номаҳо
РАМАЗОН. ЧӢ МЕШАВАД, КИ МАВОДИ НИЁЗИ АВВАЛРО БА МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ТАБДИЛ ДИҲЕМ?
Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳамасола нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо якбора ва бесабаб боло меравад. Моҳи август бошад, нархи либосҳои мактабии кӯдакона ва дар идҳои Қурбону Рамазон низ нархи қанду меваю мағзу донагӣ ва гӯшт. Баъдан нархҳо ҳамин хел мемонанд. Мардум дар аввал норизоӣ ва баъдан «одат» мекунанд. Савдогарони беинсоф садҳо бор пеши харидорон савганди дурӯғ мехӯранд.
Амали чунин савдогарон беҷавоб намемонад. Савдояшон касод ва ё ба балои дигаре гирифтор мешаванд. Лекин ягонтои онҳо ба ёд намеоранд, ки шояд ин ҳамааш касофатии баланд кардани нархҳо, махсусан дар моҳи Рамазон аст. Дар ҳоле ки дар бисёр кишварҳо Рамазон моҳи тахфифҳост, бозорҳои мо барои қиматшавии нархҳо гӯё Рамазонро интизорӣ мекашанд.
Дар моҳи Рамазон аз дурӯғ парҳез намекунем, мардумфиребӣ мекунем, ҷабр мекунем ва садҳо амали на танҳо ғайримусулмонӣ, балки ғайриинсонии дигар дорем, лекин рӯза мегирем… Рафтори савдогарони бозорро амали рӯзадорӣ метавон гуфт? Ҳамасола бозорсӯзиҳо ҳам панде нашуданду молу амволсӯзиҳои ин қиматфурӯшон ҳам. Онҳо ҳеҷ гоҳ баракати корашонро намебинанд, зеро доимо қасами дурӯғ мехӯранд. Чӣ мешавад, ки маҳсулоти ниёзи аввалро ба монополияи давлатӣ табдил диҳему виҷдону имонфурӯшони мо ангушти таассуф хоида гарданд?
Сангимурод ИЗЗАТОВ,
омӯзгори коллеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2021 №: 74 Мутолиа карданд: 7473