қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 20 ноябри соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, № 11, мод.846) қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«18. Воридоти маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 6 апрели соли 2021, № 1771
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2021 №: 71 Мутолиа карданд: 1566