logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, шаҳри Душанбе, 12 апрели соли 2021

Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Ба ин муносибат, кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.
Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонда, мушкили онҳоро осон мегардонад.
Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накукорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.
Мо фаризаҳои ин моҳи муборакро имсол дар айёми омодагӣ ба Ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ месозем.
Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору саодат ба шумор меравад, зеро он чароғи зиёбахши роҳи имрӯзу ояндаи мардуми мо мебошад.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравем ва бовар дорем, ки бо азму талоши содиқонаи мардуми шарифи кишвар раванди ободкориву созандагиро вусъати бештар бахшида, дар ояндаи наздиктарин Ватани маҳбубамонро ба як мулки зебову пешрафта мубаддал мегардонем.
Воқеан, аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин, яке аз фазилатҳои дини мубини ислом покиву тозагӣ мебошад.
Дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд барои покии ҷисму рӯҳ, ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳали зисти худ саъю кӯшиш намояд. Зеро ободонии кӯчаву маҳали зист аз замонҳои қадим хислати мардуми заҳматдӯст ва озодаву озодипарасти мо мебошад.
Бахусус, имрӯзҳо, ки фасли баҳор аст, мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем, рӯзии худ ва аҳли хонадонамонро бо заҳмати ҳалол муҳайё намоем ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорем.
Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад.
Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд.
Саломатӣ сарвати бебаҳо ва умр неъмати бузургтарин барои ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фарди солимфикр бояд ба қадри онҳо расад.
Соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад.
Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла COVID – 19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. 
Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай, аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад. Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем.
Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накукорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне, шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус дар моҳи Рамазон, ба  ятимону  маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.
Ҳадияву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки кумаку дастгирии ятимону маъюбон солҳои охир дар кишвари мо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.
Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.
Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан дар моҳи шарифи Рамазон, гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».
Дигар зуҳуроте, ки амали носавоб шуморида мешавад, исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебошад.
Чордаҳ сол қабл мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кардем, ки самараву натиҷаҳои мусбати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат дар рӯзгори оилаи худ возеҳ дида истодааст.
Зарур аст, ки мардуми кишвар минбаъд низ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо талаботи қонуни миллиро, ки фақат ба манфиати онҳо нигаронда шудааст, қатъӣ риоя намоянд.
Ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот мо бояд ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳали зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи Ҷашни бузурги миллиамон – 30-солагии Истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон гузорем.
Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди мо баробари риояи рукнҳои моҳи муборак корҳои хайру савобро боз ҳам густариш бахшида, саҳми худро дар ободии Ватан, пешрафти давлат, оромии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.
Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба тамоми мардуми кишвар таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саломатӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон ва иқболи нек орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2021    №: 72 - 73    Мутолиа карданд: 7699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед