logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. АЗ ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСҲОИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

Шахсияти тобноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ба мардум, таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихии халқ, ҳувият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон камол ёфта, дар қаъри воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон ҷойгоҳи шоиставу мондагор касб намудааст. Барҳақ, Президенти маҳбуби кишвар дар сарнавишти миллати бостонӣ ва мутамаддини тоҷикон гардиши куллие ба миён оварданд, ки дар таърихи давлатдории навини миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Таърихи инсоният шахсиятҳоеро ёд дорад, ки вусъати кору амалашон аз доираи марзҳо, қавму миллатҳо фаротар рафта, ба сарнавишти ҷомеаи байналмилал таъсиргузор аст. Онҳо дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ бо назару диди фарох корномаҳои мондагору тақдирсозе анҷом медиҳанд, ки барои кулли мардуми сайёра муҳиму зиндагисозанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили ҳамин гуна шахсиятҳои камназир ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, ки иқдомоту ташаббусҳои башардӯстонаашон ба манфиати аҳли олам нигаронда шудааст. Зеро агар ба фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар андозем, на танҳо миллату давлати моро ба рӯзи саодату некӣ расонданд, балки бо роҳандозии ташаббусҳои байналмилалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ ба оби тоза, таҳкими мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хидматҳои мондагор анҷом додаанд. Ба маҳзи чунин ибтикороти башардӯстӣ ҷойгоҳ ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, нуфузи бештаре касб менамояд. 
Агар ба таърихи давлатсозии навини тоҷикон бо сарварии Пешвои муаззами миллат назар андозем, нахустин пайғоми ин фарзанди фарзонаи миллат: “Ман ба шумо сулҳ меорам”, ки дар рӯзҳои навмедӣ садо дода буд ба хотир мерасад. Ин ҳарфи хушоянд ва қавли ҷавонмардонае буд, ки дар замони ҷанги қисматсӯз мардумро ба ояндаи нек умедвор карда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун, халқи шарафманди тоҷик оғоз аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар ёд доранд, ки Пешвои ормонии миллат то чи андоза пойбанди қавлу қасами худ буда, дар роҳи эъмори давлати навбунёд, расидан ба қаламрави саодати миллӣ борҳо ҷони хешро ба гарав гузоштанд. Имрӯз низ аз файзи хирад, ҷасорат, иродаи қавӣ ва иқдомҳои олии Президенти маҳбуби кишвар, давлат ва миллати тоҷик ба самти уфуқҳои нав ба нави рушду тараққиёти Ватани азиз қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҳоло халқи шарафманди тоҷик таҳти роҳнамоии Сарвари маҳбуби хеш баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ даст ба корҳои ободониву созандагӣ доранд. Ҳар рӯз ба муносибати ин ҷашни фархунда, гӯшае обод, биною иншооти наве бунёду мавриди истифода қарор мегирад. Аз пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо то дурдасттарин музофоту рустоҳои кишвар тарҳу симои нав ба худ гирифта, гулгулшукуфон мегарданд, ки ин ҳама самараи сулҳу ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ дар атрофи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар аст.
Аз ин рӯ, дар замони вусъат гирифтани муборизаҳои идеологӣ аз ҷониби гурӯҳҳои тафриқасоз моро зарур аст, ки бо дарки воқеиятҳои замон ва аҳамияти ваҳдати миллӣ дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ иқдом намоем. Худро дар маҷрои вусъатноки созандагию хуррамгардонии Ватани азиз шарик сохта, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ садоқатмандона саҳми фаъол гузорем. 
 
Сабзинаи НУРАЛӢ, 
унвонҷӯи Академияи миллии 
илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед