logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ФИЛВОРД БАХШИДА БА «РӮЗИ  КАЙҲОННАВАРДОН»
Дар филворди навбатӣ номи кайҳоннавардони машҳури дунё ва номи киштии кайҳонии онҳо ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро  пайдо  намоянд.
 
Таҳияи Манижахон МАҚСУДҶОНОВНА, сокини ноҳияи Айнӣ
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
ҶАВОБИ МУАММОИ «ХАНДА ҲАМ ДОРУСТ»:
1. «Мушфиқӣ». 2. Истеҳзо. 3. «Оина». 4. Афандӣ. 5. Иҳом. 6. «МОШ» (Маҳфили Одамони Шӯх). 7. Ширинкор. 8. Раҳимӣ. 9. Имматшоев. 10. Восифӣ. 11. Исбот. 12. Танз. 13. Зокон. 14. Несин. 15. Набот. 16. Талҳак. 17. Коно. 18. Осон. 19. Нарх. 20. Ханда. 21 Алам.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
"УБУНТУ"
ФАЛСАФАЕ, КИ БОЯД ОМӮХТ
Боре як антрополог, ки вориди Африқо шуда буд ба кӯдакони яке аз қабилаҳои он ҷо бозӣ пешниҳод кард. Вай гуфт: - Кадоме аз шумо пештар ба назди дарахт давида расад, соҳиби сабади пур аз мева мешавад. 
Вақте ки ӯ ба саршавии бозӣ ишора кард, аз рафтори кӯдакон ба ҳайрат афтод. Онҳо даст ба даст якҷоя қадам мемонданд. Якҷоя ба назди дарахт расида, меваҳоро байни худ тақсим карданд. 
Аз онҳо пурсид, ки чаро шумо ин корро кардед, зеро яке аз шумо метавонист соҳиби сабади пур аз мева шавад. Кӯдакон боҳайрат ҷавоб доданд: «УБУНТУ». "Яъне, чӣ тавр мо метавонем хушбахт бошем, вақте ки дигарон бадбахтанд?"
Убунту дар тамаддуни онҳо маънои: «Ман ҳастам, зеро мо ҳастем» - ро дорад.
Ин қабила сирри хушбахтиеро медонад, ки дар дигар ҷамъиятҳо гумшудаасту онҳо худро боло ва пешрафта мешуморанд!
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Ман намегӯям, ки аз ҷанги душмани бадандеш битарс, балки мегӯям: - «Бештар аз овозаи сулҳ битарс!». Бисёр душманҳоро дидем, ки рӯз ояти сулҳро хонданд ва дам аз сулҳу дӯстӣ заданд ва ҳамин ки шаб шуд, бар сари хуфтагон лашкаркашӣ карданду шабехун заданд. Мардони диловар ҳамеша дар ҳоли омодабош дар либоси разм ва пӯшидани зиреҳ мехобанд.
* * *
Даста-даста лола дорад гулшани пероҳанат,
Дар баҳорон гул кушода ғунча-ғунча доманат.
Рост омад бар қадат, зебанда тобад бар танад,
Тоҷикистон, ту баҳорӣ, ман баҳори дигарам.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 2 АПРЕЛИ СОЛИ 2021:
Абдулқодири Раҳим,  Муҳаммад Ғоиб.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ТАСВИРИ СИРФ ТОҶИКОНА
ДАР ШАҲРИ МАСКАВ СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД
Дар Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас, ки чанде пеш дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд, Сарваршоҳ Азимов аз Тоҷикистон дар номинатсияи «Сулҳи хонадони ман» дар байни иштирокчиёни аз 15 то 18 - сола мақоми аввалро гирифт.
Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро офарид, ки доваронро тасхир намуд. Рассоми 17 - сола асари «Сутунҳои оила» - ро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд.
Ба Фестивали IX байналмилалии истеъдодҳои ҷавон «Неруи сеҳрноки маҷрои кабуд» - МОСГАЗ ситораҳоро дурахшон мекунад», тақрибан 2000 асар аз 70 минтақаи Россия ва 4 кишвари ҷаҳон ворид шудаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БЕТХОВЕН
Бетховен, ки табиатан шӯху суҳбаторо буд, ҳар шом ба маҳфили дӯстонаш даъват шуда, хотири ҳамаро болида месохт. Аз қазо чанд рӯз пайи ҳам борон бориду «гули сари сабад» ба қаҳвахона наомад. Чун баъди борон аз нав сари суҳбат ҳозир шуд, дӯстони муштоқу хавотир бо як овоз пурсиданд:
- Чӣ шуд ба шумо,  бемор будед, магар?
- Не, шукр худам сиҳату саломатам, вале ягона ҷуфти пойафзолҳоям, ки сӯрох шудаанд, дар ҳавои боронӣ тавони аз хона баромадан надоштанд,- нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд Бетховен. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
УЗРИ ПАДАР 
БАРОИ ТАРБИЯИ ДУХТАР
Роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Korean Airlines» Чо Xён духтари худро пеши мардум ва рӯзноманигорон бароварда, сарзаниш карда гуфт: «Аз шумо барои он ки фарзандамро дуруст тарбия карда натавонистам, узр мепурсам». Духтаре, ки дар акс сархам меистад, ҳамон духтар аст.
Сабаб он буд, ки духтари ӯ яке аз парвозҳоро 20 дақиқа ба таъхир андохта, бо стюардесса ҷанҷол кардааст. Моҷаро ба он хотир сар зада, ки стюардесса чормағзро на дар табақча, балки дар баста овардааст. Духтари нозуки «шеф» на танҳо ҷанҷол, балки бо таҳдид стюардессаро аз ҳавопаймо хориҷ кард.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ИОТА АМГЕ - ХУРДҶУССАТАРИН БОНУИ ДУНЁ
Таърихи аҷибу ҳайратангези Иота Амге аз рӯзи таваллудаш – 16 декабри соли 1993 оғоз мегардад. Кӯдак дар шаҳри Наҳпури Ҳиндустон ба дунё омадааст. Мутаассифона, рӯзгори хуши волидайнро ташхиси вазнини духтурон – ахондроплазия пас аз чанд моҳ талх намуд. Духтарак пас аз 62,8 сантиметр қад ва 5 килову 500 грамм вазн, дигар қад накашид.
Бо вуҷуди ин Иота Амге ба мактаб рафт. Барои ин хурдакак мизи махсусро мутобиқ ба қаду басташ муҳайё намуданд. Дар синни 18-солагӣ қади духтарак ба 68,2 см ва вазнаш ба 12 кг расид. Бо чунин бадани ғайриодӣ Иота шомили Китоби рекордҳои Гиннес гардид ва унвони хурдҷуссатарин бонуи дунёро дарёфт кард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ШАҲРИ БЕОБ
Кейптаун яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷаҳон мебошад, ки дар он беш аз 4 миллион аҳолӣ умр ба сар мебарад, аммо оби нӯшокӣ надорад. Сокинони шаҳр рӯзҳои борониро бесаброна интизорӣ кашида, оби боронро дар обанборҳои махсус ҷамъоварӣ мекунанд. Баъдан ин обро барои шустани зарфҳо, либосҳо ва нӯшидан истифода менамоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
МИНТАҚАҲОИ АЗ ҲАМА ХУНУКТАРИНИ РӮИ ЗАМИН 
ОЙМЯКОН
Оймякон  дар  Ёқутистони  кишвари  Россия ҷойгир буда, баландии ҳарорати хунукӣ то ба 71,2°C мерасад. Зимистон ҳарорати миёнаи хунукӣ дар ин деҳа то ба 50°C мебошад. Ин макон  якумин  ҷойи аз ҳама хунуктарини дунё маҳсуб   мешавад. Сохти географии Оймякон боиси  якумин  аз ҳама  хунуктарин шудани он аст. Агар дар минтақаи аз ҳама гармтарини Сайёра ҳарорат то ба 70 °C расад, пас  ин деҳа аз ҳама хунуктарин дар кураи  Замин аст. Оймякон  аз забони  эвенки тарҷумааш  низ маънои ҷоест, ки ҷӯй ях намебандад  ва  он ҷо моҳиён зимистон  мегузаронанд. Мардум  кам ба берун мебарояд. Аз ин макон то ба Ёқутистон дурӯза роҳ аст. 
Таҳияи  Нигина РАҲМОН
 
 
ШОРЕҲИ РАДИО ВА МУСОБИҚАИ «БОФТА»
Соли 1940 дар Англия байни ду даста мусобиқаи футбол баргузор гашт, вале туман чунон қавӣ буд, ки ба шореҳи радиоӣ ҳатто канорҳои майдон намоён набуд. Бо вуҷуди ин, англисҳо медонистанд, ки олмониҳо радиоро гӯш доранд ва, агар маълумот дар бораи туман пахш мешуд, пас ба Англия зарбаи авиатсионӣ фурӯ мерехт. Аз ин рӯ, шореҳ тамоми мусобиқаро дар асоси фарёди мухлисон «бофта баромад».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
НАВРАСТАРИН РЕСТОРАНДОРИ ДУНЁ
Писарбачаи 12 – сола аз Лондон Омар Мак Куин дар дунё аз ҳама хурдтарин ресторандор гардида, ҳатто оид ба ошпазӣ китоб ҳам навишт.
Аҷиб аст, ки бинобар хондану навиштан натавонистанаш муаллимон аз ӯ дар 7 – солагӣ даст кашиданд. 
Модари Омар пайваста бемор мешуд ва падар бошад, кор мекарду муолиҷаи завҷаашро назорат менамуд. Дар ин маврид Омари хурдсол ба пухтани хӯрокҳо майл пайдо кард ва дар ин роҳ муваффақ шуд.
Чун шуғли наврасро хонавода дастгирӣ намуд, ӯ дар YouTube шабакаеро боз карда, ба зудӣ маъруф гардид.
Дар 11 – солагӣ  Омар боҷуръатона ба яке аз директорони ресторанҳои лондонӣ муроҷиат намуд, то ӯро барои роҳандозии ресторан аз лиҳози маблағ дастгирӣ бикунад. Ба вай имкон доданд, ки дар тӯли ҳафта бинои худро боз намояд. Ҳамин тавр, ин писарбача дар дунё наврастарин ресторандор гардид.
Омар орзу дорад, ки пули зиёде ҷамъ орад ва онҳоро барои ёрӣ ба кӯдакони ниёзманду волидайни нотавону муҳтоҷ сарф хоҳад кард.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ҚУВВАИ ФИКР
Ҷо Диспенза, олими амрикоӣ, яке аз аввалинҳо шуда, таъсири шуурро ба воқеият аз нуқтаи назари илмӣ омӯхт. Назарияи ӯ дар бораи муносибати байни материя ва ақл барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Вай исбот кард, ки чӣ гуна қувваи фикри инсон метавонад воқеият шавад. Мисол овард, ки дар таҳқиқоташ як гурӯҳ давоми 5 рӯз машқи фортепианоро ба таври визуалӣ бе пахши тугмача дусоатӣ анҷом доданд. Гурӯҳи дигар ин ҳаракатҳоро ба таври зинда дар клавиатура иҷро намуданд. Дар натиҷа, дар мағзи иштирокчиёни ҳар ду гурӯҳ тағйиротҳои тақрибан якхела ба амал омад. Яъне, онҳое, ки бо аккордҳо танҳо фикран “бозӣ” карданд, тақрибан ҳамон қадар пайвастагиҳо ба вуҷуд оварданд, ки гурӯҳи дуюм кард. Яъне, мо метавонем фикрҳои худро ба дараҷае воқеӣ гардонем, ки тағйирот дар майнаи сар ҳамон тавре хоҳад буд, ки гӯё ин воқеа дар ҳақиқат рӯй дода бошад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
КОНСТАНТИН РЕНГАРТЕН
АВВАЛИН НАФАРЕ, КИ ҶАҲОНРО САЙР КАРД
Константин Ренгартен нахустин нафарест, ки пиёда сайри ҷаҳонро анҷом додааст. Ӯ, ки соли 1864 дар Минск ба дунё омадааст, аз кӯдакӣ орзуи баҳрнавард шудан ва ба ҳамин васила сайри ҷаҳон карданро дошт. 
Ҳамин тавр, субҳи 15 августи соли 1894 ӯ аз Рига ба сафар баромада, ҳаракаташро бо роҳи теппаҳои Қазоқистон идома дода ба Томск расид. Аз он ҷо роҳ ба сӯи Чин ва Ҷопон пеш гирифт. Аз Ҷопон тавассути киштӣ ба шаҳри Сиэтли ИМА расид. Дар Амрико 2-соли саёҳати аҷибашро гузаронд. Аз Ню - Йорк дар киштии «Лю- Бургон» нишаста, рӯ ҷониби Аврупо намуд. Рӯзномаҳои гуногуни Аврупо дар бораи ӯ менавиштанду ӯро ба суҳбатҳо даъват мекарданд. Ҳангоми бозгашт дар марзи империяи Россия ба шарафи Ренгартен гумбази  идона аз гулҳо сохтанд, ки тариқи он сайёҳ ба ватан баргашт. Саёҳати ӯ 27 сентябри соли 1898 дар Рига ба анҷом расид, ки он 4 солу як моҳу 12 рӯзро дар бар гирифт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ҒАМ
Рӯзе Афлотун нишаста буд. Аз ҷумлаи хосси он шаҳр марде ба саломи вай даромаду бинишаст ва аз ҳар навъе сухан мекард. Дар миёни сухан гуфт:
- Эй ҳаким, имрӯз фалон мардро дидам, ки ҳадиси ту мекард ва туро дуову сано мегуфт, ки Афлотуни ҳаким сахт бузургвор аст ва ҳаргиз чу ӯ кас набошад ва набудааст. Хостам, ки шукри ӯ ба ту расонам. 
Афлотун чун ин сухан бишунид сар фурӯ бурду бигирист ва сахт дилтанг шуд. Ин мард гуфт:
- Эй ҳаким, аз ман туро чӣ ранҷ омад, ки чунин дилтанг шудӣ?
Афлотуни ҳаким гуфт:
- Маро, эй хоҷа, аз ту ранҷе нарасид, вале мусибате аз ин бузургтар чӣ бошад, ки ҷоҳиле маро биситояд ва кори ман ӯро писандида ояд. Надонам, ки чӣ коре ҷоҳилона кардаам, ки ба табъи ӯ наздик будааст ва ӯро хуш омадааст ва маро биситуда, то тавба кунам аз он кор. Маро ин ғам аз он аст, ки ҳанӯз ҷоҳилам, ки ситудаи ҷоҳилон ҳам ҷоҳилон бошанд.
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
СУҚРОТ
Яке аз шогирдони Суқрот, ки меросхӯри оилаи сарватманде буд, кӯшиш мекард, ки зоҳиран ба устоди худ монандие дошта бошад. Ба ин хотир, ба ӯ тақлид карда, аввал риш монду асои гаронарзишашро ба тиёқи чӯбине иваз кард. Вале ба ин ҳам қаноат накарда, палтояшро ҷо-ҷо сӯрох намуд, то мисли устод фақир тобад. 
Суқрот чун дид, ки шогирд саргардони тақлидкорӣ гашта, хонданро фаромӯш кардааст, ӯро ба танҳоӣ хонду таъкидаш кард:
- Писарам, шуҳрати сохтаат аз сӯрохиҳои палтоят намоён шуданд. Тақлидро канор гузору аз пайи тадрис шав.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ҲУНАР 
БОЛОТАР АЗ ҲУСН
Барбара,  ҳунарманд ва  овозхони иёлати Ню – Йорк,  асосан,  бо  ҳунари  овозхониаш   дар ҷаҳон маъруфият  ба даст овардааст. Ӯ аввалин ҷоизаи «Оскар» - ро барои   иҷрои нақши асосӣ дар филми  мусиқӣ – мазҳакавии «Духтараки хандонрӯй» ва дуюмин ҷоизаи «Оскар» - ро барои  оҳанг бастан  ва  сароидани суруди «Evergreen»,  ҳамчунин, соли 1983  барои коргардонии намоишномаи «Йентл» ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» - ро мушарраф гардидааст. 
Ӯ  аз  даврони  наврасӣ зоҳири  зебо надошт. Аз ин рӯ, ҳамсолонаш ӯро тамасхур менамуданд. Вале духтарак  бо вуҷуди  ин ҳама  дастгиринаёфтанҳо ҷиддӣ аз пайи омӯзиши ин ҳунар мешавад ва собит месозад, ки ҳунари нотакрор болотар аз зебоии зоҳирист.  
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
АКИАНА КРАМИК 
СЕҲРИ ҚАЛАМАШ ҶАҲОНРО БА ШИГИФТ ОВАРД  
Акиана бо зуҳураш дар олами санъати тасвирӣ саҳифаи тозаеро боз намуда, ҳанӯз дар чорсолагӣ аз истеъдоди фавқулодааш дарак додааст. 
Мароқовар аст, ки Акиана ҳеҷ гоҳ аз рассоме сабақ нагирифтааст. Гарчанде аксарият ба истеъдодаш қоил шудаву ба офаридаҳояш бо чашми ҳайрат менигаранд, ба дил шубҳа низ доранд. Вале ба иқрори худаш, тасвирҳоро ӯ дар хоб мебинаду рӯи варақ меорад. 
Акиана гирифтори бемории аутизм асту тахайюл зиндагиашро зеб бахшида. Имрӯз ӯ миллионҳо доллар маблағро аз фурӯши мусаввараҳояш ба фондҳои хайриявӣ месупорад, то дастгири шахсони имконияташон маҳдуд бошад. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
«АБРАҶ ҚУДАЙ»
БАЛАНДТАРИН МЕҲМОНХОНА ДАР ҶАҲОН
«Абраҷ Қудай» қалонтарин меҳмонхона дар ҷаҳон буда, аз 10 000 утоқ, 70 тарабхона ва 5 нишастгоҳи чархбол иборат аст. Барои сохтмони он 3,5 миллиард доллари ИМА равона гардидааст. Масоҳати бино 1,4 миллион метри мураббаъ буда, он дар фосилаи ду километр аз бузургтарин масҷиди дунё - «Масҷид ал-Ҳарам» дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷойгир мебошад. Манораи мобайн 45 қабат ва манораҳои гирди он аз 35 қабат иборат буда, 5 қабати болои бино барои Оли Сауд иҷораи якумра пешбинӣ шудааст.
Иншоот бояд соли 2017 ба истифода дода мешуд, вале бо сабаби мушкили молиявӣ ва нотамом мондани сохтмон ба таъхир афтод.
Таҳияи Муҳаммад САИДВАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2021    №: 71    Мутолиа карданд: 824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед