logo

фарҳанг

АБДУЛҲАМИД САМАД: «АДИБИ АСИЛ БАРОИ ЯК ХОНАНДА ҲАМ МЕНАВИСАД»

Дар маҳфили «Фонус – минбари андеша» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» суҳбати мо бо устод Абулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доир ба масъалаҳои рушди наср, тарбияи бештари носирони ҷавон, занҷираи маънавии наслҳои адибон ва коҳиш ёфтани шумораи хонандаи асарҳои муосири бадеӣ сурат гирифт. Шакли пурраи суҳбатро дар Ютюбканали «Ҷумҳурият» тамошо кунед. Ҳоло фишурдаи он пешкаши шумо мегардад. 
- Устоди азиз, дар мактаби адабии устодон Садриддин Айниву Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзодаву Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзоду Сорбон, Саттор Турсун ва шумо барин адибони маъруф тарбия ёфтанд. Баъд аз насли шумо Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Ҷонибеки Акобир, Баҳманёр ва чанд тани дигар ба майдони адабиёт омаданд, ки аз парчамбардорони насри муосир маҳсуб меёбанд. Вале, мутаассифона, чанд соли охир кандашавии ин занҷира мушоҳида мешавад…
- Бале,  ҳақиқати талх ин аст, ки пас аз насле, ки шумо ёд кардед, дар наср пеши об банд хӯрд. Як зумра шоирони ҷавони хуби мо падид омада бошанд ҳам, майдони наср андаке холӣ монд. Ҳол он ки як насл насли дигарро неру, ҷуръат, илҳом ва завқ мебахшад. Фоҷиаи солҳои 90 - уми асри гузашта сабаби парокандагии мактабҳои адабӣ ва анъанаҳои хуби устодиву шогирдӣ гардид. 
Ба ростӣ, фоҷиаҳои миллӣ аксаран ба адабиёт таъсири бад мерасонанд, зеро буҳрони маънавиву рӯҳии адибон авҷ мегирад. Бо вуҷуди ин, Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Муаззама, Ҷонибеки Акобир, Анвар Олим бо нафаси тоза ва таровати дигар асар офариданд ва фазои маънавии насрро то ҷое пур карданд.
 
- Дар наср камтар ба мушоҳида расидани ибтикороти тоза дар солҳои охир таъкид мешавад. Ин ҳолат ба кадом омилҳо иртибот дорад?
- Ба насри сӣ соли охири мо адабиётшиносону журналистон ва хонандагон ҳар хел баҳо медиҳанд, аммо мунсифона бояд гӯем, ки наср аз назари мундариҷаву мазмун хеле рангин шуд. Адибони дар боло номбаршуда аз солҳои 80 - ум, ки авҷи ошкорбаёнӣ буд, ба мавзӯъҳои таърихиву миллӣ рӯ оварданд ва дар бедории ҷомеа то ҷое нақш гузоштанд, аммо роҳи бештари онҳо ба дарозо накашид. Ҳоло мавзӯъ, воқеаҳо ва қаҳрамон бисёр аст, фазо ва пайти мувофиқи эҷод расида бошад ҳам, ҷавонони насрнавис онҳоро кам қаламӣ мекунанд. Нависандаи бузурги рус Антон Чехов гуфта буд, ки аз як хокистардон ҳам як ҳикояи олиҷаноб офаридан мумкин аст. Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар тафаккур ва рӯҳияи мардуми мо он қадар таҳаввулот ва тағйирот ба вуҷуд омад, ки назираш набуд. Аммо ба риштаи тасвир кашидан ва аз пурбини бадеии таҳлил гузарондани ин ҳама дигаргуниҳо, ҳолатҳои равонии мардум, заҳмат, ҷустуҷӯи зиёд, ранҷи шабонарӯзӣ ва боз масъулият мехоҳад. Афсӯс, ки инро камтар мебинем. Ҳол он ки нависандаи ҳақиқӣ ҳар шабонарӯз ҳатман чор - панҷ саҳифаро бояд сиёҳ кунад. Бешак, саҳифаҳое, ки пурмағзу арзишманд бошанд. Камии ҳаққи қалам ва коҳиш ёфтани шумораи хонанда нохуш аст, лекин ҳаргиз баҳона шуда наметавонад. Адиби асил барои як хонанда ҳам менависад.
 
- Барои тарбияи судманди носирони ҷавон чӣ тадбирҳоро бояд амалӣ намуд? 
- Ёдам ҳаст, соли 1975 қарори махсуси Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ доир ба тарбияи адибони ҷавон қабул шуд. Мувофиқи ин қарор, барои ислоҳи камбудиҳо дар ҳамаи ҷумҳуриҳо маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагон баргузор гардид. Зеро мақомдорони замонро кам шудани сафи адибони ҷавон ба ташвиш оварда буд. Баъди ин қарор, устод Мирзо Турсунзода дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон курс - конфронси адибони ҷавонро гузаронданд. Дар бахши наср 4 - 5 кас ҷамъ омад. 
Ҳоло вақти он расидааст, ки ба тарбияи насли нави адибони ҷавон эътибор диҳем. Барои пур кардани холигоҳ иштироки фарзандонамонро дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»,  ки  бо  ибтикори  наҷиби Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуданд, таъмин намоем. Бубинед, барои озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ва барои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Чунин таваҷҷуҳро ба китобхонии миллат таърих ёд надорад. Имсол яке аз номинатсияҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эҷоди назму наср аст, ки бисёр хушоянд мебошад. Ин ду озмун - ду падидаи зебо ба тарбияи носирони ҷавон мусоидат карда, асарҳои пурмазмунро бо фарогирии таъриху тамаддун ва вижагиҳои миллати мо ба бор хоҳад овард. Ба назари мо вақти он расидааст, ки дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ курси махсуси тарбияи адибони ҷавон (шоирону носирон) кушода шавад, ки дар он ба ҷавонони лаёқатманд адибону донишмандон ва рӯзноманигорони соҳибтаҷриба дарси маҳорат, саводнокӣ, масъулияти нигорандагӣ, ватандориву ифтихори миллиро гузаронанд. Адибони ҷавони замони истиқлол мебояд дар нигоштаҳои хеш дастовардҳои бузургамонро бо забони ширадору фасеҳ ва дилнишин биофаранд.
 
- Кадом носирони ҷавонеро ном бурдан мумкин аст, ки рӯ ба ҷодаи камол доранд ва ба онҳо умед бастан мумкин аст? Ба онҳо, ва, умуман, насли ҷавони насрнависон чӣ маслиҳатҳо медиҳед? Инчунин, мехоҳам бидонам, ки дар ин ҷода доштани устод ҳатмист? 
- Бале, кам бошанд ҳам, ҳастанд. Аз ҷумла, Баҳманёр Муродӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Муртазоалӣ Муродалиевро ёд кардан месазад. Инҳо хеле кам менависанд, вале гирумони хуб доранд. Махсусан, аз мутолиаи қиссаи аввалини Муртазоалӣ «Девона» хеле хушҳол шудам ва онро барои чоп ба моҳномаи «Садои Шарқ» супурдам. 
Соли мо ҳам ба ҷое расида, аз ин хотир, маслиҳат медодам, ки адибони ҷавони мо ба ҷуз аз донистани адабиёти классикӣ ва шифоҳиямон, ҳамчунин, адабиёти ҷаҳонро фаро гиранд, бо луғату фарҳангҳо пайваста кор кунанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд. Дар кишварҳои дигар ҷавоне, ки ба ин роҳ рафтанист, то 25 - солагӣ ҳатман омӯзиши забону осори адабии беҳтаринро ба анҷом мерасонад. Касе, ки аз надоштани роҳбаладу устод шиква мекунад, сахт иштибоҳзада аст, зеро дар ҳама давру замон устоди аввалину охирин ва беҳтарин китоб аст. Дар замони ҷавонии мо осори насрии классиконро кофта намеёфтанд, китоб камчин буд, аммо ҳоло тамоми асарҳои классикони мо дар силсилаи «Ахтарони адаб» бо хати кириллӣ чоп шуд. Акнун танҳо иқдом ва иродаи мустаҳками омӯзиш мебояд.
 
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед