logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. НИГАРОНИИ РАИС АЗ КАМБУДИҲОИ ЗИЁДИ ЯК СОҲА

Ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2018 таҳия гардид, дар машварати кормандони ҳифзи сиҳатии вилоят, ки дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихони Ҷамшед баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласа раиси вилоят Ёдгор Файзов зикр кард, ки соли 2020 дар ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус кормандони тиб бар асари хуруҷ ва паҳншавии бемории коронавирус, мушкил омада бошад ҳам, сиёсати дурусти роҳбарияти олии кишвар, муттаҳидии мардум ва фаъолияти босамари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сохторҳои худ, дастгирии ҳамватанони бурунмарзию соҳибкорон ва шарикони рушд имкон фароҳам овард, ки ин сол бо камтарин талафот паси сар шавад. - Фаъолияти кормандони тандурустии вилоятро қаҳрамонӣ унвон намуда, қайд кард, ки дар ин давраи ҳассос ягон табиб тарки вазифа накард, балки ба қимати ҷони худ шабу рӯз дар хизмати мардум қарор дошт.  
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихони Ҷамшед  вазъи эпидемиологии имрӯзаи ҷаҳонро таҳлил карда, таъкид намуд, ки аз миёни 219 давлати узви СММ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он аз аввали сол ягон ҳолати сироятёбӣ  ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло давлатҳои муқтадири Амрикову Аврупо дар марҳилаи сеюми паҳншавии ин беоморӣ қарор доранд ва ин раванд дар кишварҳои ҳаммарзи мо низ идома дошта, ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз дар ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор нафар мефавтанд. Тадбирҳои  саривақтии  Ҳукумати кишвар боис гардиданд, ки пеши роҳи паҳншавии пандемия дар кишвар ба зудӣ гирифта шавад.
Гуфта шуд, ки аз 98 банди нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2018 тасдиқ гардиданд, 12 банд ба соҳаи тандурустӣ марбут буда, соли равон марҳилаи охирини иҷрои онҳо мебошад. Дар доираи амалигардонии бандҳои мазкур давоми ду сол дар самти ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, рушди саноати дорусозӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати бунёд ва азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таъмини онҳо бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд. 
Зимнан, дар ноҳияи Роштқалъа бунёди сехи хурди коркарди гиёҳҳои шифобахш дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, ин иқдом дар дигар навоҳии вилоят, ки дорои захираи бойи гиёҳҳои шифобахшанд, идома меёбад. Соли гузашта бо дастгирии  Ҳукумати  мамлакат ба муассисаҳои тандурустии вилоят як қатор таҷҳизоти муосири тиббии гаронарзиш ворид гардид, ки дар таърихи соҳа бесобиқа мебошад. Давоми се соли охир 38 муассисаи соҳаи тандурустӣ таъмир ва азнавсозӣ гардида, дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои муассисаҳои тандурустӣ дастрас гардиданд. 
Ба гуфтаи муовини вазир, бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам дар самти сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ, таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳа ва афзоиши нишондиҳандаҳои касалиҳои сироятӣ камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Аз 170 бунгоҳи тиббӣ 17 - тоаш дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 20 бунгоҳ дар бинои дигар муассиса ва хонаҳои хусусӣ амал мекунанд. Вазъияти марказҳои саломатӣ ҳам аз ин беҳтар нест. Феълан дар 27 маркази саломатии деҳот мутахассис намерасад. Беморхонаҳои минтақавӣ ҳам ба духтурони соҳибмаълумот ниёз доранд. Гуфта шуд, ки гарчанде солҳои охир  дар миқёси вилоят нашъмандӣ рӯ ба коҳиш дорад, вале нишондиҳандаи бемориҳои ВНМО ва сил дар таносуб ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ афзудааст. Ҳамчунин, Шодихони Ҷамшед вобаста ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб, таъмини мутахассисон барои муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят аз ҳисоби хатмкардагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бахусус донишҷӯёне, ки тариқи Квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ворид намудани навоварӣ дар соҳа, бақайдгирии дақиқи шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва оилаҳои камбизоат, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтори тандурустӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи иҷтимоӣ, бартарафсозии камбудиҳои соҳа ибрози назар кард.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”   
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед