logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН - АФҒОНИСТОН – БЕЛАРУС. ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ ДАР БАХШИ СОҲИБКОРӢ

Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» - и шаҳри Душанбе намоиш - форуми маҳсулоти 40 корхонаи истеҳсолии Ҷумҳурии Беларус, аз қабили маҳсулоти ғизоӣ ва таркибҳои он, рустанипарварию чорводорӣ, нӯшокиҳо, мошинсозии кишоварзӣ, сайёҳии тиббӣ, баргузор гардид. Чорабинӣ аз 6 то 7 апрел идома ёфта, он дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистону Беларус бахшида шудааст.
 
Ин ҷамъомад ба хотири тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд  барои доираҳои тиҷоратии се кишвар - Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус  баргузор шуд. Дар он аз Беларус вазири кишоварзӣ ва хӯрокворӣ Иван Крупко, раиси Палатаи савдою саноат Владимир Улахович, муовинони вазирони саноат Александр Огородников, варзиш ва сайёҳӣ Михаил Портной, раиси Консерни давлатӣ оид ба саноати хӯрокворӣ Александр Яковчитс, инчунин, намояндагони вазорату минтақаҳо, корхонаҳои бузурги ин кишвар ба форум - намоишгоҳ омаданд. Ҳамзамон, Ҷавод Шуъла, мушовири иқтисодии сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ва Хон Ҷон Алоказай, узви раёсати Палатаи савдою саноати ин мамлакат низ иштирок намуда, аҳамияти ин иқдомро барои тақвияти ҳамкории тиҷоратию соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ карданд. 
Саъдӣ Каримзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, изҳор дошт, ки форум ва намоишгоҳи вижа бо ҷалби соҳибкорони се ҷумҳурии ба ҳам дӯст дар шароити босуръат тағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон дар пешрафти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, дарёфти шарикони рушд, андӯхтани малакаҳои соҳавию татбиқи технологияи нав ҷиҳати коркарди ашёи хоми зарурӣ иқдоми таъсиргузор мебошад. 
- Мо интизорем, ки соҳибкорони беларусӣ ва афғон тариқи чунин вохӯриҳои судманд зарфиятҳои тиҷоратию соҳибкориро дар Тоҷикистон бештар дармеёбанд. Солҳои охир бо дастгирӣ ва ғамхориҳои саривақтии Президенти мамлакат дар Тоҷикистон фазои сармоягузорию соҳибкорӣ беш аз пеш мусоидтар гардида, доираи ҳамкориҳо, бахусус бо кишварҳои дӯст, амсоли Афғонистону Беларус, тақвият ёфтаанд. Форум ва намоишгоҳе, ки ҳоло бо шаҳомати хоса ва иштироки шумораи зиёди соҳибкорону намояндагони воломақоми умури иқтисодию соҳибкорӣ ҷараён дорад, гувоҳи беҳбудиҳои рӯзафзуни соҳа дар ҷумҳурӣ мебошад, - гуфт номбурда.  
Зикр гардид, ки гардиши савдо миёни Тоҷикистону Беларус пайваста дар ҳоли афзоиш буда, соли гузашта бо вуҷуди сар задани пандемияи коронавирус ҳаҷми гардиши савдои кишварҳо 54, 4 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 25,9 миллион зиёд аст. 
Дар идомаи форум Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иван Крупко, вазири кишоварзӣ ва Владимир Улахов, раиси Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Беларус, инчунин, Ҷавод Шуъла, мушовири сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт, аз пешрафти ҳамкориҳои муштараки соҳибкорони кишварҳои номбурда дар самтҳои гуногун изҳори хушнудӣ намуда, барои равнақи фаъолияти муштарак ва табодули таҷриба  ҳавасмандӣ ва таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд. 
Тавре Мансур Сайидалиев, намояндаи ҶДММ «Афзали Суғд», гуфт, дар раванди доир гардидани форум - намоишгоҳи мазкур ширкати онҳо  имконият ёфт, ки бо соҳибкорони афғон бобати содироти маҳсулоти ширӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қарордоди муштарак банданд. Барои дарёфти технология ва малакаҳои нави соҳавӣ дар самти коркарди маҳсулоти ширӣ, инчунин чорводорӣ, аз миёни соҳибкорони беларусӣ шарикони нави ҳамкор пайдо карда тавонистанд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед