 2020 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба эҳтимолияти истифодаи шиканҷа 5 муроҷиат ворид гардидааст. Муроҷиатҳои мазкур тибқи тобеият таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда, тибқи маълумоти мақомоти мазкур ваҷҳҳои дар муроҷиатҳо баёншуда тасдиқи худро наёфтанд. 
Вобаста ба фавти зиндониён тазаккур додан зарур аст, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 74 нафар шахси дар ин ҷойҳо нигоҳдошташаванда бинобар сабабҳои беморӣ, аз ҷумла 11 нафар бо ташхиси “Илтиҳоби шадиди шуш” вафот кардааст.
3. Ҳабсҳои худсарона ва фишор ба хонаводаҳои мухолифин. Вобаста ба ин масъала бояд зикр кард, ки қонунгузории Тоҷикистон дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад.
Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон дахлнопазирии шахсро давлат кафолат дода, ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест. Дастгир ва ҳабс кардани шахс тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегиранд. 
Ба ҳабс гирифтан тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати чораи пешгирӣ танҳо бо қарори судя ё таъйиноти суд нисбат ба шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда мешавад.
Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳангоми дастгир намудан ва ба ҳабс гирифтани шахс дар фаъолияти худ риояи ҳуқуқи инсонро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, бетаъхир аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ё ивазкунии ҷои нигоҳдории дастгиршуда ягон узви болиғи оила ё хешовандони наздики ӯро хабардор мекунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро медиҳад.
Соли 2020 вобаста ба фишор ба хонаводаҳои мухолифин дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
4. Озодии баён дар Тоҷикистон. Дар ҷумҳурӣ ҳамаи шароит барои таъмини озодии воқеии сухан, гуногунандешии ақида, озодона баён намудани ақида фароҳам оварда шудааст. Тасдиқи ин рушди бемайлон ва фаъолият намудани ВАО - и ғайридавлатӣ мебошад.
Қонунгузорӣ сензура ва таъқиб барои танқидро манъ намуда, барои вайрон намудани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷавобгарӣ пешбинӣ ва мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳоро вазифадор менамояд, ки тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори омма ахбор пешниҳод намоянд.
 Бо мақсади таъмини озодии сухан аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи пешбиникунандаи ҷавобгарӣ ва ҷазо барои туҳмат хориҷ карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ ба монополиякунии матбуоти даврӣ ва дигар ВАО роҳ дода намешавад.
Фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон тавассути қонун ҳифз шуда, барои онҳо дар инъикоси таҳаввулоти дар ҷомеа баамалоянда шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар соли 2020 дар хусуси мавриди фишор қарор гирифтани расонаҳо ва рӯзноманигорон дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
5. Озодиҳои мазҳабӣ. Вобаста ба эродҳо дар хусуси гӯё маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабӣ, ҳодисаҳои таъқиб барои доштани риш ва ҳиҷоб, фишор болои диндорон, ҳаққи ба масҷид рафтан надоштани афроди то 18-сола ва бо ҳиҷоб ворид шуда натавонистан ба муассисаҳои давлатӣ бояд зикр кард, ки яке аз дастовардҳои даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ ин озод шудан аз мафкураи атеистии шӯравӣ ва муҳайё намудани шароит ба амалӣ шудани ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва муттаҳид шудани одамон дар иттиҳодияҳои динӣ мебошад.
Сиёсати давлат дар самти озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин тавассути эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо ба амал бароварда мешавад. 
Дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои таълими динӣ муҳайё карда шудааст. Ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таълими динии кӯдаконро аз синни 7 то 18 - солагӣ бо ризоияти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат додааст. 
Меъёри манъкунандаи ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, додани таълими динӣ ба ноболиғон бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда бевосита ба ҳимояи ҳуқуқи худи ноболиғон равона шудааст.
Тибқи қонунгузорӣ доштани риш ва пӯшидани либос дар ҷумҳурӣ озод буда, то ҳол барои доштани риш ва пӯшидани либос ягон нафар ба ҷавобгарӣ кашида нашуда, дар масъалаи либоспӯшии занон ба табъиз роҳ дода нашудааст. Ҳамзамон, қонуне, ки пӯшидани либоси исломиро мамнуъ эълом дорад, қабул нагардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 2131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед