logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. ХАНДА АЗ КИЛКИ СУХАН МЕХЕЗАД ...

Наврӯз оғози эҳёи табиат буда, соли нави ориётаборон шинохта мешавад. Ин ҷашни бостониро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони қавму миллатҳои бисёр таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд. Дар Тоҷикистони азизи мо, бавижа дар Бадахшон, Наврӯз бо таровату тозагиҳои зиёд таҷлил мегардад.
 
Дар Бадахшон Наврӯзро бо номи Шогун-Баҳор ҳам вирди забон мекунанд. Аввалин нишонаи оғози ин сур садои даф ва маросими хонатаконист. Хонатаконӣ тибқи одат, ҳангоме ки Офтоб ба бурҷи ҳамал наздик шуд, сурат мегирад. Мардум аз хона ҷиҳозашонро ба берун бароварда, ба тоза намудани он мепардозанд ва ба умеди хушбахтиву саодатёбӣ ва фаровонӣ дар рӯзгор як каф ордро ба сутунҳои хона мемоланд. Хонатаконӣ бо ду чаҳорчӯб, ки якеро пиёдаҷоруб ва дигареро савораҷорӯб меноманд, иҷро мегардад. Бо яке сақф ва дигаре фарши хонаро тоза мекунанд. Баъди тамом кардани хонатозакунӣ, пайвандони хонавода як-як бо нидои «Шогун баҳор муборак!» ҳамдигарро хуҷастабод мегӯянд. Бо кофурчак - ғунчаи гулкоришудаи бед ва ё дарахти махсус, ки онро арчаи Наврӯз ҳам меноманд, вориди хона мешаванд. Кадбону бо ҷавоби «Бар рӯи шумо муборак!» ба китфи рости воридшудагон кафи орд мепошад ва кофурчак ё гулгулаи наврӯзиро аз дасти онҳо гирифта, дар васати болои хона ҷой медиҳад. Ин нишонаҳои наврӯзӣ то Наврӯзи дигар дар хона мемонанд.
Ҳанӯз ду-се ҳафта пеш мардуми Бадахшон ба баргузории оинҳои наврӯзие ба мисли «Остиннахтойд» шурӯъ мекунанд. Тибқи солшумории мардуми маҳаллӣ, Наврӯз дар се марҳила бо номҳои «Хирчипор» яъне (Офтоб дар мард), «Хирчизон» (Офтоб дар зону) ва «Хидирайем» (Ҷашни бузург) таҷлил мешуд. Ҷашни бузург ном гирифтани Наврӯз ин буда, ки он дар қиёс бо «Хирчипор» ва «Хирчизон» бо шукӯҳу тантанаи бештар таҷлил мегардид.
Наврӯз барои кӯдакону наврасони Бадахшон аз ҷашнҳои писандидатарин аст. Дар шоми Наврӯз (Ҳангоми ғуруби офтоб) бо хушии зиёд барои шоландозӣ, килоғузғуз ва армуғонҳо бесабрӣ мекунад. Килоғузғуз номи парандаест, ки нахустин шуда аз кишварҳои гарм ба Помир меояд ва онро сафири баҳор ва ё пайки баҳор низ меноманд.
Бачаҳо бо андохтани шол аз равзани хона ба дарун ва бо қироати шеъри наврӯзӣ, аз соҳибхона кулча, шириниҳо ва пул ҳадия мегиранд. Махсусан, бо барпо кардани бозиҳои гӯштӣ, лаш, алвонҷак, буҷулбозӣ, санчак, кабку хурӯсу тухмҷанг вақти худро хуш мегузаронанд. Бегоҳӣ аҳли хонавода ҳатман сари дастархони вижаи наврӯзӣ ба ҳам меоянд. 
Ин шеъри хурд баъзе аз падидаҳои Наврӯзи Бадахшонро дар худ инъикос кардааст, ки поёни матлаби мост:
Нағма аз сӯи чаман мехезад,
Ханда аз килки сухан мехезад.
Аз қудуми гули Наврӯз баҳор
Бӯй аз хоки Ватан мехезад.
Интизори туям, ай дӯст биё,
Аз миён барфи куҳан мехезад.
Мерасад рахна ба бебаргии боғ,
Ғунча дар саҳни чаман мехезад.
Бесутун дар бари Наврӯзу азон,
Ҷашни Шогуни Ватан мехезад.
 
Фарангес МАЗАМБЕКОВА,
омӯзгори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед