logo

иқтисод

НИҲОЛШИНОНӢ. ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Чун анъана ҳар сол шурӯъ аз моҳи феврал то охири моҳи март дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ сурат мегирад. Бо ин мақсад, дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши ниҳолҳо баргузор гардид. Дар чорабинӣ даҳҳо хоҷагиҳои ниҳолу гулпарвар, ҷангал ва манзилию коммуналии сабзгардонии шаҳру навоҳии вилоят ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаю сояафкан, ороишӣ, кӯчати гулҳои рангорангу буттаҳои сарсабзи ороишӣ, тухмии чанд номгӯи зироатҳоро ба фурӯш гузоштанд. 
 
Тибқи маълумоти раёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд, дар чорабинӣ беш аз 2 миллион бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва гулу буттаҳо оварда шудааст. Ин аст, ки дар шаҳру навоҳии вилоят то оғози моҳи март ба миқдори 866,3 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, наздик ба 9,5 миллион гулу буттаҳо, 300 ҳазор дарахти ҳамешасабз ва 30 ҳазор ниҳоли сояафкан шинонда шуд.
Дар баробари шинондани дарахтон ҳифзу нигоҳубини онҳо аз масъалаи муҳим арзёбӣ мешавад, зеро маҳз бо шукуфоии дарахтони сояафкану бисёрсола пешгирӣ кардани бисёр офатҳои табиӣ имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, дар қарори раиси вилоят махсус таъкид мешавад, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ дарахтони гуногуни бисёрсолаи сояафкани паҳнбарг ва ҳамешасабзи ороишии ба маҳал мутобиқ вобаста ба шароити иқлими мавзеъ, меъёр ва талаботи соҳаи ҷангалпарварӣ бештар шинонанда шавад. Аммо, тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар баробари ниҳолҳои худии сафедору бед, чанор, туту сада боз иловатан ниҳолҳои дигар, аз қабили арча, булут, кастона, ақоқиёи абрешимӣ, санавбари элдарӣ, нахл, софораи ҷопонӣ ё сиҳиндӣ ва ёдроки испанӣ низ, як канори роҳҳову гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, назди муассисаю ташкилотҳо шинонда мешаванд, ки албатта, ин иқдом ба рангорангии табиати диёр мусоидат мекунад. Аммо, дар бисёр ҳолатҳо аз тарафи масъулини маҳаллаҳо таваҷҷуҳ бештар ба намудҳои арча буда, дарахтони худӣ - сафедор ва бед камтар шинонда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки беду сафедор садсолаҳо аз имтиҳонҳои басо сахти табиат гузаштаанд. Аз ин хотир, гузаштагонамон низ аз арча дида, барои иқлими гарми кишварамон дарахтони соябахши беду сафеддор, сада ва чанорро афзал донистаанд.
Хуб мебуд, агар масъулони соҳа зимни баргузории маъракаи муҳими ниҳолшинонӣ ба ҳамин тарафи масъала диққати ҷиддӣ диҳанд. 
 
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед