logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Ифтитоҳи маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”
8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълиму тарбияи он шинос шуданд.
Тибқи иттилои масъулон, сохтмони иншоот соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам мебошад.
Марказ дар доираи истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр – академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд ёфт.
Дар марказ барои зиндагӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайёст.
Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бино бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳои маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна, таҳхона ва болохона иборат аст. Дар маҷмӯъ, масоҳати истифодашавандаи он зиёда 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино долонҳои барҳаво, панҷ ҳуҷраи корӣ, чор ҳуҷраи хоб, чор толори бозӣ ва машғулияти кӯдакона, панҷ ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраи қабули рӯзона барои хизматрасонии иҷтимоиву тавонбахшӣ ва ошхона дорад.
Саҳни ҳавлӣ, боғ ва биноҳои ёрирасони муассиса бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони саховатпешаи диёр ободу зебо шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ  ҳавзҳои оби нӯшокӣ ва полизӣ бо ғунҷоиши 36 ва 12 метри мукааб, майдонча барои бозӣ дар рег, ду суҳбаткадаи баҳорӣ ва таваққуфгоҳ мавҷуд мебошад. Оянда дар ҳудуди маркази дастгирии оила ва кӯдак сохтмони  майдончаи варзиши болопӯшида низ дар назар аст.
Айни замон кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба муассисаи таълимӣ, ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат мерасонад. Аз инҳо 26 нафари дорои бемориҳои гуногун ва 17 кас бо ақибмонии зеҳнӣ ва инкишофи нутқ табобату таълим мегиранд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегирад, ки синни онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, барои деҳаҳои гирду атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан хизматрасонии “Ташриф ба хона” ба роҳ монда шудааст ва мутахассисон бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд. Аз 48 нафар мутахассис 18 нафараш дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро гузашт.
Дар гурӯҳи рӯзона дар муассиса ва хонаҳои бо хизматрасонии иҷтимоӣ фарогирифташуда барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии “Дамгирӣ” ташкил гардид.
Президенти мамлакат, ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони марказ, ҳидоят намуданд, ки имконоти фароҳамомадаро самаранок истифода бурда, ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас, махсусан кӯдакони маъюб, чораҳои муассир андешанд. Инчунин, бо ба назар гирифтани иқтидори ҳозираи бинову иншооти сохташаванда, маслиҳат дода шуд, ки дар оянда маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода бурда шавад.
 
Тақдими туҳфаҳо ба ятимони шаҳри Истаравшан
Дар идомаи боздид аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чойхонаи “Чаманоро” ба 110 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Ҳадияҳои Роҳбари давлат аз сарулибоси баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин, ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Истаравшан як мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва аз 110 нафар кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат гардиданд, 88 нафараш бошандаи ҳамин муассисаи таълимӣ мебошад.
Ба Пешвои миллат маълумот доданд, ки мактаб - интернат аз ҳисоби буҷети давлатӣ фаъолият дошта, дар он тамоми шароитҳои зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор фароҳам аст.
Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва давлат барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия ва ба камол расондани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то ҳеҷ як ятим ё бепарасторе худро танҳо ҳис накунад. Барои ин давлат ҳамаи шароиту имкониятҳоро дорад ва дар ин самт соҳибкорону саховатмандон ва, дар маҷмӯъ, тамоми сокинони мамлакат ҳамраъйии амиқ нишон медиҳанд, ки ин боиси дастгирист.
Вобаста ба ин, аз кӯдакону наврасони ятим даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаи худро ба таври матлуб ба роҳ монанд.
Кӯдакон ҳам дар навбати худ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки маслиҳату машварат ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва барои дар ҷамъият шахсияти худро сохтану шинохтан талоши бештар менамоянд.
 
Ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” 
8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшиданд.
Муассиса дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гашт. Он дар масоҳати 0,30 садяк доман густурда, аз ду ошёна иборат аст. Кӯдакистон дорои толорҳои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, омӯзиш ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассиса барои 200 кӯдак пешбинӣ гардида, таълим мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, дар боғчаи навбунёд 30 мураббӣ тариқи озмун ба кор ҷалб гардида, онҳо дорои малакаи хуби касбӣ мебошанд. Дар баробари ин, барои хизматрасонӣ 3 микроавтобус харидаанд.
Пешвои муаззами миллат зимни боздид аз шароити таълим ва суҳбат бо мураббиёну тарбиятгирандагон, ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, маорифчиёнро ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Маорифчиёни шаҳри Истаравшан ифтитоҳи иншооти нави соҳавиро дар самти рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр ва татбиқи дастури Президенти мамлакат ҷиҳати то 30 фоиз фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ муассир арзёбӣ намуданд.
Намои дохилу берунаи бино бо санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфта, он барои истироҳату бозии кӯдакон дорои ду суҳбаткада ва чатрҳои соядиҳанда мебошад. Ҳамзамон, атрофи онро гулу дарахтони мавсимию ҳамешасабз зинат мебахшанд. 
 
Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази хизматрасонии “Истаравшан”
8 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан меҳмонхона ва маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар доираи татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Зарҳалол бунёд гардида, 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Иншоот дар масоҳати 6 садяк замин доман густурда, худи бино дар майдони 375 метри мураббаъ қомат меафрозад. Бино 5-ошёна буда, қабати якум аз мағозаи фурӯши мебел ва армуғон, қабатҳои болоӣ аз меҳмонхона иборатанд.
Меҳмонхона 20 ҳуҷра дошта, метавонад дар як вақт ба 40 нафар хизмат расонад. Тарҳу намои бино ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯст ва дар он унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин барои 50 нақлиёт таваққуфгоҳ бунёд ёфт.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бино, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, фаъолияти онро дар тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ нек арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат ҷиҳати муаррифии бештари таъриху фарҳанг, урфу одат, меҳмоннавозии тоҷикона, ҷалби мутахассисони касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ  ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки, феълан, дар шаҳри Истаравшан 5 меҳмонхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, 8 тарабхона, 3 осорхона, 153 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фарҳангӣ фаъолияти босамар доранд. Бунёди даҳҳо иншооти дигар идома дошта, ҳамаи онҳо то истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода мешаванд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ, беҳтар шудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунанд.
 
Ба истифода додани хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замин 
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”,  ”Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи «кишмиш» дар хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.
Барои обёрии заминҳои чор хоҷагӣ чоҳи амудӣ бо чуқурии 120 метр канда шуда, таъмини онҳо бо оби полизӣ ҳалли худро пайдо намуд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, то ин дам дар 20 гектар замини ин мавзеъ танҳо ғалладонагии лалмӣ мекиштанд, ки камҳосил буд. Бо ифтитоҳи хати обрасонӣ, имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо дигар навъи зироатҳои кишоварзӣ низ кишт шавад.
Мувофиқи баҳои олимони соҳа, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел” ва ”Турсунбой-бобо” серҳосил буда, бо дастрас гардидани оби полизӣ имконият аст, ки аз ҳар гектари он ба ҳисоби миёна то 700 сентнер пиёз, 300 сентнер картошка ва аз 20 то 40 сентнер ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шавад.
Обёрии заминҳои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат амалӣ гардида, хоҷагидорон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ истеҳсолотро зиёд намуда, ба ҳамин васила, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузоранд.
Иттилоъ доданд, ки, ба хотири беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо, давоми бештар аз ду соли охир дар шаҳр 659 чоҳи амудӣ канда шуд. Танҳо дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҷарқӯрғон панҷ чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифта, заминҳои кишоварзӣ бо оби полизӣ таъмин гардиданд.
Пас аз ифтитоҳи хати обрасонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо шинондани ниҳоли ток ба бунёди токзори навъи “кишмиш” дар хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.
Боғи нав ба хотири васеъ намудани майдони токзор дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дар масоҳати 1 гектар бунёд ёфта, дар он токи навъи “кишмиш” парвариш мешавад.
Барои бунёди токзори мазкур ниҳолҳои навъи маҳаллии минтақабоб истифода шуда, дар сурати нигоҳубини дуруст давоми се - чор сол ба ҳосил медарояд.  Тибқи баҳои пешакӣ, аз як гектари он метавон то 100 сентнер ҳосил ба даст овард. Токи навъи “кишмиш” барои истеҳсоли мавиз истифода гардида, маҳсулоти мазкур дар бозорҳо серхаридор аст.
Токзори нав дар ҳудуди деҳоти Зарҳалол бунёд ёфта, дар маҷмӯъ, майдони ин навъи токзори он ба 450 гектар расид.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз 1710 гектар токзори навъи “кишмиш”, ки дар шаҳри Истаравшан мавҷуд аст, ҳамасола то 10 ҳазор тонна мавиз истеҳсол шуда, ҳам ба бозорҳои дохил ва ҳам ба бозорҳои хориҷи мамлакат содирот мешавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини дурусти токзори нав ба масъулону хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 
Коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ “Адл” дар шаҳри Истаравшан
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ “Адл”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд ёфт, ба истифода дода, бо имкониятҳои он шинос шуданд.
Дар корхона 25 номгӯйи маҳсулот тавлид гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоташ аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи “Адл” 70 сокини маҳаллӣ, асосан бонувон, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гашт. Дар марҳилаи дуюм ин нишондод ба 180 нафар хоҳад расид.
Ҷамъият имконият дорад, ки дар як сол ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш барорад.
Тавре маълум гардид, айни замон дар корхона 6 навъи мошинча барои бозии кӯдакон, 2 намуд фойтунча, 7 навъи гаҳвора ва 10 намуд сечархаи кӯдакона истеҳсол шуда, оянда ҳаҷму номгӯйи маҳсулот меафзояд. Аз ҷумла, масъулон нақша доранд, ки истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои нисбатан калонҳаҷмро ба роҳ монанд.
Дар корхона маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми навъи аъло истеҳсол гардида, ба саломатии кӯдакон безарар мебошад.
Маҳсулоти ниҳоии омодашуда, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон, ба Ӯзбекистону Қирғизистон содирот мегардад.
Таъкид гашт, ки дар марҳилаи дуюм истеҳсоли асбобҳои хурди барқӣ, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст, роҳандозӣ мешавад.
Дар корхона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ насб гардида, маҳсулот бо сифати баланд тавлид мегардад.
Бояд қайд кард, ки соли 2020 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 174,6 ҳазор доллари ИМА 10 ҳазору 139 дона дучарха содирот ва ба маблағи 639,5 ҳазор доллар 39 ҳазору 406 дона дучарха ворид шудааст. Яъне, бунёди чунин корхонаҳо воридоти маҳсулотро ба кишвар коҳиш дода, содироти онро зиёд менамоянд.
Пас аз ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базми наврӯзии сокинони деҳаи Ҷарқӯрғони деҳоти Зарҳалол иштирок намуда, бо маҳсули аҳли заҳмат аз наздик ошно гардиданд.
Дар наврӯзгоҳ сокинони деҳоти мазкур ва дигар деҳаҳои шаҳри Истаравшан дастархони идона ороста, намунаи ҳунарҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, бо густурдани хони ҳафтсин ва ҳафтшин иштирокдорон яке аз оинҳои қадимии Ҷашни байналмилалии Наврӯзро инъикос намуданд. Ҳамчунин, бонувони соҳибзавқи шаҳри Истаравшан суманак, навъҳои гуногуни нон, кулчақандҳо ва дигар анвои хӯрданиро ба маъраз гузоштанд.
Дар чорабинӣ навъҳои гуногуни оши палав низ намоиш дода шуданд, ки ҳар кадоми он бо шаклу услуби хоса ва маҳорати баланд омода гардида, дорои таъму лаззати махсус буданд.
Ҳунармандони маҳаллӣ санъати баланди оҳангарӣ ва чӯбтароширо муаррифӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба рушди ҳунарҳои миллӣ миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, вобаста ба имтиёзҳое, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дода шуд, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, ин тасмимро омили асосии рушди ҳунарҳои миллӣ номиданд.
Дар базмгоҳи наврӯзӣ, ҳамчунин, навъҳои гуногуни меваҳои хуштаъми боғҳои шаҳри Истаравшан ба намоиш гузошта шуд. Аҳли заҳмат аз рушди боғу токпарварӣ ва афзоиши содироти он ба дигар давлатҳо иттилоъ доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳониро ба иштирокчиёни базмгоҳи идона таҳният гуфта, таъкид сохтанд, ки ҳунару суннатҳои ниёгонро ба насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба омӯзонанд.
Сипас, Сарвари давлат дар ҶДММ “Адл” аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дидан намуданд.
Чуноне иброз гашт, ҷамъият, асосан, чорвои калони зотии барои истеҳсоли гӯшт пешбинишударо, ки  50 сарро ташкил медиҳад, нигоҳубин менамояд. Гӯшти хушсифати хоҷагӣ дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад ва дар фаровонии маҳсулот ва танзими нарху наво мусоидат мекунад.
Иттилоъ доданд, ки давоми чанд соли охир соҳаи чорвопарварӣ дар шаҳри Истаравшан рушд карда, ҳамасола саршумори чорвои хурду калон меафзояд. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022, дар шаҳри Истаравшан чорвои хурд ба 105 648 сар расида, чорвои калон 55 439 сарро ташкил медиҳад.
Тавре маълум гашт, масъулони хоҷагӣ ҳадаф доранд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат фермаи нави чорвопарварӣ бунёд намуда, саршумори чорвову истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд. Ҳамзамон, хоҷагӣ парвариши шутурмурғро ба роҳ монда, айни ҳол саршумори он ба 100 сар расидааст.
Парвариши ин навъи мурғ аз лиҳози даромаднокӣ манфиатовар буда, ҳар кадоми он метавонад аз 80 то 100 килограмм гӯшти парҳезӣ диҳад. Аз ин рӯ, марҳила ба марҳила парвариши шутурмурғ зиёд карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои парвариши дурусти чорвои калон ва шутурмурғ маслиҳатҳои муфид дода, таъкид карданд, ки ҳамасола саршумори чорво ва истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2021    №: 71    Мутолиа карданд: 1731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед