logo

иҷтимоиёт

НАВРӮЗНОМАИ ҲОШИМ ГАДО

Чун ҳарвақта дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби дӯстон ва шиносҳоямон даъват ба ягон чорабинии муҳим ва бошукӯҳро интизор будем. Чи хуш ки интизориамон тӯл накашид, моро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба тамошои намоиши «Наврӯзномаи Ҳошим Гадо» даъват намуданд…
Дар даъватнома нигошта шуда, ки дар намоиш донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театркунонидашуда ва санъати актёрӣ ширкат меварзанд. Ба худ андешидем, ки донишҷӯёни ҳоло тамоми паҳлуҳои ҳунарро азбарнакарда наметавонанд намоиши мукаммале ба мо пешкаш намоянд. Биноан дудила шудему ба худ гуфтем, ки аз паи ягон саргармии дигаре бояд шуд. Чун сатрҳои «Дар таҳияи Артисти халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо» - ро  хондем, тамоми шакку шубҳа вуҷудамонро ба якборагӣ тарк намуд. 
Рӯзи таъйиншуда роҳ ба сӯи донишкада гирифтем. Моро аз дари дарвоза донишҷӯёну устодони сару либосашон идона ва хеле муаддаб пешвоз гирифтанд. Зуд чанд нафари онҳо атрофи моро ҳалқавор печонда гирифтанду то дари театри таълимӣ раҳнамоямон гаштанд. Раҳораҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ин ҷо аксарашон маҳсули дасти худи донишҷӯён буд ва дастовардҳои донишкада дидан намудем. Бо завқи баланд ва ҳисси масъулиятшиносии воло таҳия шудани намоишгоҳ моро ба ваҷд овард. Сари ҳар қадам истода, шарҳи ин ё он намояро пурсон мешудем, донишҷӯён низ бо завқи баланд ба суолҳоямон ҳам ба забони ноби тоҷикӣ ва ҳам русӣ посух медоданд. Аз ҷумла, намоиши таомҳои миллӣ хеле «болаззат» буд. Бачаҳо бо шавқ ҳар намуди хӯрокро шарҳ дода, ҳатман аз он чашиданатонро хоҳиш мекарданд. Намоишгоҳҳо ҳатман қисмати мусиқӣ низ доштанд. Духтарони кабкхирому ҷавонони чун уқобони кӯҳӣ бовиқор ҳар ҷо – ҳар ҷо ҷамъ омада, сурудхониву рақс мекарданд.   
Дар толори пуропури одам низ назму низоми ҷолибе ҷорӣ буд. Ҳар устод ва меҳмони калонсолро бачаҳо бо аз ҷой хестан ва баъзеҳоро ҳатто бо қарсак пешвоз мегирифтанд. Ин амал, ки дар кам андар ками ҷойҳо риоя мешавад, моро хеле ба ҳайрат овард. Зуд ҷавонони дигаре «эстафетаи» меҳмоннавозиро ба дасти худ гирифта, моро то ҷоямон раҳнамоӣ карданд. Баногоҳ ҳама аз ҷой хеста, бо қарсакҳои осмонкаф меҳмонони навбатиро пешвоз гирифтанд. Онҳо ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  Лутфулло Давлатзода, ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ва дигар шахсони соҳибмақоми соҳаи фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ буданд. 
Саҳна чун дар ҳама асарҳои устод Ҳошим Гадо хеле мӯъҷаз ва пурмаъно оро дода шудааст. Қолинҳои дар саҳн ва деворҳои саҳна овехташуда бо гул ва лӯхтакҳои зебову либоси халқиятҳои мухталиф дар бар оро дода шудаанд. Ду дарахти дар шафати пешсаҳна қоимшударо бошад, шохаҳояшонро нону китоб оро медоданд. Бо ин «инсон чуноне, ки бе нон зиндагӣ карда наметавонад, бе маърифат низ ҳастияш маъное надорад», - гуфтан мехоҳад устод. Дар паҳлуи дарахтон ду оташкада бо забонаҳои оташи фурӯзон саҳна ва толорро нуру сафо мебахшанд. Ин ҳама зебоӣ ва боигарии маънавиро пайкараҳои аскарони бовиқор қоматафрохта посбонӣ доранд.
Чароғҳо ба оҳистагӣ хомӯш мешаванд. Ҳама дар интизори мӯъҷиза дам ба дарун мезананд. Ҳунарпешаҳои ҷавон бо оҳистагӣ, гӯиё по рӯи абрҳо мегузошта бошанд, ба саҳна ворид мешаванд. Ҳамин замон экрани паси саҳна рӯшан мешавад. Мо паи ҳамдигар наворҳоеро мебинем, ки аз гузаштаи дури миллату сарзаминамон ҳикоят мекунанд. Рӯзҳои хушро ҷангу ҷидолҳо иваз намуда, дар навбати хеш замонҳои осоишта низ фаро мерасанд. Мо мебинем, ки миллати ганҷофарамон бо фаро расидани шароити мусоид ба ободкориву эҷодкорӣ даст мезанад. Ҳамчунин, растаҳои ҳунармандонеро мебинем, ки ба кулоливу наҷҷорӣ машғуланд. Мусиқии форам гӯӣ фалсафаи ҳастии моро баробари наворҳои экран ривоят дорад. 
Чун наворҳо ба охир мерасанд ва боз чароғи қандилҳо фурӯзон мегарданд, мо аз ин олами зебо ба воқеияти замони хеш бармегардем. Маҳз дар ҳамин дам ба чашмамон мерасад, ки дар саҳна қариб ҳафтод донишҷӯёни хушлибосу зебосурат қарор доранд. Як қисми онҳо фрак, қисми дигарашон шиму костюми хушдӯхт дар бар дошта, гарданашонро шоҳпаракҳои зебо оро медиҳад. Духтарон чун олиҳаҳои юнонӣ либоси дароз ба бар кардаанд. Дар байн, рӯи қолинҳо толибилмони либоси миллӣ бабардошта нишастаанд. Онҳо асбобҳои мусиқии дар дастдоштаашонро ба оҳистагӣ ба навохтан медароранд. Таҳти ин навоҳои малакутӣ бачаҳо рубоиёти Хайёмро қироат мекунанд. Мо рубоиёти ин орифи Шарқро борҳо ва дар иҷрои ҳунармандони хуб шунидаем, аммо ин ҷавонони навхат гӯиё дар вуҷуди ин ҳикматҳои куҳани Шарқ рӯҳи ҷавонӣ ворид намудаанд. Кас ибораву ифода ва мазмунҳои шунидаашро гӯиё аз нав дарку фаҳм менамояд. 
Қисмати аввали намоиш ба оҳистагӣ ҷои худро ба даври дувуми он дод. Ҳикматҳои орифи Шарқро гуфтаҳои шоирони муосири тоҷик иваз намуданд. Ҳофизони хушилҳом ва раққосони хушхиром аз бахти баланди хеш мерақсиданду месароиданд. Мавҷи эҳсосоти ширин аз саҳна ба толор интиқол ёфта, дар ин ҷо идома меёфт. Ҷавонони хушбахти замони мо сари овози ҳофизонро гирифта, духтарон аз ҷои нишасташон ба рақс медаромаданд. Ин гуна ҳамгироиро танҳо дар кишвари Наврӯз метавон дарёфт. 
Мусаллам аст, ки дар чунин шароит корҳои азиме иҷро мешаванд, ки имрӯзу фардои кишварро чароғон хоҳанд намуд. Чуноне ки хонандаи закӣ пай бурд, сухан аз боби сохтмони аср меравад. Қисмати сеюми намоиш «Роғун» ном дорад. Боз чароғҳо хомӯш шуда, экран ба кор медарояд. Дар он мо шаҳрҳои шукуфон, боғҳои гулафшон ва ҷавонони хушандомро мебинем. Сарвари давлат савори булдозер пеши роҳи рӯди саркаши Вахшро баста истодаасту ҳама аз ин амал ба ваҷд омадаанд. Ҷои дигар мо мебинем, ки заҳмати ин ободкорони Ватан самар овардаву Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ агрегати нахустини неругоҳро ба кор медарорад. Дар ин лаҳза толорро ҳолати аҷибе фаро мегирад - нишастагон аз ҷой бархоста, бо дасткӯбӣ ин амалро хайру муборак арзёбӣ мекунанд.  
Дар ин кори хайр ба устод Ҳошим Гадо режиссёри намоиш Ҳалим Сангин, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ, профессор Тағоймурод Розиқов, устоди нутқи саҳна Собир Боев, хормейстер Султонмурод Ёров, роҳбари бахши мусиқӣ Б. Нарзуллоев ва директори барнома, дотсент М. Сангов кумак расондаанд. 
Дар охир ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба устод барои чунин як кори муҳим изҳори сипос намуда, ба ҳунари бачаҳо баҳои баланд дод. Вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода ҳайрат ва хушнудии хешро бо ифодаҳои «Браво!» ва «Офарин!» баён дошт. Намоиши нави таҳиянамудаи устод Ҳошим Гадо то дер гоҳ дар хотири мухлисонаш боқӣ хоҳад монд.  
 
Евгений МОРОЗ, ҳунаршинос, 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2021    №: 72 - 73    Мутолиа карданд: 493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед