logo

иҷтимоиёт

2019 – 2021. АЗ РУШДИ ДЕҲОТ ТО РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Ҳадаф аз эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ тавассути муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, фарҳанги миллӣ, ҷалби сармоя, инчунин мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле ба маврид аст. Зеро табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосири сайёҳӣ бунёд ва хизматрасонии мувофиқ ба талабот ба роҳ монда шавад. 
Тоҷикистон сарзамини дорои иқтидори кофии сайёҳӣ буда,  рушди сайёҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллӣ мусоидат менамояд. Дар ҳақиқат сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, пешрафти дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ва аз ҳама муҳим муаррификунандаи таъриху фарҳанг ва табиат, анъанаҳои миллии тоҷикон байни ҷаҳонгардон ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик аз қадим соҳибҳунар, дорои фарҳанги воло ва суннатҳои неки аҷдодӣ буда, ба омӯзиш ва рушди ҳунармандӣ дар кишвари худ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад, ки шоиставу арзанда аст.
Табиист, ки соҳаи сайёҳӣ ва рушди деҳод ва бе фароҳам овардани шароити мусоиди сайругашт дар маҳалҳо чандон инкишоф намеёбад. Аз ин рӯ, хеле саривақтист, ки Сарвари  давлат дар Паёмашон ба ин масъала  диққати зарурӣ доданд. Гузашта аз ин, ба ҳамагон маълум аст, ки макони сайру гашти сайёҳон ва он ҷое, ки ҳунарҳои мардумии ин ё он халқу миллатҳо ба таври зарурӣ ҳифз гардидаву асолати худро гум накардаанд, маҳз деҳот ва маҳаллу минтақаҳо мебошанд. Агар ба таври дигар гӯем, рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, яке бе дигар рушду инкишоф намеёбанд.
Бо назардошти ин, барои саҳм гирифтан дар пешрафти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ шудааст, соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ дар якҷоягӣ пайи инкишоф, рушд ва ободии Тоҷикистони сарсабз бошанд.
 
Давлатбӣ АСОМУДИНЗОДА,
иҷрочии хадамоти  иҷро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2021    №: 72 - 73    Мутолиа карданд: 556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед