logo

фарҳанг

АРҒУНУН. РАМЗИ ҲАМГИРОИИ ТАМАДДУНҲОИ ҒАРБУ ШАРҚ

Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар толори “Арғунун” - и донишкада чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ - консерти Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Комилова ва донишҷӯи соли дуюми Академияи мусиқии ба номи бародарон Гнесинҳои шаҳри Москва Зарнисор Набиева таҳти унвони “Навои арғунун” баргузор гардид. 
Дар ҳамоиши фарҳангӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, аз ҷумла сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина, Туркманистон бо аҳли байташон,  созмонҳои байналмилалӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оҳангсозону санъатшиносон, ҳайати профессорону  устодон, донишҷӯён ва дигар ҳаводорони сози арғунун иштирок доштанд.  Дар оғоз наворе аз лаҳзаҳои ташрифи Президенти кишвар ба донишкада ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани толори “Арғунун” нишон дода шуд, ки дар хазинаи тиллоии таърихи фарҳангу санъати мамлакат ҳамчун хотироти хуш барои дилбастагони навои арғунун қарнҳо маҳфуз мемонанд. Аз симои Сарвари давлат ва иштирокдорон маълум буд, ки онҳо он рӯзи барои фарҳанги миллати куҳанбунёди мо шарифро бо ҳисси баланди ватанпарастӣ нангу ори ориёӣ солҳои зиёд интизор буданд. Фараҳмандӣ, ифтихор, табассумҳои саршор аз ҷӯшиши эҳсоси ботини пок ва истиқболи гарм гувоҳи фарҳангпарварии ҳамагон буд.
Ректори донишкада, доктори илми филология, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба боргоҳи фарҳангу санъат ва ҳунари воло хайрамақдам гуфт. Мавсуф бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ин толори консертии бошукӯҳ ва сози мусиқии арғунун маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 26-уми июни соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳамон  чорабинии фарҳангӣ низ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, вакилони порлумон,  арғунуннавозони машҳур, аз қабили ҳунарпешагони мардумии Федератсияи Россия, профессорон Рубин Абдуллин ва Любов Шишханова ширкат доштанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи толори консертӣ ва сози арғунун, аз ҷумла зикр намуданд: «Имрӯз мо шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид». 
М. Низомӣ, ҳамчунин зикр намуд, ки ин ҳадяи беназири Пешвои миллат ба аҳли фарҳангу санъати кишвар гувоҳи ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат  буда, ба рушду такомули минбаъдаи фарҳанги миллӣ, хосса сози арғунун шароити мусоид фароҳам овард. “Сози арғунун таърихи хеле қадима дошта, маҳсули ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ мебошад. Дар ин маврид мо ҳамчун ворисони яке аз саромадони бузурги олами мусиқӣ Борбади Марвазӣ бо ифтихор ба ёд меорем, ки дар фарҳангу луғатномаҳо, рисолаҳои мусиқӣ ва ашъори шоирони бузурги мо, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Онандроҷ», ҳамчунин дар нигоштаҳои Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абусаиди Абулхайр, Мавлавӣ ва Саъдӣ дар мавриди сози арғунун ишораҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, дар луғати «Бурҳони қотеъ» дар ин маврид омадааст: «Арғунун созу овози ҳафтод духтари хонанда ва созанда аст, ки ҳар як чизро ба якбор ва ба як оҳанг бихонанд ва бинавозанд. Ва он се анбони бузург дошта, аз пӯсти говмеш таҳия гардад».
Ба ақидаи баъзе аз донишмандон, сози арғунун ба сози нафасии найи анбони тоҷикон шабоҳати бисёр дорад. Мусаллам аст, ки дар тӯли асрҳо сози арғунун аз ҷониби ҳунармандони мо такмил ёфта, дар байни асбобҳои мусиқии миллӣ мақоми шоиста пайдо кард”, - гуфт М. Низомӣ. 
Ҳамин тариқ, сози арғунун дар кишвари мо аз нав эҳё гардида, он дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз тарафи арғунуннавозони маъруф навохта шуд. Соли 2017 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фес-тивали байналмилалии мусиқӣ бо унвони «Садои дилрабои арғунун» доир шуд, ки дар он арғунуннавозон -ректори Консерваторияи давлатии шаҳри Қазон ба номи Н. Г. Жиганов, Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия ва Тотористон, профессор Рубин Абдуллин, дотсенти Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. Глинка Наталя Богинская, профессори Консерваторияи давлатии миллии Қазоқистон ба номи Қурмангази, Ҳунарпешаи шоистаи Қазоқистон, профессор Габит Несипбаев, дотсенти Консерваторияи Қирғизистон ба номи К. Молдобасанов  Виктория Василева,  омӯзгори мактаби мусиқии шаҳри Родгавуи Олмон Зулфия Халилова ва донишҷӯи бахши 5 - уми Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганов Фарида Нуруллоева иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин, соли 2019 арғунуннаввози машҳур, ғолиби чандин фестивалҳои байналмилалӣ Евгений Авраменко аз шаҳри Калинингради Россия ба донишкада ташриф оварда, 2 консерти ҳунарӣ барои калонсолону хурдсолон ва дарси маҳорат барои омӯзгорону донишҷӯён баргузор намуд. 
Барномаи асосии консертӣ бо сурудани шеъри “Тоҷикистон”- и Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аз тарафи хори умумии факултаи мусиқӣ - омӯзгории донишкада оғоз гардида, сипас омӯзгори донишкада Фирӯза Комилова ва донишҷӯи соли дуюми Академияи мусиқии ба номи бародарон Гнесинҳои шаҳри Москва Зарнисор Набиева аз эҷодиёти композиторон И. С. Бах, Л. Дакэн, Д. Скарлати, М. Мангани,  Г. Пуняни, Г. Ф. Гендел ва дигарон оҳангҳои марғуберо пешкаши ҳозирин гардонданд.  Шеъри “Дилбари тоҷик” - и шоири тоҷик Саидалӣ Маъмур дар иҷрои мудири кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Акрам Мирзоев дар радифи оҳанги дилнавози арғунун садо дода, дили ҳозиринро тасхир намуд.
Ҳозирин ҳунарнамоии онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом ва тақдим намудани гулҳои зиёд истиқбол гирифтанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки сози арғунун ҳанӯз ҳам  дар байни мардум ҳаводорони зиёд дошта, ба таъбири Пешвои миллат “ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ” - ро ба вуҷуд овардааст.
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2021    №: 72 - 73    Мутолиа карданд: 553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед